Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст.
Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст.
Сокинони Кӯлоб аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбати боғу гулгаштҳо дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷойи гулҳоро алаф гирифтаст. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, то ҳадди имкон гулгаштҳоро нигоҳубин мекунанд.
Аз "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ду рӯз гузашт. Намояндагони мақомот тавассути телевизиони "Бадахшон" аз оромӣ дар ноҳия ва бозгашти мардум ба зиндагии одӣ хабар доданд. Ба сабаби набудани интернет ва тамос бо телефон, тасвири вазъи воқеӣ номумкин аст.
Трасс дар посух ба суоли ин ки оё Русия ба амнияти Молдова таҳдид мекунад, гуфт: "Комилан. Путин дар бораи ҳадафҳои худ барои эҷоди як Русияи бузургтар ошкоро гуфтааст.”
Русия пештар аз кишварҳои аврупоӣ хоста буд, пули газро ба рубл бидиҳанд.
Табибон дар Аврупо ва Амрико мавридҳои гирифторӣ ба як вируси нодир ба номи "сурхакони маймун"-ро, ки дар Африқо бештар паҳн шудааст, тасдиқ карданд. Таби баланду дард, варами дасту пой ва обилаи рӯйи бадан аз нишонаҳои гирифторӣ ба ин навъи вирус гуфта мешавад.
Рӯзи 19-уми май ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистон, ки мегӯянд, аз сарнавишти пайвандонашон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар ташвишанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирдиҳамоии осоишта ташкил карданд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, рӯзи 19-уми май боздошти рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоеваро маҳкум кард.
Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время"-ро дар Душанбе одилона таҳқиқ кунанд.
Вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта, ҳукми додгоҳро нисбати ӯ "беасос" номида, бозбинияшро хостаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 13 майи имсол Чоршанбиевро бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳокимият" ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кард.
Тими мунтахаби наврасони Эрон (U-16), ки дар даври охирини қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола рӯзи 20-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи мизбон - Тоҷикистонро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод, ғолиби мусобиқа гардид.
Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад, вале боздошта шуд.
Узбекистон дар ҳоле ки шарики асосии тиҷориаш - Русия таҳти таҳримҳои Ғарб қарор гирифтааст, талош дорад, ҳамкориҳои стратегиро бо Чин ба хотири ҳалли як қатор масъалаҳои иқтисодӣ тақвият бахшад.
Додситонии кулли Қирғизистон дар доираи парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 ба зидди се узви ҳукумати муваққати пешини он кишвар - Кенешбек Дуйшебоев, Исмоил Исҳоқов ва Бектур Асанов айб эълон кардааст.