Вакилони мудофеи Мамай рӯзи 13-уми апрел аз додгоҳ хоста буданд, ки ӯро аз ҳабс озод кунад.
26 воситаи нақлиёт, 30 қитъаи замин, 23 манзил, 32 хона дар биноҳои бисёрошёна, 17 таваққуфгоҳ ва як киштии марбут ба Медведчук ҳабс шудааст.
Пайвандони Шоҳрухи Исмоил, корманди 24-солаи телевизиони “Душанбе”, мегӯянд, ӯро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Лаҳзаи “сарбозшикор”-и ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро барпо кард. Пайвандонаш ба додситонӣ шикоят бурдаанд.
Журналисти телевизиони пойтахтро аз кӯча ба артиш бурданд.
Оши хайрияи рамазонӣ барои сокинони деҳаи марзии Бобоҷон Ғафуров.
Камбуди об дар рӯди Панҷ кишоварзони хатлониро нигарон кардааст
Эътирози фаъолони қирғиз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бишкек.
Онҳо дар даст акси президент Эмомалӣ Раҳмон, парчами Қирғизистон ва кӯдакони қирғизистониеро доштанд, ки дар низоъҳои марзӣ фавтидаанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, бо ширкати 16 дастаи зӯртарини қора доир мегардад. То ҳоло 13 дастаи мунтахаби миллӣ маълум шудааст. Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ду гурӯҳ сурат гирифт, чаҳор тими миллӣ – Эрону Туркманистон (гурӯҳи «А») ва Узбекистону Тоҷикистон ( гурӯҳи «В») – ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд. Читать дальше...
Бритониё дар ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 13-уми апрел рӯйхати таҳримҳои зидди Русияро густариш дода, 206 тоҷиру сиёсатмадор, ҳамчунин аъзои хонаводаи онҳоро шомили таҳримҳо кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди марзбонони Қирғизистонро дар рӯйдоди 12-уми апрел дар сарҳад маҳкум кардааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, аз 1-уми январи имсол 457 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки бештарашон аз Русия ва Узбекистон мебошанд, ба он кишвар рафтаанд.
Гуруҳе аз тоҷирони "Корвон" гуфтанд, ки арзиши ҷой, пардохти ҳаррӯза ва ҳаққи посбонҳо дар бозори калонтарини Душанбе афзуда, онҳоро бо мушкил дучор кардааст. Мудири бозор тасдиқ кард, ки арзиши хадамот тағийр ёфт, вале мегӯяд, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Шумораи шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд дар Қазоқистон муваққатан зиндагӣ кунанд, афзоиш меёбад. Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Кожаев дар ҷаласаи порлумон гуфт, агар қаблан дар се моҳ 350-400 шаҳрванди Русия барои зисти муваққат дар кишвар дархости иҷозат мекарданд, ҳоло шумори онҳо ба беш аз ҳазор нафар расидааст. "Мо ҳамаи ин равандҳои муҳоҷиратро назорат мекунем. Дар мо низоми "Е-конак" кор мекунад ва ҳама тавассути он огоҳинома мефиристанд", - изҳор дошт вай. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон... Читать дальше...
Вазорати тандурусти Қирғизистон гуфт, то шоми 13-уми апрел се нафари дигаре барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат кард, ки дар натиҷаи низоъ дар марз бо Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои хадамоти матбуотии вазорат, дар умум 6 кас барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст. Ду нафари онҳо баъди расонидани ёрии тиббӣ аз беморхона рухсат шуданд. Дар ҳоли ҳозир чаҳор кас дар беморхонаи ноҳияи Лайлак қарор доранд, ки ду нафарашон низомӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо захмӣ тир доранд. Шоми 12-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон... Читать дальше...