Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, 8-уми январ дар суханроние гуфт, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Ироқ "ягон амрикоӣ ва ироқӣ осеб надидаанд". "Ҳеч нирӯе аз даст надодем ва хисоротҳо ҷузъӣ будааст. Нирӯҳои бузурги амрикоӣ ба ҳар кор омода ҳастанд. Ба назар мерасад, Эрон қасд дорад иқдомоташро коҳиш диҳад," -- иттилоъ дод ӯ. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҷавоб ба қатли фармондеҳи нирӯҳои қудс Қосим Сулаймонӣ субҳи 8-уми январ ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ ҳамлаи мушакӣ кард. Читать дальше...
Ҳамлаҳои шабонаи мушакии Эрон ба ҳадафҳои Амрико дар Ироқ нигарониҳоро дар ҷаҳон барангехт, ки мумкин аст, ин муноқишаи мусаллаҳона дар Ховари Миёна аз контрол хориҷ шавад. Томас Варрик, пажуҳишгари Атлантик, як муассисаи таҳқиқотӣ дар Вашингтон мегӯяд, айни замон суоли асосӣ ин аст, ки агар ҳамлаҳои Эрон талафоте дар байни амрикоиҳо оварда бошад, чӣ хоҳад шуд. Ӯ субҳи 8-уми январ ба "Садои Амрико" гуфт: "Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико возеҳ гуфтааст, ки талафот дар байни амрикоиҳо хатти сурх аст." Вазорати дифои Амрико гуфтааст... Читать дальше...
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, тахминҳоро дар бораи он ки фармондеҳи баланпояи Эрон ҳафтаи гузашта ҳангоми кушта шуданаш дар наздикии Бағдод дар супориши дипломатӣ буд, рад кард. Помпео рӯзи 7-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, “оё ягон таърихе вуҷуд дорад, ишора ба он кунад, ки ин ҷаноби меҳрубон, ин дипломати олӣ – Қосим Сулаймонӣ – бо ғояи иҷрои супориши сулҳ ба Бағдод рафтааст?” Ӯ дар посух ба суханони мансабдорони эронӣ дар бораи он ки генерали кушташуда барои гуфтушунидҳои сулҳ дар Ироқ талош мекард... Читать дальше...
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи баргузории нахустин ҷаласаи Коммиссиюни муштараки аломатгузории марзи ду кишвар хабар доданд. Ҷаласае, ки рӯзи 7 январ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва фаннии заминагузор дар анҷом ҷараёни аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон тасдиқ гардиданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон инчунин гуфт, ки дар ин ҷаласа нақшаи мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб дар соли 2020 ҳамоҳанг шуд. Ҷузъиёти аз ин бештари кори ҷаласа нашр намешавад. Читать дальше...
Элис Уэллс, муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, гуфт, пас аз 28 сол боз ба Тоҷикистон омад ва аз дигаргунию пешрафти он шод гашт ва акнун дар мақоми наваш талош дорад ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ҳамдастӣ кунад. Элис Уэллс он замон узви нахустин ҳайати Сафорати Амрико дар Тоҷикистон буд. Вай аз истиқболи гарми мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва мегӯяд, гуфтушунидаш бо мақомоти тоҷик на танҳо сари пешрафтҳо, балки мушкилоту печидагиҳо низ буд. Муовини... Читать дальше...
Додгоҳе дар Душанбе Cадриддин Муллоев маъруф ба Мулло Садриддинро бо айбномаи “терроризм“ ва “ифротгароӣ” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хешовандони ӯ рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки ҳукм одилона нест. Муллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам мешуд, ба гуфтаи наздиконаш, соли гузашта бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябри соли 2019 боздошт гардид. Хайриддин Муллоев, падари Садриддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...
Рӯзи 8-уми январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва фармону амри раиси ҷумҳур дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарори ҳукумат Идигул Қосимзода аз мақоми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод шуд. Дар шарҳи қарор сабаби аз вазифа озод шудани ӯро "гузаштан ба кори дигар" гуфтаанд. Моҳи декабри соли 2019 номзадии ӯ ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз рӯйхати ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон... Читать дальше...
Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Элис Уэллс, шоми 7-уми январ дар Душанбе дар як суҳбати ихтисосӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух гуфт. Элис Уэллс гуфт, ҳукумати Амрико намехоҳад Афғонистон аз сӯи ҳеч гуруҳ ё кишваре ба ҳайси майдони муборизаҳо истифода шавад. Ин дипломати амрикоӣ озодии баёнро барои рушди кишварҳо муҳим донист ва ҳамчунин таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида кумакҳояшро барои таъмини амният дар марз идома медиҳад.
Бо авҷ гирифтани таниш дар Ховари Миёна, вазорати умури хориҷии Амрико аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хостааст, дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳушдори вазоратро рӯзи 8-уми январ сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе нашр кард. Дар ин ҳушдор омадааст: “Боло гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна мумкин аст, сабаби хатарҳои амниятӣ барои шаҳрвандони Амрико дар хориҷ шавад.” Вазорат ба шаҳрвандони амрикоӣ тавсия додааст, ки зиёд намоён нашаванд, дар маҳалҳое, ки саёҳон зиёданд, ҳушёр бошанд ва барномаҳои амниятии худро бознигарӣ кунанд. Читать дальше...
Дар кони тиллои Қумтори Қирғизистон сар аз 1 декабр - аз замони лағзиши замин ва бенишон шудани кормандони ширкат, истихроҷи тилло қатъ шудааст. Марина Гаврилова, сухангӯи Қумтор хабар дод, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки истихроҷи тилло кай аз сар гирифта хоҳад шуд. "Ҳоло иҷозаи фаъолиятро надорем, ҳамаи корҳо қатъ шудааст",-гуфт Гаврилова. Субҳи 1-уми декабр ду коргари кони тиллои "Қумтор Голд Компанӣ" баъди он нопадид шуданд, ки дар яке аз қитъаҳои кон лағзиши теппа рух дод. Дар ҳоли ҳозир дар кони тиллои Қумтор 3700 кас кор мекунад. Читать дальше...
Фаъоли мадании қазоқ Бекболат Утебоев 7-уми январ бо талаби "адолати иҷтимоӣ" дар майдони марказии шаҳри Уралск даст ба тазоҳуроти инфиродӣ зад. Ин мард хост, дахлнопазирии хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бекор шавад. "Ман ғазаболуд ба кӯча баромадам. Назарбоев барномаи 2020-еро, ки эълом карда буд, иҷро накард. Бинобар ин, ман талаб дорам, ки дахлнопазирии хонаводаи ӯ бекор ва зиддашон барои барангехтани бадбинии иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Вақте Назарбоев сари... Читать дальше...
Дар паи таркиши бомба дар назди посгоҳи парлумони Сомалӣ дар пойтахти ин кишвар Могадишу рӯзи 8 январ дасти кам чор нафар кушта ва 10 тан маҷрӯҳ шуданд. Афсари полис Адан Абдуллоҳӣ гуфт, ки “маводи тарканда дар дохили мошин гузошта шуда буд. Нирӯҳои амниятӣ фикр карданд, ки мошин мехоҳад аз гузаргоҳ убур кунад, вале азбаски ин корро карда танавонист, ҳамлагари маргталаб худро инфиҷор кард”. Ӯ гуфт, бар асоси гузоришҳои муқаддамотӣ, чор нафар кушта ва беш аз даҳ нафар маҷрӯҳ шудааст. Абдуллоҳӣ гуфт... Читать дальше...
Сокинон ва соҳибкорони шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 6-уми январ назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада, ба болоравии қимати газ эътироз карданд. Ахиран як литр газ дар Жанаозен аз 53-55 танга ба 63-65 танга (наздики 17 сенти ИМА) расидааст ва сокинон талаб доранд, ки мақомот сабабҳои якбора боло рафтани қимати газро шарҳ диҳанд. Раиси шаҳр ваъда кард, ки нархи пешини газ барқарор хоҳад шуд. Дар Жанаозен аз ибтидои соли ҷорӣ қимати газ 20 дарсад боло рафтааст. Шоми 6-уми январ ҳокими шаҳр Максат... Читать дальше...
Дар паи таркиши бомба дар шаҳри покистонии Кветта рӯзи 7 январ ду нафар кушта ва 16 тан маҷрӯҳ шуданд. Раиси полиси вилоятӣ Разззоқ Чимо гуфт, замоне, ки мошине бо низомиён аз роҳ убур мекард, мотосикле, ки дар ҳамон ҷой қарор дошт, таркид. Дар миёни маҷрӯҳон ду ходими амниятӣ низ мебошад. Масъулияти ҳамларо созмони Ҷамоат-ул-Аҳрор ба дӯш гирифт, ки як гурӯҳи марбут ба Толибони Покистон мебошад. Кветта маркази маъмурии вилояти Балуҷистон аст, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир мебошад. Шурӯъ аз соли 2004 ин минтақа бо хушунатҳои гурӯҳӣ... Читать дальше...
Посух ба бонуи тоҷик, ки аз бемеҳрӣ шикоят кард, урёну латукуб кардани муҳоҷири тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муминобод, роҳ хароби Зафаробод ва кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус дар Озодӣ Онлайни имрӯз аст.
Урёну латту кӯб кардани муҳоҷирони тоҷик, мардуми интизори пушти дари ҷамоат дар Муъминобод, роҳи хароби Зафаробод ва кумаки муҳоҷири тоҷик ба пирамарди дармондаи рус аз мавзуъ ва видеоҳои “Озодӣ Онлайн”-и имрӯз аст. Дар оғози барнома видеоеро мебинед, ки як ҷавони тоҷик аз як боздоштгоҳи Маскав фиристодааст ва аз латту кӯб шудани чанде аз муҳоҷирон шикоят мекунад. Муаллифи видео баъдан ба Радиои Озодӣ навишт, ду нафар аз боздоштшудаҳоро ҷавоб доданд, нафари саввумро на. Аз Русия меравем ба ҷамоати... Читать дальше...
Дар шаҳри Тошканд мурофиаи нави додгоҳии Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, шуруъ шудааст. Каримова аз моҳи марти соли гузашта ба ин сӯ дар зиндони занона ба сар мебарад. Додгоҳи олии Узбекистон бо пахши изҳороте тавассути шабакаи «Телеграм» навишт, додгоҳи “Каримова ва дигарон” рӯзи 8-уми январ оғоз шуд. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон гуфт, моҳи август Каримова дар хариди ғайриқонунии саҳмияҳои ду корхонаи сементбарорӣ муттаҳам шуд. Ӯ баъдан саҳмияҳоро ба соҳибкорони хориҷӣ фурӯхт. Читать дальше...
Рӯзи 8 январ дар Истамбул қарор аст президентони Русия ва Туркия Владимир Путин Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар расми ифтитоҳи лӯлаи гази TurkStream иштирок кунанд. TurkStream дар давоми панҷ сол бо арзиши 8 миллиард доллар бунёд шуда, тавони соле интиқол додани 31,5 миллиард метри мукааб гази Русия ба вилоятҳои ғарбии Туркияро дорад. Нисфи ҳаҷми ин газ баъдан ба кишварҳои Балкан ва Аврупои Марказӣ, аз ҷумла Булғористон, Сербия ва Венгрия ирсол мешавад. Ҳадафи дарозмуддати TurkStream ин аст, ки... Читать дальше...
Як ҳавопаймои украинӣ субҳи 8-уми январ баъди баланд шудан ба ҳаво дар фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон ба замин сарозер шуд ва 176 сарнишину мусофирони он ҷон бохтанд. Қосим Бениёз, сухангӯи Вазорати роҳу нақлиёти Эрон гуфт, яке аз муҳаррикони ҳавопаймои Боинг 737-800, ки ба ширкати ҳавопаймоии Украина (UIA) мутааллиқ аст, оташ гирифт. Ӯ гуфт, халабон назорати ҳавопайморо аз даст дод ва ҳавопаймо ба замин афтод. Вазири умури хориҷии Украина Вадим Пристайко гуфт, дар дохили ҳавопаймо 82 шаҳрванди Эрон... Читать дальше...
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив - баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 656 гуштигир (368 мард ва 288 зан) аз 93 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг)... Читать дальше...
Суқути ҳавопаймои мусофирбари украинӣ дар канори фурудгоҳи Теҳрон.
Эрон пойгоҳҳои амрикоии мустақар дар Ироқро мушакборон кард/
Ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол барои хариди либос 30 доллар, ҳудуди 300 сомонӣ, харҷ мекардаанд. Дар ин бора пажӯҳишгарони Маркази байналмилалии тиҷорат дар таҳқиқоти нави худ – «Вазъи кунунии бозори либос дар Тоҷикистон» – хабар доданд. Таҳқиқот дар оғози соли нав нашр шуд. Бино ба омори пешниҳодшуда дар ин пажӯҳиш, барои мисол, як сокини Русия дар сол барои хариди либос 260 доллар, сокинони Қирғизистон 30-35-долларӣ ва сокинони Узбекистон 35-50-долларӣ харҷ мекардаанд. Пажӯҳишгарон навиштаанд... Читать дальше...