Дар Русия қонунеро ислоҳ хоҳанд кард, ки ба шаҳрвандии он кишвар рабт дорад. Чизе, ки тоҷикон дар се даҳсолаи охир зиёд ба даст овардаанд ва онро як василаи кору зиндагии амн ва бархурдорӣ аз имтиёзҳо медонанд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 13-уми ноябр, пеш аз рафтанаш ба нишасти Гуруҳи 20 (G20) дар Индонезия, таркишро "ҳамлаи хиёнаткорона" донист ва гуфт, сабабгоронаш ҷазо хоҳанд гирифт.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол "Мармарӣ", як ширкати азими чорво ва парандапарвариро барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Намояндагони ҳукумат сабаби тасмимро нагуфтанд.
Маркази таҳқиқотии "Эдисон" ва расонаҳои Амрико эълон карданд, ки бо пирӯзии намояндаи Ҳизби демократ Кэтрин Кортес-Масто дар иёлати Невада, ин ҳизб тавонист, назорати Сенатро ба даст биорад.
Созмони Ҳуқуқи Башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, аз афзоиши шумори кушташудагон дар эътирозҳои Эрон ҳушдор дод ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки аз куштори бештар пешгирӣ кунанд.
Меҳрон Карими Носирӣ, ки 18 сол дар фурудгоҳи Шарл де Голл, дар канори Порис (Париж), мезист, рӯзи 12-уми ноябр даргузашт.
Додгоҳи вилояти Хатлон як занро ба гуноҳи куштани хушдоманаш ба 18 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кардааст.
Ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб (наздикии Хуҷанд) гузашту иддае онро тақдирсоз ва гуруҳе сабабгори ҷанги дохилӣ ва бунёди ҳукумати худкома медонанд, 30 сол пур шуд. Иҷлосия чӣ гуна ва дар чӣ шароит гузашт? Тарҳи баргузории онро дар Тоҷикистон рехтанд ва ё кишвари дигар?
“Систерҳуд” ё “Хоҳарон” дастаи занонаи футбол дар Лондон аст, ки ба бозигаронаш иҷоза медиҳад, бо либоси исломӣ бозӣ кунанд. Соли 2018 таъсис ёфт ва аъзояш ду баробар афзуда, 100 нафар шудаанд.
Ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб (наздикии Хуҷанд) гузашту иддае онро тақдирсоз ва гуруҳе сабабгори ҷанги дохилӣ ва бунёди ҳукумати худкома медонанд, 30 сол пур шуд. Иҷлосия чӣ гуна ва дар чӣ шароит гузашт? Тарҳи баргузории онро дар Тоҷикистон рехтанд ва ё кишвари дигар?