Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикиаш ба муносибати Наврӯз аз мардум хостааст, ки дар ин “солҳои вазнин барои башарият” сабур бошанд.
Сардор Бердимуҳаммадов, писари раҳбари худкомаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, расман ба курсии раиси ҷумҳур нишаст ва ҷойи падарашро гирифт, ки аз соли 2006 президенти кишвар буд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз рӯзи 21-уми март дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пурра барқарор мешавад. Сокинони ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, баъди тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли гузашта аз дастрасӣ ба интернет маҳрум буданд.
Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, муносибат бо паноҳҷӯён аз Украина сарфи назар аз миллаташон бояд яксон бошад. Бо ҳамлаи Русия ба Украина се миллион нафар ба Аврупо фирор карданд. Вале бархе аз паноҳҷӯён мегӯянд, дар гузаргоҳҳои марзии кишварҳои Аврупо муносибат бо ҳама паноҳҷӯён яксон нест. Филиппо Грандӣ, Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 18-уми март зимни сафараш ба Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан дар рӯзҳои аввали ҷанги Украина чунин ҳолатҳо ба чашм мерасид... Читать дальше...
Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022, ки бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Хатлон”-и Бохтар ба поён расид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 18-уми март дар Гулистон баргузор шуд, дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб барои ҷоизаи аслӣ мубориза бурданд. Замони асосии бозии ҳалкунанда бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Читать дальше...
Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, танҳо дар ҳамин сол бештар аз 13 700 кӯдаки афғон бинобар истеъмоли ғизои нокофӣ ва ё гуруснагӣ фавтидаанд, ки аломати дигаре аз бадтар шудани буҳрони башарӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст. Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 18-уми март бо нашри як баёния ва бо такя ба омори вазорати тандурустии Толибон навишт, ки бояд як системаи дурусти бонкӣ ба роҳ монда шавад, то барои рафъи буҳрони башарӣ дар Афғонистон чораҳое андешида шаванд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, ҳарчанд... Читать дальше...
Булғористон гуфт, ки 10 дипломати русро аз кишвар меронад ва Эстонияву Латвияву Литва ҳам гуфтанд, ки айни корро хоҳанд кард.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои чинии худ Ши Ҷинпинг гуфтааст, ки дар сурати ҳаргуна кумаки Чин ба Русия дар ҷанг ба зидди Украина, Пекин “подош”-и амалашро мегирад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Панҷакентро бо гуноҳи қатли як ҳамдеҳааш дар 16 соли пеш ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст. Додситонии кулл рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки Сироҷиддин Узоқовро, ки соли 2006 дар сафи неруҳои марзбонӣ хидмат мекард, додгоҳ рӯзи 17-уми феврал дар қатли ҳамдеҳааш Норбоев Х гунаҳкор донист ва ӯро ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки Сироҷиддин Узоқов шаби 20-уми августи соли 2006 аз... Читать дальше...
Бо гузашти бештар аз се ҳафта аз ҷанги Русия дар Украина, раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Зеленский хостори гуфтугуҳои тоза миёни Маскав ва Киев шуд. Айни замон даргириҳо дар Украина авҷ мегиранд ва Русия гуфт, ки неруҳояш вориди шаҳри бандарӣ ва стратегии Мариупол шудаанд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз рӯзи 21-уми март дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пурра барқарор мешавад. Сокинони ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, баъди тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли гузашта аз дастрасӣ ба интернет маҳрум буданд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ аз рӯзи 21-уми март дастрасӣ ба интернет дар вилоят барқарор мешавад. Айни замон ӯ гуфт: “Агар аз тарафи ягон кас туҳмат,... Читать дальше...
Ҷанги Русия дар Украина тоҷикону тоҷикистониёнро дар ду ҷабҳа қарор додааст ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мардум ба гуруҳи тарафдорон ва мухолифони ҷанг тақсим шудаанд.