Дар шаҳрҳои гуногуни Чин сокинон бар зидди чораҳои сахти пешгирӣ аз COVID-19 тазоҳурот кардаанд. Чунин эътирози сокинон дар Чин, ки низоми сахтгирона дорад, камсобиқа аст. Эълони карантини сахт ва як ҳодисаи маргбор дар шаҳри Урумчӣ сабаби хашми мардум дар ин кишвар шуд ва онҳо ба кӯчаҳо рехтанд.
Муҳокимаи 22 нафар аз иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ дар Қарақалпоқистон, ки ба кӯшиши барҳам задани низоми конститутсионии Узбекистон гумонбаранд, рӯзи 28-уми ноябр дар Бухоро сар шуд.
Мақомоти шаҳри Экибастузи вилояти Павлодари Қазоқистон баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард вазъи изтирорӣ эълон карданд.
Додгоҳи вилояти Бухорои Узбекистон зарареро, ки ҳукумати ин кишвар аз бетартибиҳо дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон дидааст, муайян кард.
Амид Алифшоеви 34-сола аз маҳаллаи "Хлебзавод"-и шаҳри Хоруғ, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекард, рӯзи 22-юми ноябр дастгир ва, ба иттилои наздиконаш, ба Тоҷикистон "истирдод шудааст".
Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия амр додааст, ки Ҷумъабой Искандаров, яке аз чаҳор муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик, ки парвандаашон сарусадои зиёде дар Русия барангехт, озод карда шавад.
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Русия (ФФР)эҳтимол дар ҷаласаи ояндаи худ масъалаи гузаштани ин кишвар аз УЕФА (Созмони футболи Аврупо)-ро ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баррасӣ кунад.
Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ ва яке аз хешовандони фаъоли бадахшонӣ Ораз Вазирбеков, расман ба "ифротгароӣ" муттаҳам шудааст. Ӯро як ҳафта пеш дастгир карданд.
Дафтари матбуоти Намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, “сафар имкон медиҳад, ки вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон, нигарониҳо ва чолишҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар баррасӣ шавад.”
Наврӯзи Каримзод, гуштигири тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш, ки рӯзҳои 24-28-уми ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон баргузор шуд, дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Фарида Муродхонӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва хоҳарзодаи раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, баъди даъваташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҳама гуна иртибот бо мақомоти ин кишвар боздошт шуд.
Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба як деҳае дар вилояти Дайкундӣ камаш 9 нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.
Ҷасади Эҳсон Аминзодаро, ки ба ҳамла ба тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, рӯзи 26-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Заргари ноҳияи Кушониён, дафн карданд.
Гуфтугӯ бо Ҳю Вилямсон, мудири Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар бораи фишор ба расонаҳои мустақил, маҳдудияти кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва боздошти фаъолон дар минтақа.
Хадамоти матбуотии ҳукумати Бодканд тасмимро ба даргирии мусаллаҳонаи охир дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон рабт дод.
Дар пайи эътирозҳои мардум дар Шинҷону Пекин аз маҳдудиятҳои сахти COVID-19 садҳо нафар рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Вуҳан ба кӯчаҳо баромаданд. Ҷое, ки се сол пеш вирус бори аввал дар онҷо шиносоӣ шуд. Хабаргузории "Рейтерз" аз қавли шоҳидон аз боздошти баъзе аз эътирозгарон хабар дод.
Интихоботи палатаи болоии порлумон ё сенати Қазоқистон рӯзи 14 январи соли 2023 таъйин шуд. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти он кишвар рӯзи 26 ноябр фармон имзо кард. Интихоботи сенат дар робита ба хатми муҳлати салоҳиятҳои вакилон сурат мегирад. Бино ба тағйироти нав ба Конститутсияи он кишвар, президенти Қазоқистон акнун ҳаққи таъйини 10 сенатро дорад. Дар ҳоле, ки то ин замон президент 15 узви сенатро таъйин мекард. Аъзои сенат аз сӯи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ интихоб мешаванд. Читать дальше...
27-уми ноябр, дар рӯзи ҳаштуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои E ва F доир гардид.
Шоми 26-уми ноябр даҳҳо эътирозгарро дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона боздошт карданд. Он замон дастрасӣ ба интернет низ дар Остона маҳдуд шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти эътирозгарон нашр шуд. Расонаҳо менависанд, боздоштшудаҳо ба эътироз баромада буданд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти амалкунандаи Қазоқистон, ки такроран дар интихоботи пеш аз муҳлати рӯзи 20-уми ноябр пирӯз шуд, рӯзи 26-уми ноябр маросими савгандёдкунӣ баргузор кард.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 31-ум доир гардид, рӯзи якшанбеи 27-уми ноябр бо бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «А» ба анҷом расид.