Баъзе аз сокинон гуфтанд, пас аз ду соли пандемияи коронавирус бо хотири ҷамъ идро истиқбол гирифтанд. Иддае дигар гуфтанд, ки ҳоло аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳамин тавр гаронии нархи маҳсулот дар ташвишанд.
Додгоҳи Твер дар Маскав фаъолияти ширкати амрикоии Meta-ро "экстремистӣ" донист ва фаъолияташро дар ҳудуди Русия манъ кард.
Гурезаҳо ба Филиппо Грандӣ аз ояндаи норӯшани худ шикоят карданд, чун ба гуфтаи онҳо дар Тоҷикистон ҷойи кори муносиб надоранд, ба кишвари севум рафта наметавонанд ва бозгашт ба Афғонистон номумкин аст. Комиссари СММ ба паноҳҷӯён ваъдаи мушаххас надод.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик натавонистанд Наврӯзро дар ҳалқаи хонаводаҳояшон таҷлил кунанд. Онҳо чанд рӯз боз дар фурудгоҳҳои Русия дар интизори парвозанд ва маълум нест, он кай сурат мегирад.
Комиссари олии СММ дар шаҳри Ваҳдат бо паноҳандагони афғон вохӯрд.
Барои ҷалби ҳазорҳо нафар ба барномаҳои идона, таҳияи либос, ороиши саҳна, омодагиҳо барои пешвози раисҷумҳур чӣ миқдор маблағ сарф мешавад? Мақомот аз ифшои ин маблағ худдорӣ мекунад. Аммо ин мавзӯъ ҳамеша мавриди баҳсу интиқод аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил кард
Субҳи 21 -уми март ҳамкоронамон Нигораи Фазлиддин ва Алишер Зарифӣ ба пешвози корвони наврӯзӣ дар Душанбе баромаданд.
Як манбаъ дар Раёсати умури дохилии Бадахшон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки “Ифтихор Саидбеков ба авбошӣ гунаҳкор шуд ва аз кардаи худ пушаймон аст.”
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзҳои 25-ум ва 29-уми март дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор мешавад, шуруъ кард. Аввалин тамрини даста бо сарварии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ба дастаи мунтахаб барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – даъват шудаанд. Читать дальше...
Русия тақозо дошт, ки рӯзи 21-уми март ба нишони таслимшавӣ дар Мариупол парчами сафед афрохта шавад. Украина талаби таслимшавии шаҳри муҳосирашудаи Мариуполро рад кард.
Ҳавопаймои Boeing 737 ба ширкати China Eastern Airlines тааллуқ дошт. China Eastern яке аз се ширкати бузурги ҳавопаймоии Чин аст.
Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина, корхонаҳои "Электротяжмаш" ва "Турбоатом", ки солҳои дароз барои амалӣ кардани тарҳҳои энержӣ шарики муҳими Тоҷикистон буданд, мумкин аст, то марзи нобудӣ мерасанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистонро лозим меояд интихоби дигаре ёбад.
Саҳар Фитрат, як фаъоли ҳуқуқи башари афғон, гуфтааст, "бозкушоии мактабҳои миёна барои духтарон дар Афғонистон як қадами муҳим аст, аммо барои таъмини дастрасии духтарон ва занон ба таҳсил кофӣ нахоҳад буд."
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъд аз чаҳор моҳ ба интернет дастрасӣ пайдо карданд. Чанд нафар аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 21-уми март интернет фаъол шуд, вале бо "суръати суст".
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш, ки рӯзҳои 19-20-уми март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳашт медал (ду тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш миёни бузургсолон (мардону занон) беш аз 150 варзишгар аз 25 кишвар иштирок доштанд. Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ кард. Паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев, ки дар вазни +100 кг дар финал Шоҳрух Усмонови узбекистониро мағлуб намуд, бо медали тилло сарфароз гашт. Читать дальше...
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бори дигар хостори гуфтугӯ бо Владимир Путин, ҳамтои русаш шуд. Зеленский рӯзи якшанбе дар мусоҳибае бо телевизиони CNN гуфт, барои музокира бо Путин омодааст.
Дар ҳоле, ки ҷашни Наврӯз дар ҳама кишварҳои ҳавзаи ин ҷашни бостонӣ ба таври бошукӯҳ таҷлил мешавад, дар Афғонистон, ки хостгоҳи ин Наврӯзи Аҷам гуфта мешавад, хабаре аз баргузории расмии он нест.
Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 20-уми март фаро расидани Наврӯзро табрик гуфт ва изҳори умед кард, ки "соли нав нишонае аз поёни сахтиҳои калону хурд бошад".