Бошгоҳи "Реал Мадрид"-и Испания, ки дар бозии ниҳоӣ тими "Ливерпул"-и Англияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барандаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2021/22 гардид. Бозии ниҳоӣ шаби 28-ум ба 29-уми май дар варзишгоҳи «Стад де Франс» доир гардид.