Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сокинон ва фаъолон хостаанд барои пайдо кардани, ба гуфтаи онҳо “раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ”-и ноҳияи Рӯшон, ки дар кӯҳҳои Вамар панаҳ бурдаанд, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ин дархост дар ҷаласаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо роҳбарону фаъолони вилоят садо додааст, ки хулосаи онро телевизиони вилоятӣ рӯзи 22 май нашр кард. Телевизион Бадахшон бо нашри ин хабар аз номи мақомот дигарбора таъкид кардааст, ки “6 ҷавони вобаста ба ҳодисаҳои ахир дар пайгард қарор дошта... Читать дальше...
Чанде аз сокинони ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт мегӯянд, пас аз шикоят дар мавриди мушкили чарогоҳ дар маҳаллашон зери фишори мақомоти интизомӣ қарор гирифтаанд.
Рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд.
Дар канори Регистони шаҳри Самарқанд ҳавлие қарор дорад, ки дар он Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба дунё омадаву садҳо оҳангро дар ҳавои “Шашмақом” эҷод кардааст.
Дар канори Регистони шаҳри Самарқанд ҳавлие қарор дорад, ки дар он Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба дунё омадаву садҳо оҳангро дар ҳавои “Шашмақом” эҷод кардааст. Дар хона-музеи устоди "Шашмақом" чӣ осоре маҳфуз аст? Хабарнигори Радиои Озодӣ шуморо ба тамошои он даъват мекунад
Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 22 май сафари серӯзааш ба Кореяи Ҷанубиро, ки бо ҳадафи беҳбуди равобити иқтисодиву амниятӣ барпо шуд, анҷом бахшид. Дар охирин нуқтаи сафараш Байден аз пойгоҳи ҳавоии Осан дидан кард. Дар ин пойгоҳ нирӯҳои амрикоӣ ва кореягӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ва баллистикӣ назорат мекунанд. Як ҳадафи Байден намоиши ҳамраъӣ бо Сеул дар муқобили таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ мебошад. Дар давраи президентии Доналд Трамп дар Амрико то андозае ӯҳдадориҳои Вашингтон дар баробари Кореяи Ҷанубӣ зери суол рафт. Читать дальше...
Рӯзи 22-юми май журналистону наттоқони зан дар телевизионҳои Афғонистон бо чеҳраҳои пӯшида ҳозир шуданд. Мақомоти «Толибон» гуфтанд, ки ба занони ровиву дигар кормандони телевизион «машварат мешавад», ки чеҳраҳои худро пӯшонанд. Чанд ҳафта пеш аз ин бо як амри раҳбари олии «Толибон» Ҳайбатулло Охундзода ба тамоми занони сокини Афғонистон амр шуд, ки бо сару либоси пӯшида бигарданд. Айни чунин амрро рӯзи 21 май вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари «Толибон» дар робита бо кормандони зани телевизионҳо ҳам содир кард. Читать дальше...
Роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, баъди субҳи 22-юми май як муддат баста шуданаш, ҳоло барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз шудааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Далери Абдулло, сухангӯи Innovative Road Solutions – ширкате, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ мебошад, хабар дод. Чанд соат пеш аз ин ширкат дар саҳифаи Фейсбукии худ хабар дод, ки ҳаракат дар роҳ пурра баста шудааст. Ба иттилои Далери Абдулло, “бориши барф аз километри 69 то 175 шадиду муттасил... Читать дальше...
Саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе солҳои 70-80-уми асри гузашта ҷилвагоҳи ҳунари Малика Собирова буд. Ҳунарманде, ки номи Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ сабт намуд.
Имсол ҳунарманде, ки исми Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ шӯҳратёр кард, агар умр вафо мекард, 80-сола мешуд. Малика Собирова дар 39-солагӣ бар асари саратон даргузашт. Ногуфтаҳоро дар бораи ҳунару марги ситораи балети тоҷик аз забони наздиктарин азизонаш дар ин видео бубинед.