Бар асари заҳролудшавӣ аз "консерваи бодирингу помидор" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, рӯзи якуми ноябр яке аз онҳо фавтидааст. Дар Хадамоти назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Данғара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ҳамаи беморон таҳти назорати табибон қарор доранд. Афроди заҳролудшуда ҳама сокинони деҳаи Меҳробод будаанд. Бобоҷон Ғуломзода, сардори Хадамоти назорати санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Данғара сешанбеи 3-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аввалин нафаре... Читать дальше...
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки рӯзи 2-юми ноябр дар шаҳри Опол-Любелски Лаҳистон як зодаи 16-солаи Қазоқистон парронда шудааст. Зодаи Қазоқистон аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Бино ба хабари Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, вай барои таҳсил ба Лаҳистон рафта буд. "Дар натиҷаи ҷароҳат аз тир шаҳрванди Қазоқистон, соли таваллудаш 2004, дар ҷои ҳодиса фавтид. Тафтишот идома дорад", - омадааст дар хабар. Гумонбарон ҳоло пайдо нашудаанд. Ба иттилои додситонии шаҳри Люблин... Читать дальше...