Оё Эмомалӣ Раҳмон раҳбари демократист ё диктатор? Мехоҳанд, Рустами Эмомалиро ба қудрат бирасонанд? Чаро президент пешво шуд ва агар ӯ набошад, дар Тоҷикистон чӣ рӯй хоҳад дод? Баҳси Муҳиддин Кабирӣ ва Сайфулло Сафаровро гӯш кунед.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, хоҳони озодии Завқибек Саидаминӣ ва рӯзноманигорони дигари зиндонӣ дар Тоҷикистон шуд.
Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ барои ошкоргӯйӣ зиндонӣ шудааст, на ифротгароӣ. Додгоҳе дар Душанбе рӯзи 3-юми ноябр ӯро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.
Муллораҷаб Халифаев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022”, ки рӯзи ҷумъа, 4-уми ноябр, дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – оғоз ёфт, медали нуқра ба даст овард.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигорон ҳукми зиндони Завқибек Саидаминӣ интиқод карданд ва гуфтанд, ки ӯ барои ошкоргӯиаш паси панҷара рафтааст. Завқибек Саидаминиро додгоҳи Душанбе рӯзи 3-уми ноябр ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гуфтаи масъулони ҳаракат, лоиҳа хилофи банди 36-уми Конститутсияи Қирғизистон мебошад, ки ба шаҳрвандон ҳуқуқи озодии иттиҳодияҳоро фароҳам меорад.
Раёсати пулиси шаҳри Самарқанд хабар додааст, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябри имсол роҳҳои даромад ба шаҳр баста хоҳанд шуд.
Давраи сеюм ва номаҳдуди Сӣ Ҷинпин, дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин, идомаи рушди иқтисодиву сиёсиро мумкин хоҳад сохт, вале дар шароити нав ва душвортаре барои ин кишвар.
Дар 9 моҳ дар вилояти Бадахшон беш аз 300 нафарро барои қонуншикании фарзанди ноболиғашон зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Ин масъала рӯзи 2-юми ноябр дар ҷаласаи ҳукумати вилоят баҳс шудааст.
Фаъолияти бозори молу колои шаҳри Турсунзода, ки дар гузашта аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд, баста шудааст.
Додгоҳи шаҳри Будапешт, маркази Маҷористон (Венгрия), як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки феълан аз ӯ ном бурда намешавад, аммо ба иттилои мақомот ба иттиҳоми зархаридӣ дар кофтукоби байнулмилалист, то нимаи моҳи декабр ба ҳабс гирифт.
Амрико ба Нерӯҳои амалиёти вижаи Вазорати дифои Узбекистон 50 мошини ҷангии “Polaris MRZR” додааст.
Пӯшидани ҳиҷоби исломӣ дар Туркия дигарбора ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Бо наздиктар омадани интихобот раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ваъда медиҳанд, ки дар сурати пирӯзӣ пӯшидани ин либосро барои занон қонунӣ хоҳанд кард. Масъалае, ки даҳсолаҳо боз дар маркази муборизаҳои сиёсии Туркия қарор дорад.
Дар Туркия пӯшидани ҳиҷоби исломӣ дигарбора ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Бо наздиктар омадани интихобот, ки як соли дигар то он мондааст, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ваъда медиҳанд, ки дар сурати пирӯзӣ ба сару бар кардани ин либосро барои занон қонунӣ хоҳанд кард.
Муҳаммади Султон, рӯзноманигор ва маъмури пешини амниятро, ки моҳи сентябр ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд, аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурдаанд.
Рӯзи 3-юми ноябр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур - қуръакашии даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои духтарони то 17-сола доир гардид.
Чопхонаи "Паёми ошно" маҷмӯаи қиссаҳои рузноманигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаевро бо номи "Ашкҳои зери борон" нашр кард.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба Хадамоти иктишофи молии назди вазорати молия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат ва шарҳи сабабҳои бастани суратҳисоби бонкиашро хост. То ин замон мақомоти Қирғизистон шарҳе надодаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори 38-сола Завқибек Саидаминиро ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситон 7,5 соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин дар мурофиа гуфтааст, гуноҳе надорад.
Илон Маск, ки аз 28-уми октябри имсол молик ва роҳбари Twitter шуд, эълом кард, нисфе аз кормандони ин шабакаи иҷтимоиро сабукдӯш хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев ва ҳамтои узбекистониаш Владимир Норов рӯзи 3-юми ноябр дар шаҳри Бишкек чанд санад имзо карданд.