Ду сенатори амрикоӣ аз афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон ва нокомии ҳукумат барои ҳифзи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва чаҳор нафар зиндонӣ шуданд.
Парвандаи раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ва муовинони пешинашро ба додгоҳ фиристодаанд.
Ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Доналд Лу аз 6 то 11-уми ноябр дар Туркманистон, Узбекистон ва Қазоқистон мемонад.
Натиҷаи интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ба фазои сиёсии Амрико дар ду соли боқимондаи раҳбарии Ҷо Байден ва эҳтимоли бозгашти президенти собиқ ба Кохи Сафед таъсир хоҳад гузошт.
Хабаргузории Эрон мегӯяд, қотили 13 нафар дар масҷиди шаҳри Шерози ин кишвар шаҳванди Тоҷикистон будааст, боздошти дубораи рӯҳонии тоҷик Муҳаммадӣ Раҳматулло, интихоботи миёндавраӣ дар Амрико, камбуди китоб дар мактабҳои тоҷикии Қазоқистон ва матолиби дигар.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ (Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич), ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд.
ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, гуфт, марде, ки моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаён 13 касро кушт, "Субҳон Каримӣ бо лақаби Абуоиша ва шаҳрванди Тоҷикистон буд".
Як рӯз пеш аз баргузории интихоботи миёндавраии Конгресс , Ҷо Байден ва Доналд Трамп раҳбарии маъракаҳои таблиғотии Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳро дар Амрико ба даст гирифтанд.
Раиси Кумитаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк дар номае ба молики Twitter Илон Маск гуфтааст, "ҳуқуқи одамон бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад."
Ҳавопаймои ширкати маҳаллии Танзания Precision Air дар кӯли Викторияи он кишвар афтод.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд. Мақомоти интизомӣ шарҳ намедиҳанд.
Хонандаи 15-сола бо набераи Панҷӣ Нуртоев, ки дар синфи 8-ум мехонад, вохӯрдааст.
Имрӯз, 7-уми ноябр, дар Қасри теннис ва намудҳои варзиши обии Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия доир мегардад.
Роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир ба шимоли Тоҷикистон баъди чанд соати баста будан, дубора боз шудааст. Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳ, ки аз ронандагон маблағ мегирад, бо нашри хабарномае гуфт, маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд. "Шурӯъ аз субҳи барвақт кормандони мо тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжишро идома доданд",-омадааст дар хабарномаи IRS. Рӯзи 6-уми ноябр дар пайи боридани барфи зиёд равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд ва даҳҳо мошин дар дохили нақб дармонданд. Читать дальше...
Сафири Қирғизистон дар Олмон Омурбек Текебоев рӯзи 6-e-уми ноябр дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии кишвараш ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шудааст.
Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии даври бистуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, пешакӣ соҳиби медалҳои тилои мусобиқот гардид.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев як қатор қонунҳоро имзо кард, ки салоҳияти раҳбари давлатро кам мекунанд.
Паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022», ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард.
Дар ноҳияи Восеъ як корхонаи хиштпазӣ ҳаст, ки дар он занону мардон якҷо заҳмат мекашанд ва музди муносибе ҳам мегиранд. Корхонаи “Ниагара-А” даҳҳо зани маҳаллиро ба кор ҷалб кардааст, то дар хона аз бекорӣ “хаста” нашаванду барои худу фарзандон рӯзӣ пайдо кунанд.