Деҳқонони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро шеваи ҷамъоварии андоз ё молиёт аз заминҳои кишташон нигарон кардааст.
Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, қасд дорад, ки дар ояндаи наздик ваксинаи Sputnik V бигирад.
Дар пайи суқут ё афтодани чархболи низомӣ дар Покистон чаҳор сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 27-уми декабр дар наздикии марзи он кишвар бо Чин рух дод.
Падари Рӯҳуллоҳ Зам, хабарнигоре, ки понздаҳ рӯз пеш дар Эрон эъдом шуд, дар солҳои 80-ум раиси Оҷонси таблиғоти давлатӣ буд ва номи писарашро ба хотири раҳбари инқилоб ва бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ (Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ) гузоштааст. Аммо Зам баъди он ки калон шуд, ба зидди низом бархост.
Ба имтиҳон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки аввал пули шартномаи донишгоҳро супоред." Дар як ҳафтаи охир бо ин мазмун даҳҳо донишҷӯ аз Кӯлобу Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.
"Ба имтиҳон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки аввал пули шартномаи донишгоҳро супоред." Дар як ҳафтаи охир бо ин мазмун даҳҳо донишҷӯ аз Кӯлобу Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.
Чанд кишвар аз сабти навъи тоза (нав)-и коронавирус хабар доданд. Чаҳор маврид дар Испания, як маврид дар Шветсия ва ду ҳолати дигар дар Канада будааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 90 нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтаанд.
Агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тасмими Конгрессро дар мавриди бастаи дувуми ёриҳо имзо накунад, миллионҳо нафар аз дарёфти кумак дар аҳди пандемия маҳрум хоҳанд шуд.
Дар натиҷаи барфбории шадид дар Эрон ҳадди ақал 10 кӯҳнавард ҷон бохтаанд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 26-уми декабр гузориш дод, ки иддае дигар аз кӯҳнавардон нопадид шуданд.
Дилноза Каримова, овозхони шинохта, ки ду сол пеш фарзанду модарашро аз даст дод, мегӯяд, ҳарчанд майли сарояндагӣ надошт, хоҳиши як модари тоҷик ӯро ба саҳна баргардонд. Дилноза аз сахтиҳову таваллуди фарзандаш дар аҳди коронавирус суҳбат кард. Худатон инҷо бубинед.
Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳ ва бахусус дар аҳди коронавируси нав аз хориҷ ба маблағи бештар аз 41 миллион доллар ёрии башардӯстона гирифтааст.