Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳаллаи Фирдавсӣ дар ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистон рафтанд, ки тоҷиктаборон онҷо зиндагӣ мекунанд ва бештар аз роҳи кишоварзӣ ва тиҷорат нони худро меёбанд. Шумо ҳам ин деҳаро бубинед.
Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз поймолшавии ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҳукумати ӯро барои ривоҷ додани шахсиятпарастӣ, низоми худкома, фасоди молӣ, ба даст гирифтани тамоми шохаҳои давлат, таъйини наздикон ба мақомҳои баланд ва саркӯби дигарандешону мухолифон ва маҳдуд намудани озодиҳои бунёдии инсон танқид мекунанд.
Намояндагони Тоҷикистон дар қатори 15 кишвари дигар аз интихоботи президентии Қазоқистон назорат мекунанд.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва фарзанди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як мақолае дар бораи падараш ӯро “абармарди дунёи сиёсат” номида, гуфтааст, ба шарофати ӯ “давлати тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт”
Додгоҳи олии Тоҷикистон раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро бо айбномаи порагирӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи қонун барои ин айбнома аз панҷ то даҳ соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 16- уми ноябр дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Алмаато бори дигар аз ҳодисаҳои хунини моҳи январи он кишвар ёдовар шуда, дар бораи "дасисагарон" ва "ифротиҳо" суҳбат кард. “Онҳо аз гирдиҳамоиҳои осоишта истифода карданд, то субот дар кишвари моро ба ҳам зананд. Инҷо бояд миёни сабабҳои тазоҳуроти осоишта ва ҳадафҳои тавтеагаронае, ки кушиши табаддулоти давлатиро дар пай доштанд, фарқ гузошт", - изҳор дошт Тоқаев. Ин суханҳоро президенти Қазоқистон дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Алмато... Читать дальше...
Ҳайати ниҳоии ҳамаи дастаҳое, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ширкат мекунанд, дар вебсайти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нашр гардидааст.
Интизор меравад, ки имруз, чоршанбеи 16-уми ноябр нишасте зери унвони "Формати Маскав" дар мавриди Афғонистон баргузор шавад. Намояндагони ҳукумати Толибон ба ин нишаст даъват нашудаанд. Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон чанд рӯз қабл ба хабаргузории русии ТАСС гуфта буд, ки ба ин нишаст мақомҳои Толибон даъват нашудаанд. Ӯ сабаби даъват нашудани намояндагони ҳукумати Толибонро шарҳ надод. Ҳукумати Толибон гуфтааст, ки даъват нашудани онҳо ба робитаҳои дуҷониба бо Русия таъсири... Читать дальше...
Кормандони пулиси Қирғизистон ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасуловаро ҳангоми гирдиҳамоии зидди интиқоли обанбори Кампиробод боздошт карданд. Абдирасулова чанд соат баъд аз боздошт раҳо шуд.
Доналд Трамп, президенти пешини Амрико шоми сешанбеи 15-уми ноябр номзадии худро барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳури ИМА дар соли 2024, эълон кард.
Нимаи дувуми рӯзи 15 ноябр дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон пулис корманди ширкати "Озенмунайгаз" Естай Карашаевро боздошт кард.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон шаби 15-уми ноябр ба Душанбе омад. Ҳайати тими миллии Русияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Ба бозигарон, мураббиён ва аъзои ҳайати мунтахаби Русия тоқии миллӣ ва гардандбанд бо рамзи Тоҷикистон тақдим карда шуд. Дастаи мунтахаби Русия бо шумули 26 футболбоз ба Душанбе омадааст. “Ҳар як варзишгар мехоҳад ҳамеша пирӯз шавад. Читать дальше...