Ба иттилои дарёфтӣ, беш аз даҳ узви "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бозпурсиву боздошт шудаанд.
То кунун сокинон дар Тоҷикистон ҳақ доштанд, аз ҳамаи анвои мева соле то сӣ литр шароб тавлид кунанд.
Мишел Бачелет гуфт, аз Пекин хостааст, сиёсатҳоеро, ки метавонанд ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба ҳуқуқи уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон таъсири манфӣ расонанд, бозбинӣ кунад.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ дар мавриди Афғонистон гуфтааст, "Толибон" ва "Ал-Қоида" робитаи наздик доранд.
Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд.
Муаллифи «Падари маҳтобӣ» пас аз бемории сангине дар 49-солагӣ дар шифохонаи «Шерите»-и Берлин даргузашт ва дар оромгоҳи Тегели маркази Олмон дафн карда шуд.
Маросими 75-умин ҷашнвораи филми Канн шаби 28-уми май баргузор шуд.
Навори мақомоти Тоҷикистон дар бораи "эътироф"-и рӯзноманигор ва мудофеи ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқи ӯ, генерали мақомоти марзбонӣ Холбаш Холбашов, бо вокуниш, баҳс ва пурсишҳои бешуморе рӯ ба рӯ шуд.
Бошгоҳи "Реал Мадрид"-и Испания, ки дар бозии ниҳоӣ тими "Ливерпул"-и Англияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барандаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2021/22 гардид. Бозии ниҳоӣ шаби 28-ум ба 29-уми май дар варзишгоҳи «Стад де Франс» доир гардид.
Болоравии бесобиқаи қимати маводи ғизоӣ, зиндагии бисёриҳоро дар Эрон сахт ва мардумро ноумед кардааст.
Болоравии бесобиқаи қимати маводи ғизоӣ, зиндагии бисёриҳоро дар Эрон сахт кардааст. Баъди коҳиши ёронаҳо дар Эрон нархи маводи ғизоӣ аз ҷумла нону равган ва тухм ду баробар афзуд. Эътирозҳо бар зидди болоравии нархҳоро мақомот бо зур фӯру нишонданд, аммо эрониён хашмгину ноумед боқӣ мемонанд.