Бо идомаи эътирозҳо дар Эрон аз сарнагун кардани ҳавопаймои украинӣ раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ хостори ваҳдати миллӣ дар кишвар шуд. Ӯ рӯзи 15-уми январ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҳукумат, ки дар телевизион намоиш доданд, мардуми Эронро ба оромӣ ва ягонагӣ даъват кард. Айни замон Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷӣ дар як нишасте дар Ҳинд, гуфт, ки мардум ба зидди ин воқеият, ки “ба онҳо чанд рӯз дурӯғ гуфтанд.”
Рӯҳонӣ дар нишаст гуфт: “Мардум мехоҳанд, мутмаин бошанд, ки мақомот бо онҳо самимона, содиқона ва бо боварӣ муносибат мекунанд.” Ҳасан Рӯҳонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳ хост, “узр” бихоҳанд ва шарҳ бидиҳанд, ки чаро фоҷиа рух дод. Нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 8-уми январ ҳавопаймои Ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Украинаро, ки рӯзи 8-уми январ аз Теҳрон бархост, баъди муддати кӯтоҳе бо мушак сарнагун карданд. Дар натиҷаи фалокат 176 нафар кушта шуданд.
Аксарияти мусофирон эрониҳо ва шаҳрвандони Канада буданд. Фоҷиа замоне рух дод, ки нерӯҳои дифои ҳавоии Эрон баъди ҳамлаи мушакии кишвар ба чанд пойгоҳи Амрико дар Ироқ дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор доштанд. Мақомоти Эрон баъди гузашти чанд рӯз гуфтанд, ки ҳавопаймои мусофирбарро ҳавопаймои душман пиндошта тасодуфан заданд. Баъди эътирофи мақомот, дар рӯзи 11-уми январ Эрон шоҳиди тазоҳуроти мардумӣ дар чанд шаҳри кишвар шуд.