Айбдоркунандаи давлатӣ 14-уми январ дар додгоҳи Қарағандаи Қазоқистон гуфт, ки муовини пешини вазири энержии ин кишвар Анатолий Шкарупа ва ду гумонбари дигари парвандаи ӯ ба чӣ айбдор карда мешаванд. Шкарупа ва ду гумонбари дигар дар "азхудкунии гурӯҳии амволи ғайр бо маслиҳати пешакӣ дар ҳаҷми махсусан калон" айбдоранд.
Бино ба фарзияи айбдоркунандаи давлатӣ, Шкарупа (ҳангоми шаҳрдори Саранди Қарағанда будан) ҳамроҳ бо Набиев медонистанд, ки барои насби ҳисобкунакҳои оби гарм дар манзилҳои зисти Саран маблағ пешбинӣ нашудааст, нақшаи коррупсиониеро таҳия кардаанд. Дар иҷрои ин нақша шахси севум -- раҳбари Бунёди рушди манзили шаҳр Кайсар Байдалиро низ ҷалб кардаанд. Нақши ӯ дар доираи ин нақша сармоягузории ғайриқонунии ширкати "Сарантеплосервис" будааст.
Анатолий Шкарупа нимаи дувуми моҳи ноябри соли 2018 боздошт шуда буд. Шкарупа ибтидои моҳи октябри соли гузашта ба ин мақом таъйин шуда буд. То ин дам ӯ ду сол раиси шаҳри Сарани вилояти Қарағанда буд. Шкарупа ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раиси шаҳр буданаш 215 миллион танга (беш аз 580 ҳазор доллар)-ро аз худ кардааст.
Додситони кулли Қазоқистон Кайрат Кожамжаров ду ҳафта пеш аз боздошти ӯ дар Шӯрои амнияти кишвараш ба президент Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳангоми раҳбарии Шкарупа дар Саран дар хонаҳои сокинон ҳисобкунакҳои низоми гармидиҳӣ насб карда шудааст. Вале дар ин шаҳр шабакаи гармидиҳӣ аслан вуҷуд надорад.