"Чанд дафъа таъкид кардам, берун аз масъала савол надиҳед." Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми апрел нагузошт, ки баъзе аз вакилон тарзи даъвати ҷавононро ба артиш ба баҳс кашанд.
Қирғизистон ва Қазоқистон ба созиш расидаанд, ки барои гузаштани озоди мошинҳои боркаш аз гузаргоҳҳои марзии ду кишвар чора андешанд.
Номи ҷамоати Ворухи Исфара чанд сол боз дар пайванд ба ҷанҷолҳои марзӣ дар сархати хабарҳост. Қирғизистон ин ҷамоатро, ки 40 ҳазор аҳолӣ дорад, ҷазирақаламрав меномад, вале мақомоти Тоҷикистон бахши ҷудонопазири кишвар медонанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми сафар ба Ворух аз сокинон пурсиданд, ки баҳсҳои марзӣ ба зиндагиашон чӣ таъсир гузоштааст ва аз ҳукумат чӣ мехоҳанд?
Ба вакили мардумӣ иҷозат надоданд, баҳси хизмати ба истилоҳ "алтернативӣ"-ро матраҳ кунад.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19-уми апрел дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба фаъолияти низоми маҳаллаҳо 36 мансабдорро аз мақом барканор кардааст.
Сарҳанг (полковник) Зокир Назарзода то чанд моҳ пеш сардори раёсати корҳо ва ободонии Додситонии кул буд. Манобеъ мегӯянд, ӯ расман ба "аз худ кардани маблағҳои давлатӣ" гумонбар аст.
Дар вилояти Балкани Туркманистон озмуни ғайрирасмии беҳтарин шеър дар васфи шахсияти раисҷумҳури нави он кишвар Сардор Бердимуҳаммадов эълон шудааст.
Пулиси шаҳри Бишкек аз боз шудани парвандаҳои нав зидди рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров хабар додааст.
Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро ба гирифтани 9 ҳазор доллари дигар муттаҳам кардаанд. Мақомот мегӯянд, даъвои нав аз номи як сокини Бохтар расид, аммо ҳувияташро ошкор намекунанд.
Елдос Килимҷонов, як масъули додситонии кулли Қазоқистон, рӯзи 19-уми апрел гуфт, ки бетартибиҳои моҳи январи имсол дар он кишвар аз рӯи нақшаи ягона сурат гирифтааст.
Набиҷон Бекиҷонзода, сардори Идораи оташнишонии Бохтар, рӯзи 20-уми апрел гуфт, "шиддати нерӯи барқ баланд шуда, қаҳвахона оташ гирифтаст."
Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон тасмим гирифтааст, аз 1-уми май шумораи парвозҳоро байни Душанбеву Алмато аз як то се парвоз дар як ҳафта ва аз 1-уми июн аз 3 ба 4 парвоз зиёд кунад.
Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон даҳҳо коргари ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" рӯзи панҷум аст, ки бо талаби маоши бештар корпартоӣ доранд.
Бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон, ки дар даври чаҳоруми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи “Ғарб” аз тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, баъди чаҳор бохти пайиҳам шонси ба ҳаштякфинал баромаданро аз даст дод.
Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст. Мақомот ҳар рӯз дар бораи афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале сокинон бо нашри наворҳо аз вуҷуди “сарбозшикор” ё “облава” мегӯянд.
Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст. Мақомот ҳар рӯз дар бораи афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, вале сокинон бо нашри наворҳо аз вуҷуди “сарбозшикор” ё “облава” мегӯянд.