Тахриби ду бинои таърихӣ дар Бохтар, ки ба иддаои баъзе аз манобеъ, аз тарафи наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад, баъзе фарҳангиёни шаҳрро нигарон кардааст.
Расонаҳои Қазоқистон бо такя ба вакили мудофеи Худойберган навиштанд, ки муфаттишон бо ҳадафи дарёфти нишондодҳои барои айбдоркунандаи давлатӣ зарурӣ ба вакил фишор меорад.
Ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, барои мубориза бо бемории COVID-19 дастрасии аҳолӣ ба доруи Паксловидро васеътар кунад. Эълони ҳукумати Амрико дар бораи Паксловид дар рузе садо, ки ташхис нишон додааст, Камола Ҳаррис муовини президенти Амрико ҳам ба коронавирус сироят кардааст.
Гурӯҳе аз фаъолону калонсолон аз Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар марз гирди дастурхони ифторӣ нишаста, гуфтаанд, ҳама корро бояд кунанд, то дигар хунрезӣ нашавад.
Дар як талош барои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳе аз фаъолону пирмардон аз ду кишвари ҳамсоя гирди дастурхони ифтор нишастанд ва гуфтанд, ки ҳама корро бояд кунанд, то дигар хунрезӣ такрор нашавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2022 дар Бишкеки Қирғизистон ва мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни ҷавонон дар Еревани Арманистон баргузор мешаванд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS). Ба иттилои манбаъ, чунин тасмим аз ҷониби аъзои кумитаи иҷроияи FIAS рӯзи 27-уми апрел гирифта шуд. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2022 мебоист дар Ашқободи Туркманистон ва мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар Панагюриштеи Булғористон баргузор мешуд. Аммо федератсияҳои... Читать дальше...
Додгоҳ ду рӯз пеш Meta Platforms-ро 4 миллион рубл ва TikTokро барои пок накардани матлаби вобаста ба ҳамҷинсгароён 2 миллион рубл ҷарима карда буд.
Ширкатҳои Русия, ки зери таҳрими Аврупову Амрико ҳастанд, талош доранд, Узбекистонро ҳамчун бозори фурӯши маҳсулоти худ ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ аз Аврупо истифода баранд.
Мақомот дар Тоҷикистон марги мармузи Амина Мухторова, донишҷӯйи 17-солаи Коллеҷи техникии Душанберо таҳқиқ доранд. Ҷасади ӯро шоми 25-уми апрел аз зери пули роҳи Душанбе-Бохтар, дар канори деҳаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ, ёфтаанд.
Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, дар солгарди низои хунин дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон ба мардум муроҷиат кард.
Ҳаракати "Муқовимат" ҳукумати сарвазир Никол Пашинянро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон ва эътирофи ҳукумронии Озарбойҷон дар тамоми қаламрави Қарабоғи Куҳӣ гунаҳкор мекунад.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел, баъди бештар аз як моҳи фармони раисҷумҳур дар бораи манъи санҷиши соҳибкорон, ин санадро пазируфтанд. Тоҷирон пайваста аз фишору тафтишҳои зиёд шикоят доранд. Мақомот, баръакс, соҳибкоронро ба пинҳон кардани даромадҳои воқеӣ айбдор мекунанд.
Дар моҳи Рамазон ташкили ифтор барои мусулмонон дар масҷидҳои Иёлоти Муттаҳида як амали муқаррарӣ аст, аммо аз замони сар задани пандемияи коронавирус тақсими хӯрок тавассути мошин маъмул шуд.
Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбарии Анҷумани созмонҳои зистмуҳитии он кишвар истеъфо додааст.
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи “Ғарб” тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки Абдулазиз Комилов "бо сабаби гузаштан ба кори дигар" аз раҳбарии ин ниҳод барканор карда шудааст.
Шояд рӯзе дар саросари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон, киштзорҳои азими пахтаро тракторҳои беронанда коркард кунанд.