Як меҳмонхона дар маркази Парижи Фаронса, ки ба далели набуди сайёҳон, рӯзҳои сахтро пушти сар мекард, ба макони зисти афроди бехона ва оворагард табдил ёфтааст.
Ҳукумати Швейтсария ва ЮНИСЕФ, фонди кӯдакони СММ барои мубориза ба коронавирус ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари амрикоӣ лавозимот кӯмак кардаанд. Бештари ин кӯмакҳо, мисли 6840 ҳазор либосҳои муҳофизатии якбористифодашаванда, 10 ҳазор дастпушакҳои санитарӣ, 3900 ниқоби тиббӣ, 200 ҷуфт музаҳои резинии обногузар ва маҳлулҳо барои поккорӣ ба пизишконе дода хоҳад шуд, ки бо гирифторони коронавирус кор мекунанд. Намояндагии СММ дар Тоҷикитон бо нашри ин хабар гуфтааст... Читать дальше...
Мухолифони Арманистон дар тазоҳуроти рӯзи 5-уми декабр барои созиши баҳсбарнгез дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинянро карданд. Моҳи гузашта бо миёнаравии Русия Арманистон пас аз ҷанги думоҳа бо Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ созишномаи оташбас имзо карданд. Бар асоси ин созишнома бархе минтақаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ зери назорати Озарбойҷон қарор гирифт. Наздиик 20 000 эътирозгар дар маркази Ереван ҷамъ омада, бо шиорҳои "Николи хиёнаткор" ва "Арманистони бидуни Никол"... Читать дальше...
Дар шаҳри Панҷакент бинои дуошёнаи як “Маркази зебоӣ” оташ гирифтааст. Ҳодиса соати 8-и субҳи 6-уми декабр рӯх додааст. Корбарон бо ирсоли навори лаҳзаи сӯхтор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мошинҳои оташнишонӣ ба маҳали сӯхтор дер расиданд ва сари вақт онро хомӯш карда натавонистанд. Абдуҷаббор Шодмонзода, сардори бахши Хадамоти оташнишонӣ дар Панҷакент дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва алангаи оташро хомӯш карданд. “Мо зуд рафтем ва оташро хомӯш кардем. Читать дальше...
Чанд тан аз эътирозгарон дар як гирдиҳамоӣ дар Хабаровск дар Шарқи Дури Русия боздошт шудаанд. Сокинони Хабаровск бо вуҷуди ҳавои сард рӯзи 5-уми декабр низ барои эътироз ба хиёбон баромаданд. Онҳо 148 рӯз боз барои боздошти Сергей Фургал, волии ин вилоят эътироз мекунанд. Хабаровск яке аз минтақаҳои сарди Русия аст. Дар гирдиҳамоии рӯзи 5-уми декабр беш аз 150 нафар ширкат дошт. Пулис шаш нафарро барои нақзи қонун дар бораи эътироз боздошт кард. Ҳафтаи гузашта як рӯзноманигорро низ боздошт карданд. Читать дальше...
Гардишгари рус Анна Смолина ҳамроҳ бо шавҳари худ Валерий Болт ва сагашон дар соли 2018 масири Помирро аз шаҳри Ӯши Қирғизистон то Мурғоб, сипас тавассути ноҳияи Ишкошим то Хоруғ пиёда тай карданд.
Киштиҳои қубуркашӣ Русия барои идомаи сохтмони лӯлаи гази табиӣ, ки ИМА ва Украина мухолиф он ҳастанд, ба маҳали сохтмон дар баҳри Балтик ҳаракат кардаанд. Мақомоти киштиронии Олмон ба киштиронҳо машварат додаанд, ки аз 5 то 31-уми декабр аз ин минтақаи баҳри Балтик убур накунанд, чун дар он ҷо лӯла гузошта мешавад. Бо вуҷуди таҳдиди таҳримҳо аз ҷониби ИМА Русия барои сохтмони ин лӯла талош дорад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Берлин рӯзи 5-уми декабр аз Олмон даъват кард, ки сохтмони лӯларо қатъ кунад ва бо ишораи рӯшан нишон диҳад... Читать дальше...
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки маҳдудиятҳо вобаста ба коронавирусро лағв мекунанд ва ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳаққи вуруд медиҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 5-уми декабр дар як изҳорот гуфт, ки хориҷиён метавонанд аз тариқи фурудгоҳҳои байналмилалии Манас, Ош ва Иссиқкӯл вориди ин кишвар шаванд. Мусофирон ҳангоми вуруд ба Қирғизистон бояд бо худ натиҷаи озмоишеро дошта бошанд, ки гирифтор набудани онҳоро ба коронавирус исбот кунад. Мӯҳлати ин маълумотномаи тиббӣ набояд аз 72 соат бештар бошад. Читать дальше...
Сармураббии дастаи "Уфа", Рашид Раҳимов ба далели беморӣ ҳамроҳи дастпарваронаш ба қаҳрамонии Русия парвоз накард
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз паноҳгоҳҳои ин кдавлати арабӣ ба ватан мулоқот кардааст.
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, Ержан Залилов, варзишкори украинӣ Данило Савченкоро шикаст дод
Қаробоғ ватани Бобоев Андрей Аванесович, муаллифи машҳуртарин суруди ҶШС Тоҷикистон – “Ман бо духтаре вохӯрдам” (Я встретил девушку) дар асоси шеъри Мирзо Турсунзода аз филми ҳамном мебошад.