Чанд бахши калонтарин бозорҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистонро “растаҳои тоҷикӣ” ном мебаранд. Дар ин ҷо асосан фурӯшандагони тоҷик кор мекунанд. Дар 30 соли охир тиҷорати мева ва пойабзор дар бозорҳои Алмаато тадриҷан ба ихтиёри тоҷикон гузаштааст. Тоҷирон мегӯянд, савдо дар инҷо назар ба Тоҷикистон бештар аст, аммо иҷораи дӯкон ҳам дандоншикан. Бозори “Кабудӣ”, яке аз калонтарин нуқтаҳои савдо дар шаҳри Алмаато аст. Як бахши калони фурӯшандаҳои ин бозор тоҷиконанд. Қисме аз Тоҷикистон омадаанду қисме аз Самарқанди Узбекистон. Читать дальше...
Дар яке аз бозорҳои бузурги шаҳри Алмаато теъдоде аз растаҳои онро фақат тоҷикон дар даст доранд ва мегӯянд, ҳам тиҷорат мекунанд ва ҳам муштариёнашро ташвиқ мекунанд, ки ба Тоҷикистон бираванду меваҳои ширини онро бичашанд.
Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Аврупо миёни бузургсолон, ки рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон баргузор шуд, дар ҳайати дастаи “Red Star”-и Сербия медали нуқра ба даст овард.
Бино ба як гузориши тозаи Корзори Байналмилалии Манъи Истифодаи Минаҳои Заминӣ имсол фақат Русия ва Мянмар аз ин навъи аслиҳаи хатарноку кушанда истифода бурдаанд. Ҳар сол дар ҷаҳон ҳазорон нафар бар асари таркиши ин навъи минаҳо куштаву захмӣ мешаванд ва бисёре аз онҳо кӯдакон ҳастанд.
Мақомоти Покистон ба як вакили мардумии ин кишвар иҷоза надодаанд, барои ширкат дар як ҳамоиши амниятӣ дар бораи Афғонистон ба Душанбе сафар кунад.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, гуфтааст, дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон созиши пешакӣ ҳосил шудааст ва қарор аст, ба зудӣ мақомоти Душанбе барои гуфтугу дар ин бора ба Бишкек сафар кунанд.
26-уми ноябр, дар рӯзи ҳафтуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои С ва D баргузор шуд. Мунтахаби Фаронса аввалин шуда ба плей-офф роҳ пайдо кард.
Дар ноҳияи Панҷ ахиран ду ҷавоне бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки дорои имконият маҳдуд ва соҳиби ҳунаранд. Зиндагии онҳо баъди як гузориши Радиои Озодӣ ба ҳам пайваст.