Оташнишонҳо тавонистанд сӯхтори бузург дар бандари шаҳри Бейрути Лубнонро то шоми 10 сентябр хомӯш созанд. Мақомоти Лубнон гуфтанд, эҳтимол дорад, сӯхтор бар асари амалҳои бадхоҳона сар зада бошад. Ин оташсӯзӣ дар анбори равғанҳои молиданӣ ва чархҳои мошин ба миён омадааст. Барои хомӯш кардани он тамоми оташнишонҳои шаҳр сафарбар шуда, дертар ба онҳо чархболҳои низомӣ низ пайвастанд. Президенти Лубнон Мишел Аун гуфт, эҳтимоли даст доштани нерӯи хориҷӣ дар таркиши Бейрут вуҷуд дорад. "Оташсӯзии... Читать дальше...
Раиси Анҷумани "Узчармсаноат" Фахриддин Бобоев дар суҳбат бо Review.uz гуфт, қарор аст дар Узбекистон истеҳсоли пойафзоли брендҳои маъруфи Nike ва Adidas ба роҳ монда шавад. "Бо ширкатҳои маъруфи Nike ва Adidas барои ворид шуданашон ба бозори мо қарордод имзо шудааст. Истеҳсоли пойафзолҳои варзишӣ қарор аст дар вилояти Андиҷон ба роҳ монда шавад",-афзуд ӯ. Ба гуфтаи ӯ, Узбекистон ба андозаи кофӣ маҳсулоти пусти хоми босифат ва нерӯи кории арзонтар дорад. "Ҳамаи ин "имтиёзҳо" бояд ба шарикони тавонманд расонида шавад. Читать дальше...
Президенти Сербистон Александр Вучич гуфт, ҳамтои русаш Владимир Путин ва вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров ба хотири шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия ба боздиди ҳайати сербӣ аз шаҳри Вашингтон узр пурсиданд. Телевизиони давлатии Сербистон - RTS дар ин бора бо истинод ба изҳороти Вучич иттилоъ дод. "Путин ва Лавров ҳечгоҳ барои чизе аз ман узр напурсида буданд. Вале ба хотири навиштаи Захарова ин корро карданд. Дар ҳоле, ки ман аслан онро ёдоварӣ накардам ва ҳамчун одами тарбиятдида ҳечгоҳ низ ёдовар намешудам. Читать дальше...
Бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол рӯзҳои 13-ум ва 15-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, рӯзи якшанбе, 13-уми сентябр, ду бозии 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон доир мегардад. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Эсхата»-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар - рақобат мекунанд. Ду бозии дигари чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 15-уми сентябр, баргузор мешавад. Читать дальше...
Радиои Озодӣ дар охири моҳи август аз раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Бахтиёр Худоёрзода хост, ки ба даҳ суол дар бораи интихоботи президентӣ посух диҳад. Суолҳо хаттӣ пешниҳод шуда буданд.