Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел бо нашри изҳороте гуфт, дар пайи норозигии баъзе аз сокинон, "Алиф" чанде аз маҳдудиятҳоро дар истифодаи кортҳояш аз байн бурд.
Раисҷумҳури Озарбойҷон гуфт, агар Ереван созиши пешниҳодии Бокуро дар мавриди сулҳ напазирад, кишвараш аз эътирофи тамомияти арзии Арманистон худдорӣ хоҳад кард.
Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.
Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳар як муштарӣ аз 2 ё 3 дона нон бештар нафурӯшанд.
Се сарбози тозадаъват дар роҳ аз Кӯлоб ба Бохтар ҳамроҳи як корманди комиссариати ҳарбӣ ва ронанда дучори садама шуда, захмӣ гардидаанд. Вазъи яке аз онҳо “вазнин” арзёбӣ мешавад. Пайвандон мегӯянд, онҳо тариқи “облава” ба хидмат ҷалб шудаанд. Мақомот вуҷуди “сарбозшикор”-ро рад мекунанд.
Нурлан Масимов амакбачаи Карим Масимов аст.
Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.
Қароргоҳи раёсати ҷумҳури Қазоқистон дар Алмато дар ҳодисаҳои моҳи январ сахт зарар дидааст. Иддае мехоҳанд, онро таъмир кунанд. Мақомот дар фикри вайрон карданаш ҳастанд.
Айб дар кист? Чӣ тавр пеши роҳи сарбозшикорро мешавад гирифт? Оё ҳамон одамҳое, ки имрӯз фарзандони мардумро ба зӯр ба артиш мебаранд, фардо мабодо фарзандони худашон ба тақдири Шаҳболҳову Тоҷиддинҳову Миралиҳо гирифтор шаванд, боз ба чунин коре даст хоҳанд зад?
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро дар ҷараёни сафараш ба вилояти Қашқадарёи он кишвар бо намоишкориҳои гуногун пешвоз гирифтанд.
Созмони Freedom Now ва Proskauer Rose LLP ба намояндагӣ аз Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқ, дархостеро ба гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона фиристодаанд.
Толеъ Холназаров, вазнабардори номдор, раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ин вазифа Олим Парпиевро иваз кард.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ширкат меварзад.
Сиёсатмадори зиндонии Русия Алексей Навалний идораи "Росфинмониторинг"-и кишварашро ба додгоҳ кашид. Шикояти вай рӯзи 21-уми апрел дар додгоҳи ноҳияи Мешани Маскав сабт шудааст.
Дар панҷ рӯз беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Бритониё дархост дода, вале то ин дам зиёда аз дусад нафари онҳо, ки забони англисиро медонанд, пазируфта шудаанд.