Ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Украина, ки 8-уми январ баъди чанд лаҳзаи парвоз дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Теҳрон суқут кард, тавассути ду мушак сарнагун карда шудааст.
Рӯзи сешанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дурбини назоратие нашр шуд, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Сохта набудани видеоро рӯзноманигорони таҳқиқотгари The New York Times тасдиқ карданд.
Дар навор дида мешавад, ба самти ҳавопаймо дар фосилаи 30 сония ду мушак партоб мешавад ва ҳар дуашон ба ҳадаф мерасанд. Ҳавопаймо дар осмон оташ гирифта, халабонҳо идораро аз даст медиҳанд. Дар натиҷа ҳавопаймо суқут карда, 176 мусофири он ба ҳалокат мерасанд.
Видеоро дурбине сабт кардааст, ки дар яке аз биноҳои зисти воқеъ дар чандинкилометрии пойгоҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон насб шудааст. Ахиран сипоҳ эътироф кард, ки дар интизори зарбаҳои ҳавоии эҳтимолии ИМА, ба таври иштибоҳӣ ҳавопайморо сарнагун сохт. Ҳавопаймо тавассути мушаки низомии русии "Тор" сарнагун шуд.
Хабаргузории "Форс" рӯзи сешанбе бо истинод ба мақомоти Эрон аз боздошти муаллифи видеое хабар дод, ки сарнагун шудани ҳавопайморо тавассути мушак нишон медиҳад. Ин навор пеш аз эътирофи Сипоҳи посдорон нашр шуд. Фаъоли маданӣ Нариман Ғариб, ки нахустин шуда видеоро дар шабакаҳо нашр карда буд, гуфт, мақомоти Эрон шахси дигарро боздошт кардаанд ва муаллифи навор дар ҷои амн аст.