Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина, корхонаҳои "Электротяжмаш" ва "Турбоатом", ки солҳои дароз барои амалӣ кардани тарҳҳои энержӣ шарики муҳими Тоҷикистон буданд, мумкин аст, то марзи нобудӣ мерасанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистонро лозим меояд интихоби дигаре ёбад.