"Агар соли гузашта барои талаф ёфтани чанд ҳамкасбамон аз бемории COVID-19 бо ҳасрат сухан гуфта бошем, имсолро бо зиндонӣ шудани 7 журналисти собиқ ва амалкунанда гусел мекунем."
Ба гуфтаи наздиконаш, субҳи 13-уми октябри имсол аз хонаи шавҳараш берун шуда, то кунун ҳеч нишоне аз ӯ наёфтаанд.
Ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта, шаш нафари дигар зери назорати пизишкон ҳастанд. Мақомот гуфтанд, онҳо узви як оилаанд.
Бунёди Сорос корашро дар Тоҷикистон бас мекунад. Баъзе аз намояндагонаш дар суҳбати бидуни сабт тасмимро ба "тағйири сохторӣ" пайванд доданд. Созмон дар 25 соли буданаш дар Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии ёрирасон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил будааст.
Twitter ҳафтаи оянда саҳифаҳои масдудшудаи корбаронро боз мекунад. Дар ин бора молики ширкат Илон Маск хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин афв ба қонуншиканон ва паҳнкунандагони "спам" дахл надорад.
Рӯзи шашуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 25-уми ноябр бо бозии даври дуюм дар гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби миллии Уэлс ва Эрон оғоз ёфт.
Бар асари заҳролудшавӣ ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷон бохта, шаш нафари дигар зери назорати пизишкон ҳастанд. Мақомот гуфтанд, онҳо узви як оилаанд.
Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализодаро рӯзи 25-уми ноябр барои як соли дигар раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб карданд.
Рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нахустин Қурултойи мардумӣ шуруъ шуд. Дар ин қурултой ё маҷлис 1072 вакил аз саросари Қирғизистон иштирок мекунад.
Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи зудҳангоми 20-уми ноябр, ки ба хулосаи нозирони байнулмилалӣ бе рақобати воқеӣ гузашт, дигарбора раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Вай ба иҷрои дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш 7 сол муҳлат дорад.
Сарраёсати умури муҳоҷират дар Русия хабар додааст, ки ҳамроҳи ниҳодҳои дигар тартиби гирифтани изи ангушт аз шаҳрвандони хориҷиро дар гузаргоҳҳои назоратӣ таҳия доранд.
Рӯзи панҷуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 24-уми ноябр бо бозии даври аввал дар гурӯҳи G миёни дастаҳои мунтахаби миллии Швейтсария ва Камерун оғоз ёфт.
Миёни коргарон ва пулис дар бузургтарин корхонаи истеҳсоли телефонҳои "Apple" дар шаҳри Чжэнчжоуи Чин задухӯрд сурат гирифтааст. Пулиси Чин эътирози кормандонро зидди паст будани маош ва шароити корӣ саркӯб кардааст. Видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки садҳо коргар бо маъмурони пулис даргир мешаванд. Бештари онҳо либоси сафед ва сипарҳои пластикӣ доранд. Дар наворҳо дида мешавад, ки эътирозгарон аз камии маош ва вазъи беҳдоштӣ шикоят мекунанд. Эътирозҳо рӯзи сешанбе шурӯъ шуданд. Читать дальше...
Шумори мубталоёни нав ба коронавирус дар давоми як ҳафтаи ахир дар Узбекистон дубора афзоиш ёфтааст. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, 24 ноябр гирифтории 98 кас ба коронавирус тасдиқ шудааст. Нурмат Атабеков, муовини сардори Хадамоти беҳдоштӣ, эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Узбекистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, шумори гирифторони коронавирус ва онҳое, ки дар ин кишвар дар карантин ҳастанд, дар давоми 7 рӯзи ахир ба 2310 кас расидааст. Ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторони... Читать дальше...
Як марду зани нобино дар шаҳри Кӯлоб аз мақомот талаб доранд, ки писарашонро аз хидмати ҳарбӣ баргардонанд, чун ягона парастори онҳост.