Як гуруҳ аз бинокорони, ба гуфтаи мақомоти қазоқ, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултон аз таъхир дар пардохти маошашон шикоят доранд.
Сайфиддин Давронов, писари Саидмӯъмин Давронов, сокини Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёт, барои замин даъвои додгоҳӣ дошт, тақрибан бист рӯз боз дар боздошт аст. Хонаводааш амали мақомотро супоришӣ медонанд. Мақомот мегӯянд, ӯ ба қаллобӣ гумонбар аст.
Ба ин тартиб, миллиардери рус Олег Дерипаска, президенти ширкати "Меркурий" Игор Кесаев, муассиси "Комсомолская правда" Григорий Берёзкин ва хоҳари Алишер Усмонов – Гулбаҳор Исмоилова аз шаҳрвандии Қибрис маҳрум шуданд.
Бонки Ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои беҳсозии низоми обёрӣ 100 миллион доллар ва барои рушди вилояти Бодканди он кишвар 50 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар давоми як шабонарӯзи ахир ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар бо Қазоқистон мушоҳида карда нашудааст.
Нурулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов моҳи марти имсол дастгир ва аз Бохтар ба Душанбе бурда шудаанд. Дар Боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии пойтахт будани онҳоро рад карданд. Дар Боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, бо ин ному насаб касеро намедонанд.
Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбекистон чаҳор кас, як марду се зан, ҷон бохтаанд.
Сухангӯйи идораи тандурустии Мазори Шариф мегӯяд, 11 кас кушта, беш аз 30 каси дигар захмӣ шуданд.
Вазорати мудофиаи Туркия рӯзи 21-уми апрел изҳори омодагӣ кард, ки таҷрибаи худро дар масъалаи амнияти марзҳо ва мубориза бо терроризм бо Душанбе дар миён гузорад.
Холид Задрон, сухангӯйи полиси Толибон дар Кобул, гуфт, ҳодиса рӯзи 21-уми апрел дар чорроҳаи Қамбарӣ, минтақаи асосан шианишин, рӯй дод.
Эҳтимоли варшикастагии давлатии Русия пас аз он ки танзимгарони бозори вомбаргҳои Амрико рӯзи 20-уми апрел гуфтанд, Кремл уҳдадориҳои худро оид ба хидматрасонии қарзи давлатии Русия иҷро накардааст, бештар шуд.
Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон рӯзи 20-уми апрел хабар дод, ки Гулмира Сатибалдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар ғорати маблағҳое гумонбар мешавад, ки барои таъмири иншооти Универсиадаи зимистонаи соли 2017 ҷудо шуда буданд.
Як гуруҳ аз коршиносони Созмони Милал аз афзоиши танишҳо дар Бадахшон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки “ақаллияти помирӣ”-ро ҳифз кунанд ва ба ҳуқуқи одамон дар вилояти мухтор эҳтиром гузоранд.
Шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия аз сабти номи ҳатмӣ барои 15 рӯзи аввали вуруд озод мекунанд. Пештар ин муҳлат 7 рӯзро дар бар мегирифт. Ҳамин сабукӣ барои шаҳрвандони Русия низ дар Узбекистон дода мешавад.
Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар ду давра доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои 22-23-юми апрел баргузор мешаванд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Марин Ле Пен, рақиби ӯ шаби чаҳоршанбе дар бораи масъалаҳое чун робита бо Русия, ҳиҷоби исломӣ, сиёсати байнулмилалӣ, тағйири иқлим, Иттиҳоди Аврупо, синни бознишастагӣ ва хароҷоти зиндагӣ мунозираи сахте доштанд.
"Эътилофи ҳаракати демократии Қирғизистон" рӯзи 20-уми апрел дар робита ба парвандаи ҷиноӣ нисбати рӯзноманигор Болот Темиров изҳорот дод.
Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон наздики 150 коргари ширкати "ТрубРемСентр", ки ба поксозии чоҳҳои нафт машғул аст, корпартоӣ доранд. Коргарони маоши бештар ва беҳсозии шароити кориро талаб доранд. Онҳо рӯзи 19 апрел бо шиорҳои навсозии коргоҳ ва қатъи таъқиби аъзои иттифоқи коргарӣ ба корпартоӣ баромаданд. Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи коргарони коргоҳ гуфт, коргарон соли дувум аст, ки маоши бештар талаб доранд, аммо корфармо дар ивази иҷрои талаби коргарон онҳоро таъқиб мекунад. "Шароити корӣ сахт аст. Читать дальше...