Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғона дар Узбекистон аз қатъ шудани сохтмони боғчаи бачагона, ки Тоҷикистон ваъда дода буд онро сохтаву ба истифода медиҳад, нигаронанд.
Вазири корҳои хориҷии Амрико Русияро муттаҳам кард, ки дар паси ҳамлаи сайберӣ ё кибернетикӣ ба идораҳои Амрико ва аҳдофи тиҷоратӣ дар сартосари ҷаҳон қарор дорад.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, рӯзи 19-уми декабр дар роҳпаймоии бахшида ба хотири қурбониёни ҷанги ахири Қаробоғи Кӯҳӣ дар Ереван иштирок кард.
Тед Липйен, корманди пешини "Садои Амрико", президенти нави Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шуд. Таъйини ӯ 19-уми декабр ва аз тарафи Майкл Пак, раиси USAGM (Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида) сурат гирифт.
Ду рӯз инҷониб дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии шаҳри Маскав Ҷоми ҷаҳонии самбо ба ёдбуди Анатолий Харлампиев-2020 ҷараён дорад, ки дар он 11 нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик ширкат доранд
Пайвандони Асрориддин Розиқов гуфтанд, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст. Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.
Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Русия дар пушти ҳамлаҳои кибернетикӣ ё сайберӣ ба чандин идораи давлатии Иёлоти Муттаҳида меистад.
Идораи ғизову дорувори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои истифодаи фаврӣ аз ваксинаи дувуми зидди коронавирус, ки маҳсули ширкати Moderna аст, иҷозат дод.
Тимҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистону Эрон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, дар Душанбе бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд.
Дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ ҳаст ё не? Меҳмонони барнома Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқ ва Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ҳастанд.
Рӯзи 20-уми ноябри имсол Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, баъд аз эълони ҳукмаш фарёд кашид, ки"дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест". Ӯро, ки беш аз се даҳсола дар мақомҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст, барои суистифода аз мақом ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.
Тибқи барнома тимҳои миллии ҷавонону наврасон Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт
Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон гуфт, ӯ бояд аз коронавируси нав табобат бигирад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман иддао доранд, дар он кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз рушди демократияву пешрафти иқтисод ва таъмини озодии баёну виҷдон суҳбат мекунанд, имсол кишвар дар раддабандии созмонҳои байнулмилалӣ аксаран дар ҷойгоҳи поин қарор гирифтааст.
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, ҳадафи асосӣ аз таҳримҳои ин кишвар ба зидди Туркия пешгирӣ аз густариши нуфузи Русия ба ҳисоб меравад.