Бино ба арзёбиҳои Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ, қимати чаканаи маводи аслии хӯрокворӣ дар Тоҷикистон муътадил мондааст ва баръакс қимати тухм дар 8 бозор аз 4 то 18 дар сад поин омадааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чанд мушаки ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ ба қаламрави кишвар афтодааст ва аз ин ру неруҳои марзбонӣ ба ҳоли омодагии пурраи ҷангӣ гузаштаанд.
Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри як баёния масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро бар уҳда гирифтаанд, ҳарчанд ҳеч яке аз мақомоти расмӣ вуқуи чунин ҳамларо тасдиқ ва ё рад накардаанд.
Даҳҳо ҳуқуқшинос, ҳомиёни ҳуқуқ, олимону рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба далели, ба истилоҳ, дар “рӯйхати номатлуб”-и мақомоти тоҷик қарор доштанашон наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд.