Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳорот бидуни ҳеч зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.
Панҷ созмони байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба саркӯби хушунатомез ва таъқиби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон поён дода, имдодгарони Салиби Сурх ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба ноҳияи Рӯшон роҳ бидиҳад.
Бархилофи солҳои гузашта, расонаҳои Тоҷикистон ин бор аз бозтоби рӯйдодҳои Бадахшон худдорӣ карданд. Сарони баъзе нашрияҳо тасдиқ карданд, ки зери фишори мақомот наметавонанд, аз эътирози сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) нависанд. Мақомот чунин баёнияҳоро шарҳ намедиҳанд.
Кишоварзон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд мегӯянд, соли дувум аст, ки аз дарахтони зардолу ҳосили хуб намегиранд. Баръакси минтақаҳои дигар, ки деҳқонҳо аз камии обу дору шикоят доранд, онҳо мегӯянд, ивазшавии иқлим, бавижа сардии ҳаво дар моҳҳои марту апрел ба ин вазъ сабаб шудааст.
Даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 22-юми май бо бозӣ миёни дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб ба поён расид. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар охири бозӣ зада шуд. Ба голи бозигари мизбонон Боҳирҷон Сангинбоев (дақиқаи 80-ум) баъди панҷ дақиқа Муҳсин Абдуғаффоров, ҳамлагари «Равшан», посух дод. Ёдовар мешавем, чаҳор бозии даври ҳаштум рӯзи 18-уми май баргузор шуда буд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа – “Хатлон”-и Бохтар... Читать дальше...
Мина Гули, шаҳрванди Австралия, рӯзи 22-юми май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз, қад-қади дарёи Панҷ баргузор кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, шаҳрванди Австралия, дар Тоҷикистон дар марафони дав бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 иштирок дорад. Марафони дав, ки 16-уми май шуруъ шуд, то рӯзи 10-уми июн идома хоҳад кард. Читать дальше...
Қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 14-ум то 18-уми сентябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷавонони Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир мегардад... Читать дальше...
Дар Тоҷикистон боло рафтани нархи маҳсулот, ки аксари онҳоро аз хориҷа меоранд, гапи нав нест. Ҳоло бисёриҳо аз эҳтимоли камёфт шудани маҳсулоту набудани захираи кофӣ метарсанд.
Дар Тоҷикистон 25-солагии имзои Созишномаи сулҳро ҷашн мегиранд. Санаде, ки ба ҷанги дохилии солҳои 1992-97 поён гузошт.
Раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо як додрас ва як вакили дифоъ бо гумони порагирӣ боздошт шудаанд. Тақрибан як моҳи охир дар бораи Ҳомидҷон Муҳаммадзода хабарҳои зиддиҳам мерасид.
Раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо як судя ва як вакили дифоъ бо гумони порагирӣ боздошт шудаанд.
Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май ба дарё ғарқ шуд, вале онҳо бовар надоранд.