Ҳузур пайдо накардани Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ҳукумати Толибон ва ҳеҷ тасвири наве аз ӯ нашр нашудан солҳо боз шубҳаовар буд, вале дар ҳашт моҳи ахир ин шубҳаҳо бештар шудааст.
Ба ронандаи автобусе, ки дар шаҳри Душанбе ҳафт мошини мусофиркаш ё таксиро зер карда буд, сабукӣ додаанд. Блогерон аз зиндагии душвори ӯ навор пахш карданд ва бо дидани гиряҳои модари ӯ корбарон хостори кумак ба ӯ шуданд. Автобуси мусофирбар рӯзи 2-юми апрел дар маҳаллаи наздик ба "Шаҳраки тиббӣ"-и ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе 7 таксиро пахш кард. Ширкати мусофиркашонии “Олуча таксӣ” эълон кард, мошинҳое, ки ба ин ширкат таалуқ доранд, аз ҳисоби худ таъмир мекунад. Яъне, ронандаи гунаҳкор... Читать дальше...
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Абуалӣ Садиров, як сокини ин шаҳрро бо ҷурми “қаллобӣ” ба 10 солу шаш моҳ равонаи зиндон кардааст. “Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати Тоҷикистон аз қавли Х. Ҳабибулозода, муовини раиси додгоҳи Ваҳдат навиштааст, Садиров ба як нафари гумонбар дар ҷиноят ваъда додааст, ки барояш ду ҳазор сомонӣ бидиҳад, парвандаашро қатъ мекунад. Аз нафари дигаре бо ваъдаи озод кардани писараш аз маҳбас 300 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст. Додгоҳ ӯро дар расонидани “зарари махсусан вазнин” гунаҳкор донистааст. Читать дальше...
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лаҳзаи боздошти ҷавоне аз сӯи афроди ношинос паҳн шудааст, ки муаллифон "облава" дар мавсими нави хизмати сарбозӣ медонанд. Рӯзи 1-уми апрел даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд ва то охири моҳи май давом мекунад. Дар шабакаи Инстаграм ва Фейсбук чанд наворе чарх мезанад, ки ба иддаои корбарон, дар он лаҳзаи гирудори ҷавонон ё "облава" тасвир ёфтааст. Дар яке аз ин наворҳо, ки санаи сабташ маълум нест, ду нафар, бо либоси мулкӣ, талош доранд, ҷавонеро ба мошин савор кунанд. Читать дальше...
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон эълон кард, ки сафорати Афғонистон дар Маскав ба ихтиёри онҳо супурда шудааст. Дар баёнияе рӯзи 9-уми апрел Толибон гуфтаанд, ки дар ихтиёри онҳо гузошта шудани сафорат барои равобити ду кишвар ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Афғонистон муҳим аст. Русия расман ин иттилоро тасдиқ ё рад накардааст, вале пештар Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ба дипломати ҳукумати Толибон иҷозати кор додаанд. "Садои Амрико" хабар дод, ки дипломати Толибон дар Маскав Ҷамол Носир Ғарвол аст. Читать дальше...
Мардеро, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нагузоштанд бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон суҳбат кунад, гуфт, “ба ду хоҳишаш солҳо боз мақомоти маҳаллӣ гуш намекунанд ва мехост онро ба раҳбари кишвар расонад.”
Сабти номи номзадҳо ба мақоми сарвазири нав дар Покистон оғоз шудааст. Пас аз барканории Имрон Хон аз мақоми сарвазири Покистон дар ин кишвар барои интихоби сарвазири нав омодагӣ мегиранд.
Имрӯз дар бораи як тавсияи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунем, ки дар остонаи Рамазон гуфт, авзоъ дар ҷаҳон бисёр хатарнок шуда, ба вазъи иқтисодӣ, ба қимати маводи хӯрокӣ аз қабили орду равған таъсири бад гузоштааст. Барои ҳамин ӯ ба мардум тавсия дод, захираи дусолаи хӯрока ҷамъ кунанд.