Як гурӯҳ ронандагон дар Кӯлоб, ки рӯз ба мусофиркашӣ машғуланд, шабона бел мегиранд ва роҳсозӣ мекунанд.
Кӯлоб сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон, бо 230 ҳазор аҳолӣ як сол боз идораи роҳсозӣ надорад. Набуди ниҳоде, ки роҳҳоро нигоҳубин мекунад, бархе аз ронандаҳоро маҷбур кардааст, мошинро як сӯ гузоранду роҳҳоро таъмиру ҳамвор кунанд.
Толибон як рӯз пеш аз аксар кишварҳои мусалмоннишин Иди Фитрро таҷлил карданд. Имрӯз, 1-уми май бо қарори Шӯрои уламои Толибон сокинон Иди Фитрро таҷлил карданд. Маъмулан, дар Афғонистон Иди Фитрро баробар бо Арабистони Саудӣ таҷлил мекарданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар муқоиса бо гузашта дар шаҳрҳо шумораи камтари одамон дида мешуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар намози ид низ шумораи ками мардум ширкат доштанд. Дар Арабистони Саудӣ ва бисёре аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ фардо Иди Фитр эълон шудааст. Читать дальше...
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як муҳандиси Идораи обро, ки аз беэҳтиётиаш деворро болои кафшергар чаппа кардааст, ҷазо додааст. Дар хабарномае додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, ки Маҳмуд Ҷураеви 50-сола дар “вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат” гунаҳкор шудааст. Ба гуфтаи додгоҳ, ӯ рӯзи 24-уми сентябри соли 2021 ҳангоми корҳои барқарсозӣ, беэҳтиётӣ карда, девори баландиаш як метру 20 сантиметрро болои Файзуллои Розиқзода, ки онҷо кафшергарӣ мекард, чаппа кардааст. Читать дальше...
Дар ноҳияи Кушониён малах ба садҳо гектар киштзору чарогоҳи сокинон зиён расонидааст.
Ҳамлаи малах ба заминҳои кишт дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон меҳнати чандмоҳаи сокинонро барбод медиҳад. Камии алаф дар кӯҳистон ва талу теппаҳои ин минтақа ҳуҷуми малах ба киштзорҳоро бештар кардааст.
Додситонӣ алайҳи сокини Балҷувон, Саидмуъмин Давронов, ки дар пайи баҳс бо муовини пешини раиси ноҳия боздошту дертар раҳо шуда буд, парвандаи ҷиноӣ кушодааст.