Вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта, ҳукми додгоҳро нисбати ӯ "беасос" номида, бозбинияшро хостаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 13 майи имсол Чоршанбиевро бо гуноҳи “даъват ба сарнагунии ҳокимият" ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кард.