Бар асари таркиши балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ як нафар ҷони худро аз даст додааст.
Як навъи молиёт дар Тоҷикистон, ки баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ онро "ноодилоона" ва коршиносон "такрори андозҳои дигар" хондаанд, имсол ҳам бекор нашуд.
Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Назокатхон Тоҳирова, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, ки ба қатли чаҳор фарзандаш гумонбар аст, 25 соли зиндон хостааст.
Раиси ҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида гуфт, гузориш дар бораи вазъияти бекорӣ дар Амрико нишон медиҳад, ки беҳбуди иқтисод "дар як ҷой истодааст". Ҷо Байден аз Конгрес хост, тарҳи ёрӣ барои ҷуброни зиёнҳои расида аз бемории коронавирусро қабул кунад. Вай афзуд, агар Конгрес натавонад зуд даст ба кор шавад, "оянда бисёр ғамафзо хоҳад буд". Гузориши ахири ҳукумати Амрико, ки рӯзи 4-уми декабр нашр шуд, вазъияти бозори кори ин кишварро дар моҳи ноябр нишон медиҳад. Ҷо Байден ҳамчунон ба хабарнигорон гуфт... Читать дальше...
Иёлоти Муттаҳида панҷ барномаи муштаракро бо Чин бекор карда ва гуфтааст, Пекин мехост аз онҳо ҳамчун дастгоҳи таблиғотӣ истифода кунад.
Булғористон гуфт, дар ҳафт соли оянда 28 маркази беморони рӯҳӣ ва маълулонро мебандад.
Порлумони Украина ба ҷонибдорӣ аз қонуне раъй дод, ки бар асоси он мансабдорон барои пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи дороиҳояшон муҷозот хоҳанд шуд.
Садои Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.
Дар ҳоле ки мақомоти расмӣ дар ин бора ҳеч гузориш надодаанд, Зоиров мегӯяд, дар амалиёти боздошти Маҳмурод Одинаев гуруҳе аз маъмурони умури дохиливу амниятӣ ва дар маҷмуъ тақрибан 15 нафар иштирок кардаанд.
Гузориши маҳрамона ё махфии Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, ки ба дасти хабаргузории "Ройтерз" расидааст, нишон медиҳад, ки Эрон дар назар дорад таъсисот ё иншооти зеризаминии Натанзро бо се сентрифугаи пешрафта муҷаҳҳаз кунад.
"Барқ нест!" Ба ин мазмун ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём менависанд. Онҳо мегӯянд, ки истеҳолот, тиҷорат, таҳсил ё табобаташон аз бебарқӣ зиён дидааст.
"Барқ нест!" Ба ин мазмун ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ паём менависанд. Онҳо мегӯянд, ки истеҳолот, тиҷорат, таҳсил ё табобаташон аз бебарқӣ зиён дидааст.
Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Бархе ҳангоми сӯзандору задан ӯро ба тасвир гирифтаанд ва баъзеи дигар ситоиш кардаанд, ки нотарсида барои ёрӣ ба хонаашон рафтааст.
Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Ӯ аз аввалин ихтиёриён (волонтёрон) ё ризокороне буд, ки тавассути Фейсбук омодагиашро барои кумак ба беморон эълон кард.