Дар бисёре аз кишварҳо, аз Осиёи Марказӣ гирифта то Қафқозу Ховари Миёна ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон, рӯзи 21-уми март Наврӯз – соли нави форсиро таҷлил карданд. Чӣ гуна? Дар аксҳои зер бинед.
Шаби 20-уми март дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба ноҳияи Подолски шаҳри Киев чанд қабати маркази тиҷоратии "Ретровилл" ва мошинҳои канори марказ оташ гирифтанд.
Киштии 140-метрӣ соли 2020 дар обҳои Олмон ба шино баромад. Соҳиби киштӣ махфӣ нигаҳ дошта мешавад. Миёнаҳои моҳи марти имсол нашрияи The New York Times бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки мақомдорони амрикоӣ онро ба президенти Русия Владимир Путин рабт медиҳанд.
Аз бахшҳои шаҳри Мариуполи Украина фақат вайрона мондааст. Аксҳои моҳвораӣ дуди ғализеро нишон медиҳанд, баъди бомбаборони хонаҳои истиқоматӣ ба ҳаво печидаанд.
Ба сабаби таҳримҳои иқтисодӣ ба Русия, баъзе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар парвоз ба Тоҷикистон ба мушкил дучор шудаанд. Мусофирон мунтазиранд, ки кай мушкил ҳал мешаваду онҳо ба Русия мераванд ё аз онҷо бармегарданд.
Дар Тоҷикистон бо фаро расидани баҳору Наврӯз духтарон ба пироҳанҳое рӯ овардаанд, ки ба гуфтаи як тарроҳ "тоҷикон 50-60 сол пеш мепӯшиданд". Чӣ гуна пироҳанҳо. Худатон дар ин видео бубинед.
Бар пояи ин феҳрист, шаҳрҳои Деҳлӣ (Ҳиндустон), Дакка (Бангладеш) ва Нджамена (Чад) дар садри пойтахтҳои ҳавояшон нопоктарини дунё қарор доранд.
Мақомот гуфтанд, Навалний ба қаллобӣ ва таҳқир гунаҳкор дониста шудааст. Чизе, ки ӯ ва ҷонибдоронаш розӣ нестанд ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Бино ба хабари дарёфтӣ, рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз вилояти Хатлон ва бархе аз вилояти Суғд ҳастанд.
Рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Баъзе аз онҳо аз Хатлон ва бархе аз Суғд ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистону Русия ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд. Пайвандон аз додани тафсилот худдорӣ меварзанд.
Масъулонаш сабаби чунин тасмимро ба "кушта шудани чанд нафар дар Бадахшон" ва "ҷанги Русия дар Украина" пайванд доданд.
Нашрия 20-уми март бо такя ба Вазорати дифои Русия гуфтааст, аз оғози ҷанг дар рӯзи 24-уми феврали имсол "9861 сарбози рус кушта шудаанд".
Аз хадамоти матбуотии президенти Узбекистон гуфтанд, ду президент атрофи "рӯйдодҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла вазъ атрофи Украина" табодули назар карданд.
Гумруки Финлания 21 яхта ё киштии хусусии соҳибкорон ва ширкатҳои русиро боздошт кардааст.
Ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" (Ural Airlines) аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс, садҳо нафарро дар фурудгоҳҳои Душанбеву Маскав ва шаҳрҳои дигар сарсон кардааст.
Садҳо ҳазор шаҳрванди Русия ба далели ҷанг дар Украина ва буҳрони иқтисодие, ки дар пайи он ба миён омадааст, ватани худро тарк мекунанд. Бисёре аз онҳо ба Узбекистон ҷойгир шудаанд.
Эътирози дастаҷамъии украиниҳо дар манотиқи ишғолшудаи ин кишвар.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин ва ҳамтои эрониаш Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар бораи мавзуъҳои матраҳ дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ гуфтугӯ кардаанд. Ин ҳамоиш 22-юми март дар шаҳри Исломобод -- пойтахти Покистон баргузор мешавад.
Ширкати “Уралские авиалинии” парвози ҳавопаймоҳояшро ба (аз) Тоҷикистон ба таъхир гузошта, чанд парвозро пурра бекор кардааст.
Гуфтугӯҳои намояндагони Русияву Украина қариб ҳамарӯза дар шакли видеоӣ давом доранд, аммо ба натиҷае нарасидаанд. Амалиёти ҷангӣ низ идома дорад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, дар остонаи Наврӯз фармони афви маҳбусонеро имзо кард, ки аз содир кардани ҷиноят "пушаймон ва ислоҳ шудаанд".