Кӣ гуфт, ки хиштрезӣ кори мардон аст? Дар як корхонае дар Восеъ занон баробари мардон хишт мекашонанду корҳои дигари вазнинро иҷро мекунанд. Занони хиштрез мегӯянд, барои таъмини рӯзгору кӯдакон маҷбур буданд, аз ин роҳ зиндагиро пеш мебаранд.
Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ рӯзи 6-уми ноябр ҳушдор дод, курраи Замин назар ба гузашта бо суръати бештар гарм мешавад ва сатҳи дарёву уқёнусҳо зудтар боло мераванд, ки метавонанд дар пай фалокатҳои азиме дошта бошанд.
Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст.
Додгоҳи шаҳри Душанбе Ораз Вазирбеков, яке дигар аз фаъолони мадании зодаи Бадахшонро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Яке аз пайвандони ӯ рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима рӯзи 5-уми ноябр бидуни ҳузури хешовандон сурат гирифтааст ва додрас ҳам ҳукмро эълон кардааст.
Имрон Хон, нахуствазири Покистон, рӯзи 6-уми ноябр аз пешниҳоди ҳукумат барои таъсиси кумиссиёне истиқбол кард, ки бояд ҳамлаву тирандозӣ ба ӯву тарафдоронашро таҳқиқ кунад.
Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Порвори ноҳияи Раштро ҳалношуда мондани баҳси чарогоҳ бо хонаводаи Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳия нигарону саргардон кардааст.
Дар як деҳаи минтақаи Рашт, ки мардумаш бо чорводорӣ зиндагиро пеш мебаранд, гурӯҳе сокинон шикоят доранд, ки хонаводаи раиси пешини ноҳия онҳоро аз нони даҳонашон мондааст. Ба иддаои онҳо, наздикони раиси пешин чарогоҳҳоро аз худ кардаву ба мардуми дигар иҷозаи истифода намедиҳанд.
Дар ҳоле ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли тухми мурғ дар кишвар хабар медиҳад, гаронии нархи он дар рӯзҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст.
Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳафт сокини ноҳия куштаву захмӣ шудаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 6-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, фалокат рӯзи 5-уми ноябр дар қаламрави ноҳия рух додааст.
Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст.