Дар ҳоле ки афзоиши нархи орд идома дораду баъзе аз кишварҳо, бавижа Русияву Қазоқистон, содироти гандумро маҳдуд кардаанд, мардум дар Тоҷикистон нигаронанд, ки дар ояндаи наздик вазъ чӣ гуна хоҳад шуд. Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, барномаи зиддибуҳронӣ надоранд.
Дар Тоҷикистон cе ҳафта мешавад, афзоиши нархи орд идома дорад. Намояндагони бархе корхонаҳои истеҳсоли орд мегуянд, гаронии қиммат дар бозори беруна ва ҷорӣ намудани маҳдудияти содирот дар кишварҳои истеҳсолкунанда онҳоро аз захираи минбаъда ва идомаи корашон дар ташвиш гузоштааст.
Русия ба Молдова ҳушдор дод, ки қазияи президенти пешини ин кишвар ва яке аз ҳампаймонҳои Маскав – Игор Додонро аз наздик пайгирӣ дорад.
Шумораи қурбониёни тирандозӣ дар яке аз мактабҳои ибтидоӣ дар иёлати Техаси Амрико ба 21 нафар расид, ки 19 нафари онҳо мактабхон ҳастанд. Грег Эббот, ҳокими иёлати Техас, гуфт, як ҷавони 18-сола дар мактаби ибтидоӣ тирандозӣ кард ва чандин кӯдак ва муаллимро кушт ва шумореро низ захмӣ намуд.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бовар дорад, мақомот дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон пойи ӯро кашидаанд, то ба гуфтааш, амалкардҳои худро ҳукми қонун бахшанд.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, бовар дорад, мақомот дар ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон пойи ӯро кашидаанд, то ба гуфтааш, амалкардҳои худро ҳукми қонун бахшанд.
Дастаи як замон сермухлис ва овозадори "Ҳосилот"-и Фархор талош дорад, мавқеъеро, ки солҳои пеш дошт, барқарор кунад. "Ҳосилот" дар панҷ бозии мавсими имсолаи футбол дар лигаи аввал бохт надорад ва пешрафташро дар пайдо намудани сарпараст ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ медонад.
Дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 3-5-уми июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.
Намояндагони Хадамоти зиддимонополӣ дар Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол даҳҳо тоҷирро ба гуноҳи ба гуфтаашон “беасос боло бурдани нархи маҳсулот” зиёда аз ду миллион сомонӣ ҷарима бастаанд.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, дар се моҳи аввали имсол тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани нархи маҳсулот бештар аз 2 миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Сокинон мегӯянд, ҷарима роҳи ҳал нест ва беҳтар мебуд, мақомот чораҳои дигари поин овардани нархҳоро биандешанд.
Шумораи қурбониёни тирандозӣ дар яке аз мактабҳои ибтидоӣ дар иёлати Техаси Амрико ба 21 нафар расид, ки 19 нафари онҳо мактабхон ҳастанд.