Толибон ваъда дода буданд, ки рӯзи 23-юми марти имсол дари мактабҳоро ба рӯйи духтарони болотар аз синфи шашум боз мекунанд, вале зуд аз раъйи худ гаштанд. Ин рафтори Толибон вокунишу танқидҳоро дар ҷаҳон ба бор овард.
Муҳаммадҷони Нурӣ чанд сол боз дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Ӯ дар маҳфили намояндагони мухолифин дар Лаҳистону минтақаҳои дигар зоҳир шуд, вале ҳеч вақт изҳороту баёнияҳои шадидлаҳн надодааст.
Бино ба гузоришҳо, дар даргирии нав миёни нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон, се сарбози арманӣ кушта ва чаҳордаҳ дигар захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 25-уми март рӯй дод.
Чанде аз ҳамкоронаш рӯзи 26-уми март дар бораи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, вале иллаташро нагуфтанд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022» рӯзи сешанбеи 29-уми март дар шаҳри Намангони Узбекистон барои ҷои сеюм бо тими миллии Қирғизистон рақобат мекунад.
Бар асоси ин тақвим, нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст ва шахсоне, ки ин маблағро доранд, бояд аз он 875 сомонӣ закот диҳанд. Фитри рӯза, ки барои ҳар узви оила бояд ба камбизоатон дода шавад, имсол 7 сомонӣ таъин шудааст.
Қирғизистон 55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва 50 КамАЗ-и сохти Русия харидааст. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, қисми асосии онро ба сарҳад бо Тоҷикистон мефиристанд. Душанбе вокуниш накард.
Дар иттилоияи додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек омадааст, ки 17-уми март 7-8 нафар дар назди сафорати Русия дар Қирғизистон тазоҳурот карданд. Дар миёни онҳо Нурбек Токтакунов низ буд.
Шӯрои шаҳрии Мариупол рӯзи 25-уми март дар Телеграм хабар дод, ки тақрибан 1200 ғайринизомӣ дар ин бино пинҳон шуда буданд, то аз ҳамлаҳои Русия эмин бимонанд.