Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт.
Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз Дэвид Клеммертиро низ мағлуб шуд
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, пулиси Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуданд, ҷарима баста ва озод карданд.
Иттиҳоди Аврупо аз қарори Амрико барои бардоштани таҳримот ба зидди додситони аршади Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ изҳори хушнудӣ кард. Ҷозеп Боррел, масъули сиёсатҳои умури хориҷии иттиҳод рӯзи 3-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт:”Ин як қадами муҳимест, ки аҳди Амрико барои риояти низоми меъёрҳои байналмилалиро нишон медиҳад.” Ӯ афзуд: “Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ нақши муҳимеро ҷиҳати барқарории адолат барои онҳое мебозад, ки ҷабри ваҳшатноктарин ҷиноятҳо дар ҷаҳонро кашидаанд. Муҳофизати... Читать дальше...
Мақомоти расмии Тоҷикистон сабаби сурат нагирифтани нахустин парвози маъмулӣ ба Русияро шарҳ дода ва айни замон ба мусофирон ваъда додаанд, ки онҳоро ҳафтаи оянда ба Маскав мебаранд.
Дар натиҷаи чанд бомбгузорӣ дар Афғонистон камаш 5 нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати умури хориҷии Эрон пешниҳоди “қадам ба қадам” бардоштани таҳримот ба зидди ин кишварро рад кардааст. Саид Хатибзода, сухангӯи вазорат рӯзи 3-уми апрел дар гуфтугу бо телевизиони давлатии “Пресс ТВ” гуфт: “Сиёсати қатъии Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки тамоми таҳримоти Амрико бардошта шаванд.” Ҷейлин Портер, яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 2-уми апрел гуфт, дар гуфтугуҳои ҳафтаи оянда дар шаҳри Вена дар бораи эҳёи созиши атомии соли 2015 тамаркуз ба “иқдомоти... Читать дальше...
Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми апрел 60-сола мешавад. Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашни зодрӯзаш бо ӯ суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки имрӯзҳо саргарми чӣ корҳое ҳаст?
Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми апрел 60-сола мешавад. Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашни зодрӯзаш бо ӯ суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки имрӯзҳо саргарми чӣ корҳое ҳаст?
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳримот ба зидди чанде аз мақомоти баландпояи Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалиро бардошт ва аз ҷумла таҳримот ба зидди як додситонеро, ки ба зидди сарбозони амрикоӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 2-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт, вазорат ба ин қарор омад, ки таҳримот “номуносиб ва бесамар” будаанд. Таҳримотро соли гузашта Майк Помпео, вазири собиқи умури хориҷӣ ба зидди додситон... Читать дальше...
Як ронандае бо равона кардани мошини худ ба рӯи ду афсари пулис, ки бинои порлумони Амрикоро посбонӣ мекарданд, якеро кушт ва дуввумиро захмӣ кард. Худи ронандаро, ки ба афсарон бо корд таҳдид кардааст, дар ҷойи ҳодиса бо зарби тири туфанг куштаанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии олимпии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ, ки рӯзҳои 9-11-уми апрел дар Алмаатои Қазоқистон доир мешавад, ширкат меварзанд.
Ҳафтаи гузашта раиси Хадамоти амнияти Қирғизистон аз музокироти марзӣ бо Узбекистон баргашт ва иддао кард, ки тамоми қитъаҳои баҳсии марзӣ миёни ду кишвар, ки аз замони Шӯравӣ мондаанд, “100 фоиз ҳал шуданд”.
Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, ба парвозҳои мунтазам байни ду кишвар оғоз бахшад, сурат нагирифт.
Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел, соати 3:30, даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав барад ва ба ин тартиб, ба парвозҳои мунтазам байни ду кишвар оғоз бахшад, сурат нагирифт.