Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши Афви Байнулмилал ё Amnesty International, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда арзёбӣ кардааст, яксон нест. Иддае бо хулосаҳои гузориш ҳамнавоянд, вале баъзеи дигар "аз будаш зиёд" мешуморанд.
Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши Афви Байнулмилал ё Amnesty International, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда арзёбӣ кардааст, яксон нест. Иддае бо хулосаҳои гузориш ҳамнавоянд, вале баъзеи дигар "аз будаш зиёд" мешуморанд.
Як духтари 13-солаи тоҷик, ки ҳамеша бо дасту пой дар рӯйи замин ҳаракат мекард ё ба қавле “чорғов” мерафт, акнун қадамҳои аввалини худро мегузорад. Ӯ дигар маҷбур нест, барои берун рафтан ба дасташ ҳам пояфзол бипӯшад.
Шӯрои мазкур бо ҳадафи "таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал ва ба эътидол овардани вазъ дар бозори озуқа" ташкил дода шудааст.
Як духтари 13-солаи тоҷик, ки то ин дам бо дасту зонуҳояш дар рӯйи замин ҳаракат мекард, акнун қадамҳои аввалини худро мегузорад. Волидонаш гуфтанд, се бародараш низ мустақилона роҳ рафта наметавонанд. Пизишкон қазияро ба никоҳи хешутаборӣ рабт медиҳанд, волидон хости Худо медонанд.
Дар вилояти Хатлон марги зану шавҳари ҷавонеро таҳқиқ доранд, ки ҷасади овезони онҳоро баъд аз се рӯзи тӯй ёфтаанд. Ҳодиса шаби 27-уми марти имсол дар Вахш рӯй додааст. Пайвандонашон ба худкушӣ будани ҳодиса таъкид доранд. Дар Додситонӣ гуфтанд, таҳқиқ ҷараён дорад, аммо парванда боз нашудааст.
Раиси порлумони Қирғизистон Талант Мамитов аз Русия даъват кард, ки дар соли ҷорӣ як бори дигар "авфи муҳоҷирон"-и қирғизистониро эълом кунад.
Чаро Шарифбек ва Гулҳавас баъди се рӯзи тӯй худкушӣ карданд? Муфаттишон ва наздикони ин ҷуфт посухи ин суолро то ҳол наёфтаанд.
Ӯ дар як шарҳаш ваъда додааст, ки барои ором намудани "миллатгароёни Қазоқистон" ба президенти Русия муроҷиат мекунад.
Сухангӯи дабири кулли СММ марги онҳоро тасдиқ кард ва шаҳрвандии қурбониёнро эълон дошт. Ӯ гуфт, шаш нафари онҳо покистонӣ, як рус ва як серб буданд.
Талошҳои хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ барои дарёфти назари пулиси Алмато дар ин замина бенатиҷа буданд.
Сайнахш Раҳмонзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар порлумон, гуфт, "акнун сокинони кишвар то 10 рӯзи корӣ аз сабтином дар мақомоти кишвари ҳамсоя озоданд."
Интиқол тавассути лӯлаҳои дигар, аз ҷумла "Ҷараёни шимол - 1" идома дорад.
Пайвандони Саидмуъмин Давронов, сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин даъвои додгоҳӣ дошт, ба заминфурӯшӣ гумонбар шудааст. Ӯро 25-уми марти имсол дастгир карданд. Наздиконаш ба бегуноҳии Давронов пойфишорӣ доранд.
Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки дар Душанбе бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора ҷараён дорад, имрӯз, 30-юми март, ба поён мерасад.
Ба огаҳии БАБР, бонки "Асака" $60 млн, "Ипотека бонк" $30 млн, Бонки миллии Узбекистон $40 млн ва "Узпромстройбонк" $80 млн дарёфт мекунанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ тими миллии Угандаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, барандаи "Ҷоми Наврӯз-2022" гардид. Бозии ниҳоӣ шоми сешанбеи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангон баргузор шуд. Дар бозии ниҳоӣ дар ҳайати дастаи ғолиб Элдор Шомуродов се гол зада, хет-трик кард. Голи аввалинро дар ин дидор ҳамдастаи ӯ Ҷалолиддин Машарипов ба самар расонид. Ду голи мунтахаби Угандаро Фаруку Мия ва Милтон Кариса заданд. Сардовари ин... Читать дальше...
Ҳудуди 50 соҳибкор аз вилояти Таласи Қирғизистон 29-уми март ба нишони эътироз тазоҳурот карданд. Онҳо талаб доранд, ки нархи шир гаронтар шавад. Бо эътирозгарон намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилоят Бакитбек Нарбеков мулоқот кард. Соҳибкорон гуфтанд, бо вуҷуди гаронтар шудани нархи маҳсулот ҳанӯз ҳам як литр ширро бо нархи 30 сом месупоранд. Намояндаи президенти Қирғизистон гуфт, комиссияи махсус вазъ ва талаби соҳибкоронро меомӯзад ва дар хариду фурӯши шири сокинон бояд миёнаравҳо коҳиш дода шаванд. Читать дальше...
Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хонаи боҳашамати худро дар шаҳри Лондон ба фурӯш гузоштааст. Хона дар Денвуд-роуди Лондон ҷойгир буда, бар ивази 11 миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Яъне, назар ба нархе, ки як ширкати марбут ба духтари Назарбоев соли 2008 онро харидорӣ карда буд, 300 ҳазор фунт камтар фурӯха хоҳад шуд. Ин дороии Назарбоева дар Лондон соли 2020 баъди он расонаӣ шуд, ки Оҷонси миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзилҳои... Читать дальше...
Ҳукумати аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро дар пайванд ба бемории коронавирус, саркӯби озодии баёну мунтақидон, истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ дар хонаву боздоштгоҳҳо ва масоили дигар ба шиддат танқид кардаанд.