Бархе сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони пулиси маҳаллӣ ҳолатҳои дуздиро ҷиддӣ намегиранд ва гумонбарони даст доштан дар дуздиҳоро бозпурсӣ намекунанд.
Чӯпони гумшуда дар зиндон будааст. Ҳамсар талош дорад ӯро раҳо кунад.
Яке аз гумонбарони парвандаи "пирамидаи молӣ" дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон дар эътироз ба раванди тафтишот қасди худкушӣ кардааст. Дар ин бора наздикони гумонбар ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додаанд. Пулиси маҳаллӣ ва додситонии Оқтеппа низ тасдиқ мекунанд, ки гумонбар ба ҷони худ қасд кардааст, вале намояндагони ин ниҳодҳо гуфтанд, "ҳоло ба ҷони ӯ чизе таҳдид намекунад". Бино бар хабарҳо, Мейрхан Сактаганов 6-уми апрел ба боздоштгоҳи муваққатии Оқтеппа интиқол ёфта ва сипас ӯро ба беморхона бурдаанд. Читать дальше...
Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев гуфт, эҳтимол дорад, мактабҳои миёнаи ин кишвар ба низоми таҳсили 12-сола гузаранд. Ӯ пештар дар ин бора дар суҳбат бо намояндагони расонаҳо ва дар вохӯрӣ бо омузгорон изҳори назар карда буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Вазири қирғиз баъди вокунишҳои шадид ба суханҳояш дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки "акнун кудак бояд на аз 7-солагӣ, балки аз 6-солагӣ ба мактаб биравад. Кудак як солро беҳуда сипарӣ намекунад. Ҳамин тариқ мо ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳем буд". Читать дальше...
Сокини ноҳияи Балҷувон, ки пайвандонаш мегуфтанд, барои баҳс бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин боздошт шудаааст, пас аз 15 рӯз аз боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилӣ раҳо шуд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор тоҷик, ки баъди як навораш дар рӯзи президент маъруф шуд, эълон кард, ки ба фаъолияти блогериаш хотима медиҳад. Пирмуҳаммадзода ду соли ахир навори суҳбатҳои худро дар Ютуб пахш мекард ва ҳаводорони зиёд дошт. Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҷонибдорони ҳукумат ӯро “хоини миллат” мегуфтаанду мухолифин “одами амният”. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вақте мардум аз гуфтани мушкилоти худаш метарсад, барои кӣ барнома мекунӣ? Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода нахуст аз ӯ пурсид... Читать дальше...
Динора ва Тимури Қулибоевҳо, духтар ва домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як соли охир ба дороияшон ду миллиард доллари дигар афзудаанд. Дар соли 2022, ба иттилои маҷаллаи Forbes, дороии Қулибоевҳо ба 7,6 млрд доллар расида ва онҳо дар рӯйхати одамони сарватмани дунё дар мақоми 778-ум ҷо гирифтаанд. Ба иттилои расонаҳо, Динораи 54-сола ва Тимури Қулибоеви 55-сола баҳрагирандагони ниҳоии маҷмаи "Алмэкс" ҳастанд, ки ин маҷмаа Бонки халқӣ - бузургтарин бонки тиҷории Қазоқистонро дар ихтиёр дорад. Читать дальше...
Дар Қазоқистон дар натиҷаи обхезие, ки охири моҳи март шуруъ шуд, 185 манзил, 78 истироҳатгоҳ (дача) ва ду иншооти иҷтимоӣ зери об монд. Дар ин бора вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Юрий Илин хабар дод. Вай гуфт, ки 285 манзили дигарро хатари зери об мондан таҳдид мекунад. Сокинони маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро нашр мекунанд, ки чи гуна талош доранд, вориди манзилҳои худ шаванд ё аз онҳо берун оянд.