Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, ки рӯзи 16-уми апрел аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд, мегӯяд, бо қарори додгоҳ се соли дигар ҳақ надорад, ба рӯзноманигорӣ машғул шавад, вале ният дорад, ки ҳаҷвнигорӣ кунад.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, ки рӯзи 16-уми апрел аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд, мегӯяд, бо қарори додгоҳ се соли дигар ҳақ надорад, ба рӯзноманигорӣ машғул шавад, вале ният дорад, ки ҳаҷвнигорӣ кунад. Ӯро соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум карда буданд, ҳарчанд худаш мегуфт, бегуноҳ аст ва барои мақолаҳои танқидиаш дар бораи мақомоти маҳаллӣ аз ӯ ниқор гирифтаанд. Мақомот гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ боздошт шуд. Додгоҳ... Читать дальше...
Додгоҳи ноҳияи Рашт баррасии парвандаи модари солхӯрда ва хоҳари Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, оғоз кард.
Покистон аз Толибон хост, ки нисбат ба ҷангҷӯёне, ки аз хоки Афғонистон ба низомиёни ин кишвар ҳамал мекунанд, чора бинад. Ин дархост пас аз он садо дод, ки Толибон Покистонро дар ҳамлаҳои маргбори ҳавоӣ дар хоки Афғонистон муттаҳам кард. Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 17-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар бештар ҳадафи ҳамлаҳои "террористӣ" аз Афғонистон қарор мегиранд. Дар баёния гуфта мешавад, ки Покистон ҳамлаи “террористон” ба низомиёнашро, ки аз дохили хоки Афғонистон сурат мегирад... Читать дальше...
Ниммарафони XII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 16-уми апрел дар Душанбе доир гардид, бо пирӯзии варзишгарон аз Кения ва Эфиопия хотима ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гуфт, ҷонибдори ҳалли зудтари масъалаҳои марзиву ҳудудӣ бо Қирғизистон аст ва аз сокинон хост, “ба эҳсосот дода нашаванд”.
Як омӯзгори ҷавони тоҷик пешниҳод дорад, ки дар мактабу донишгоҳҳои кишвар барои толибилмон парк ё таваққуфгоҳи дучарха сохта шавад.
Як омӯзгори ҷавони тоҷик пешниҳод дорад, ки дар мактабу донишгоҳҳои кишвар барои толибилмон парк ё таваққуфгоҳи дучарха сохта шавад. Дар шароите ки нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро гарон мешавад, дӯстдорони дучарха дар Тоҷикистон мехоҳанд, мақомот шароит фароҳам орад, то дучарха чун як воситаи нақлиёт истифода шавад. Набудани роҳи махсус барои дучархаронӣ ва таваққуфгоҳҳо барои гузоштани велосипед ҳаракат бо дучархаро дар шаҳр мушкил кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи чанд коргоҳи хурд ва чанд бинои маъмурӣ ширкат кард. Сафари президент ба шаҳру навоҳии кишвар ва ширкат дар ифтитоҳи чанд коргоҳи хурду камаҳмият, ки бештари онҳо пас аз чанде аз кор мемонанд, ба як расми маъмулӣ табдил ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба вилояти Суғдро рӯзи 14-уми апрел аз шаҳри Панҷакент оғоз кард. Рӯзи 16-уми апрел ӯ дар ноҳияи Ашт қарор дошт. Рӯзи 17-уми апрел ӯ дар ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли пойафзоли "Исфара Саманд"... Читать дальше...