То рӯзи 4-уми март 1314 шаҳрванди Тоҷикистон хоки Украинаро тарк кардаанд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев, рӯзи 5-уми март гуфт, "1176 нафар ба Лаҳистон ва 138 кас ба Молдова интиқол дода шуданд."
"Росавиатсия" ба ширкатҳои русӣ маслиҳат додааст, аз 8-уми марти имсол бо ҳавопаймоҳое, ки ба иҷора гирифта шудаанд, ба хориҷа парвоз анҷом надиҳанд. Дар ин қатор Беларус истисно аст.
Арзиши як халта амофоска, карбамид, селитра ва нистраамофоска аз 300 сомонии соли гузашта то 500 сомонӣ боло рафт. Кишоварзон аз манотиқи гуногуни кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин сабаб кишти имсола дар нимароҳ мондааст.
Дар Тоҷикистон нархи нуриҳои минералӣ бисёр боло рафтааст. Ҳоло деҳқонон метарсанд, ки имсол ҳосили зироаташон кам мешаваду ҳама чиз гарон.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон ва раҳбари шабакаи «Ҳаққонӣ», машҳур бо тахаллуси «Халифа», бори аввал дар баробари расонаҳо зоҳир шуд. Номи ӯ ҳанӯз дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид боқист.
Мақомоти Украина гуфтанд, бо вуҷуди эъломи расмии Вазорати дифоъ, нерӯҳои Русия оташбаси муваққатро дар Мариупол ва Волноваха поймол карданд. Ба ин далел, нақшаи берун бурдани аҳолии осоишта иҷро нашудааст.
Масъулонаш дар Телеграм сабаби тасмимро ба "вазъи ҳозира" пайванд дода, тафсилоти дигар ироа накардаанд. Дар асл ин тасмим дар пайи таҳримҳои сахти Ғарб алайҳи Русия ва ширкату мансабдоронаш эълон шуд.
"Онҳо асосан дар Харков кору зиндагӣ мекарданд. Бо оғози даргириҳо, дар таҳхонаҳо буданд ва онҷо шуши кӯдакро сармо задааст. Сипас ба Лвов рафтанд, то аз ин роҳ ба кишварҳои ҳамсоя гузаранд. Тифл аз пневмония даргузашт."
Сокинони даҳҳо манзили зист дар як бинои навсохти вилояти Суғд аз он шикоят доранд, ки як сол боз наметавонанд, санади хонаҳояшонро бигиранд. Набуди санади манзил кору зиндагии онҳоро мушкил кардааст. Мақомот ваъда додаанд, ки ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.
Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи хунин дар шаҳри Пешовари Покистонро ба уҳда гирифт.
Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Русия, Вазорати дифои ин кишвар дастур додааст, ки рӯзи 5-уми март дар шаҳрҳои ишғолшудаи Мариупол ва Волновахаи Украина оташбасро “қисман” риоя кунанд, то аҳолии осоишта аз онҷо бираванд.
Артиши Украина ҳушдор додааст, ки нерӯҳои ишғолгари Русия барои муҳосираи пойтахт, Киев, меҷанганд ва ҳамзамон даргирии шадид дар шаҳри Харков идома дорад. Нигарониҳо аз афзоиши талафоти ғайринизомиён торафт бештар мешавад.
Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири собиқи президенти Тоҷикистон пас аз чанд муддати хомӯшӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина вокуниш кард.
Раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократ ва мушовири собиқи президенти Тоҷикистон пас аз чанд муддати хомӯшӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина вокуниш кард. Раҳматилло Зоиров гуфт, тасмими Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар мавриди ҳамла ба Украина «то он дараҷа дуруст нест».
Ба сабаби таҳримҳо ба зидди Русия, дар Тоҷикистон бонкҳо фурӯши доллар ба мизоҷонашонро кам кардаанд. Соҳибкорону тоҷирон, ки молу маҳсулотро аз хориҷ бо доллар мехаранд, мегуянд, дар тиҷораташон мушкил пеш омадааст.
Ба сабаби таҳримҳо ба зидди Русия, бонкҳои Тоҷикистон фурӯши долларро ба мизоҷон кам кардаанд. Соҳибкороне, ки молу маҳсулотро аз хориҷ меоранд, гуфтанд, дар тиҷораташон мушкил пеш омадааст.