Мы в Telegram
Добавить новость

Одноклассники: две трети россиян попадались на попытки мошенников украсть пароль

Сочинская полиция задержала наркодилера за прогулку с мертвым дельфином

В Подмосковье вступили в силу поправки по выдаче разрешительной документации

Путин поручил решить вопрос с нехваткой кадров без завоза в РФ мигрантов



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Сентябрь
2020

Новости за 14.09.2020

Ozodi.org 

Раиси Ҳизби демократро ба интихобот роҳ надоданд

Комиссияи марказии интихобот ғайричашмдошт эълон кард, ки довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби демократро сабти ном накардааст. Дар баёнияи кӯтоҳи марказ аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмоновро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд. Дар ин баёния омадааст, ки санадҳои Ҳизби демократро рӯзи 13-уми сентябр дарёфт карданд ва “Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода... Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия ба Беларус 1,5 миллиард доллар қарз медиҳад. Ҷузъиёти мулоқоти Путину Лукашенко

Русия ба Беларус дар ҳаҷми 1,5 миллиард доллар қарз пешкаш мекунад. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Сочи хабар дод. Ӯ гуфт, ки масоили фаннии ин қарзро вазирони молия бо ҳам машварат мекунанд. Дар шарҳи таҳаввулоти ахири Беларус, ки аз интихоботи рӯзи 9-уми августи президентӣ ба ин сӯ шоҳиди эътирозҳои сартосарии мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии навбатии Лукашенко аст, Путин гуфт, “беларусҳо бояд худашон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Швейтсария гуфт, пулҳои Гулнора Каримоваро ба Узбекистон бармегардонад

Швейтсария мувофиқат кардааст, 130 миллион доллареро, ки ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ ба зидди Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов мусодира карданд, ба Узбекистон баргардонад.

Ozodi.org 

АстраЗенека" озмоиши ваксина ба зидди коронавирусро идома медиҳад

Ширкати “АстраЗенека” озмоиши ваксинае ба зидди COVID-19 аз сар гирифт, ки онро яке аз ваксинаҳои босамар мешуморанд. Озмоиши ваксинаро баъд аз он боздоштанд, яке аз афроди ваксингирифта ба бемории номаълуме мубтало шуд ва шубҳаву гумон дар бораи истифодаи зуди ваксинаро барангехт.

Ozodi.org 

Довталаби курсии президенти Тоҷикистон гуфт, соли 2027 ҳам айни корро мекунад

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва ягона довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки худаш номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кард, гуфт, ба қадри кофӣ имзо ҷамъ карда натавонист ва аз ин сабаб корзори интихоботиашро ба анҷом мерасонад. Муҳлати сабти номзадҳо ба мақоми президент рӯзи 15-уми сентябр поён меёбад. Фаромуз Иргашев рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тими интихоботиаш 83 ҳазор имзо ҷамъ карданд, ки кофӣ нест, чун бар асоси қонун довталаби курсии раиси ҷумҳур барои сабти ном шудан... Читать дальше...

Ozodi.org 

Томас Бах: "Мо бояд ба ҳар сенария омода бошем"

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) зимни ҷаласаи онлайнӣ омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ва Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022-ро баррасӣ намуд. Ҳамчунин, КБО барномаи нави омӯзиширо ҷиҳати омода кардани кормандони бехатарӣ дар варзиш эълон кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, раҳбари комиссияи ҳамоҳангсози КБО оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио Ҷон Коутс доир ба лоиҳаҳое, ки ахиран амалӣ шуданд, гузориш дод, аз ҷумла... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Зеркало" фаъолият дар Тоҷикистонро идома медиҳад

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷозат додааст, ки "Зеркало", яке аз марказҳои назарпурсии мустақил фаъолияти худро дар Тоҷикистон дубора идома бидиҳад. Вазорати адлия кори ин маркази назарпурсӣ барои ду моҳ манъ карда буд.  Қаҳрамон Бақозода, роҳбари "Зеркало" рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори додгоҳ фаъолияти онҳо дубора оғоз шуд.  Ҷаноби Бақозода афзуд, ҳама камбудҳои гуфтаи масъулини вазорати адлияро ислоҳ карданд.   Фаъолияти ташкилот моҳи июн ба муддати ду моҳ манъ шуд. Читать дальше...




Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо иҷрои ҳукми қатли Навид Афкориро маҳкум кард

Иттиҳоди Аврупо ба мавҷи интиқодҳо аз иҷрои ҳукми қатли варзишгари қаҳрамони эронӣ ҳамроҳ шуд. Навид Афкории 27-сола рӯзи 12-уми август дар паи мурофиаи додгоҳие, ки маҳкумияти ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овард, қатл шуд. Ӯро дар куштори як маъмури амниятӣ дар ҷараёни эътирозҳои мардумии зиддиҳукуматӣ дар соли 2018-и Шероз гунаҳгор ва ба марг маҳкум карданд. Питер Стано, сухангӯи умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар як изҳороташ гуфт, ки “Иттиҳоди Аврупо ин қатлро бо шадидтарин шева маҳкум мекунад”. Қаблан ИА мухолифи ҳукми қатли варзишгари номӣ шуда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Швейтсария гуфт, пулҳои Гулнора Каримоваро ба Узбекистон бармегардонад. САДО

Швейтсария мувофиқат кардааст, 130 миллион доллареро, ки ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ ба зидди Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов мусодира карданд, ба Узбекистон баргардонад. Ҳукумати Швейтсария рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки ду тараф дар ин замина ба мувофиқа расидаанд ва бар тибқи созиш ин дороиҳо “бояд ба нафъи мардуми Узбекистон истифода шавад.” Созише, ки ду тараф имзо кардаанд, ҳоло ҳукми иҷро надорад ва аз ҳукумати Узбекистон талаб мекунад, ки дар иваз чанд шартро иҷро намояд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, як "фармондеҳи террористон"-ро куштанд

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки як фармондеҳи террористон ва се ҷангҷӯи дигарро дар шимолуғарби ин кишвар нобуд карданд. Бобур Ифтихор, як  сухангӯи артиши Покистон гуфт, ки дар маҳаллаи Ғариоми минтақаи Шакту, ки дар қаламрави наздик ба  Вазиристони Шимоливу Ҷанубӣ ҷойгир аст, “як фармондеҳи террористон – Эҳсонуллоҳро ҳамроҳ бо се террористи дигар куштанд”. Эҳсонуллоҳ бо исми Эҳсон Санрой ҳам маъруф буд ва ӯро тарҳрези чандин ҳамлаҳои террористии вақтҳои охир дар минтақаи Шакту меноманд.  Низомиёни покистонӣ иддао мекунанд... Читать дальше...

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони ӯзбекашон ду бозии рафиқона мекунанд

Бозиҳои дӯстона миёни тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзҳои 21 ва 24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" -и шаҳри Хуҷанд доир мешавад

Ozodi.org 

"АстраЗенека" озмоиши ваксина ба зидди коронавирусро идома медиҳад. САДО

Ширкати “АстраЗенека” озмоиши ваксинае ба зидди COVID-19-ро аз сар гирифт, ки онро яке аз ваксинаҳои босамар мешуморанд. Озмоиши ваксинаро баъд аз он боздоштанд, яке аз афроди ваксингирифта ба бемории номаълуме мубтало шуд ва шубҳаву гумон дар бораи истифодаи зуди ваксинаро барангехт. Ҳоло ниҳодҳои назоратӣ дар Бритониё гуфтаанд, ки озмоиш метавонад идома ёбад. Марҳилаи саввум ва ниҳоии озмоиши ваксинаро, ки “АстраЗенека” ҳамроҳ бо Донишгоҳи Оксфорд омода месозад, ҳафтаи гузашта қатъ карданд. Ширкати “АстраЗенека” рӯзи 12-уми сентябр гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Соро компания" барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал шуд

Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 8:4 ғолиб омад, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал гардид. Бозии ҳалкунанда рӯзи шанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш», сурат гирифт. Капитан ё сартими «Соро компания» Некрӯз Алимаҳмадов, ки се гол зад, беҳтарин бозигари финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 дониста шуд. Инчунин дар ҳайати дастаи ғолиб легионер Вахтанг Кекелия, бозигари мунтахаби Гурҷистон, ду гол, Муҳаммад Шарипов... Читать дальше...

Ozodi.org 

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷаласаи дабирони Шӯрои амниятро барпо мекунад

Рӯзи 15-уми сентябр дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар як конфронси видеоӣ мубориза бо терроризм ва амнияти интернетиро баррасӣ мекунанд. Оҷонсии русии ТАСС бо такя ба сайти Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, дар ин ҷаласа “ҳамкориҳои кишварҳои узв дар масоили муқобила бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, муқобила бо қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ” баррасӣ мешаванд. Дар ин ҷаласа аз ҷониби Русия Николай Патрушев... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пирӯзии эҳтимолии ду муттафиқи Навалний дар интихоботи Томск

Ба эҳтимоли ғолиб дар интихоботи ахири маҳаллӣ дар шаҳри сибирии Томск ду муттафиқи Алексей Навалний, як раҳбари мухолифони Русия баранда шудаанд. Натиҷаҳои пешакии интихобот, ки рӯзи 14-уми сентябр нашр шуданд, дар бораи пирӯзии номзадҳои ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” гувоҳӣ медиҳанд. Ксения Фадеева ва Андрей Фатеев дар ду ҳавзаи интихоботии шаҳри Томск, ки Навалний моҳи гузашта  он ҷо бемор шуд, зоҳиран ғалаба кардаанд. Рӯзи 14-уми сентябр ҳукумати Олмон гуфт, ки бо “Новичок” заҳролуд шудани Алексей... Читать дальше...

Ozodi.org 

Олмон гуфт, аз "Новичок" заҳролуд шудани Навалнийро 2 озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ тасдиқ карданд

Олмон гуфт, ки таҳқиқи ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шведсия тасдиқ карданд, ки мунаққиди Кремлин Алексей Навалний бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Дар изҳороти ҳукумати Олмон рӯзи 14-уми сентябр гуфта шудааст, ки “аз навъи заҳри “Новичок” заҳролуд шудани ҷаноби Навалнийро се озмоишгоҳи мустқил тасдиқ карданд. Мо  бори дигар аз Русия даъват мекунем, ки шарҳ бидиҳад, ки чӣ гузашт. Дар заминаи иқдомҳои баъдии худ мо бо шарикони аврупоии худ дар тамоси наздик қарор дорем”. Навалний... Читать дальше...

Ozodi.org 

Интихоботи маҳаллӣ дар Русия барои ҳизби ҳоким як имтиҳон шуд

Интихоботи маҳаллӣ дар Русия, ки  41 минтақаро фаро гирифт, барои ҳизби ҳокими  ин кишвар дар остонаи интихоботи сартосарии соли оянда як имтиҳони ҷиддӣ шуд. Ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” то рафт маҳбубияташро аз даст медиҳад. Дар паи овоздиҳие, ки 13-уми сентябр баргузор шуд, аз 41 минтақа дар 18-тоаш бояд раҳбари нав, дар 11-тоаш маҷлиси маҳаллӣ ва дар 22 шаҳр маҷлиси шаҳрии нав интихоб хоҳад шуд. Ба иловаи ин, дар интихоботи миёндавраӣ овоздиҳандагон чор узви Думаи давлатиро интихоб карданд, ки ҷои холишудаи курсӣ дар маҷлисро ишғол мекунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Исроил се ҳафта карантини нав ҷорӣ кард

Дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус мақомот дар Исроил се ҳафта каратин ҷорӣ карданд. Дар ин бора нахуствазир Бенямин Нетаняҳу рӯзи 13-уми сентябр як изҳороти телевизионӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки қарор дар як ҷаласаи ҳукуматӣ қабул шудааст, каратини шадид ҷорӣ мешавад ва эҳтимоли тамдид шудани он вуҷуд дорад. Дар ин давра аз сокинони Исроил тақозо мешавад, ки дар фосилаи на дуртар аз 500 метр аз хонаи худ бошанд ва мактабу марказҳои тиҷоратӣ баста мешаванд. Дорухонаву фурӯшгоҳҳои ғизо боз хоҳанд буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Намоиши эътирозии серҷамъияти Беларус дар остонаи мулоқоти Лукашенкову Путин

Дар рӯзи 36-уми эътирозҳои интихоботӣ даҳҳо ҳазор сокини Беларус ба хиёбонҳои Минск ва дигар шаҳрҳои калони ин кишвар баромада, истеъфои президент Александр Лукашенкоро тақозо карданд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 13-уми сентябр дар бораи боздошти 400 нафар хабар дод. Дар миёни боздоштшудаҳо аксбардори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Влад Гридин ҳам ҳаст. Ӯву як аксбардори дигар, ки дар як тарабхонае нишаста буданд, аз ҷониби гурӯҳи нафарони ниқобпӯш боздошт шуданд ва дастгоҳҳои онҳо мусодира шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Лукашенко бо Путин мулоқоти рӯбарӯ барпо мекунанд

Рӯзи 14-уми сентябр қарор аст президенти Беларус Александр Лукашенко бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқоти рӯбарӯ барпо кунад. Ин нахустин мулоқоти ду раҳбар дар паи эътирозҳои сартосарии мардумӣ дар Беларус баъди интихоботи президентии рӯзи 9-уми август мебошад. Мулоқоти Лукашенко бо шахсе, ки ӯро “бародари калонӣ” меномад, дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи Сочии Русия баргузор мешавад. Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ дар сари қудрат аст ва дар интихоботи ахир ҳам ӯро баранда эълон карданд. Натиҷаҳои... Читать дальше...

Ozodi.org 

Рекорди нави якрӯзаи коронавирус дар ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рекорди нави якрӯзаи олудашавӣ ба коронавирусро сабт кард. Ин созмон гуфт, ки дар 24 соати гузашта дар саросари ҷаҳон 307,930 нафари нав ба коронавирус олуда шудаанд ва ин омор 1 ҳазор ҳодиса бештар назар ба рекорди ҳафтаи гузашта мебошад.  СҶТ рӯзи 13-уми сентябр гуфт, ки дар 24 соати гузашта 5500 ҳолати марг бар асари вируси нав  ба қайд гирифта шуда, шумори умумии қурбониҳоро ба 917,417 нафар баробар кард. Дар миёни кишварҳое бо баландтарин омори сироятшавӣ Ҳинд, ИМА ва Бразилия ёд мешаванд. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Ru24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Ru24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Ru24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Ожидание продления требования о продаже валютной выручки и низкий рост ВВП США. Обзор финансового рынка от 25 апреля

В Ульяновске пройдет «космическая» Неделя моды

Погорела на откатах? Экс-чиновницу Стригункову упекли в СИЗО

Отцы о детях // Исследователи обнаружили в умах современной молодежи и веру в свободу, и надежду на государство

Музыкальные новости

«Символ» от Донстрой победил в премии CRE Awards 2024

Псковские волейболисты стали призерами международного турнира «Кубок дружбы»

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге про географию экспорта российской рыбы

Случай на концерте Metallica в России

Новости России

Находящегося в федеральном розыске наркодилера из Подмосковья поймали в Сочи с мёртвым дельфином

Марина Бахилина прокомментировала прямую линию главы Якутии

На полигоне отходов в подмосковном Егорьевске увеличили количество фильтров

Советники Трампа начали просмотр мер против желающих отказаться от доллара стран

Экология в России и мире

Всероссийский субботник пройдет на территории сервисного локомотивного депо «Москва-Сортировочная» 27 апреля!

585*ЗОЛОТОЙ» дарит украшения за установку мобильного приложения

Самые нежные образы на эту весну

Туроператоры назвали направления, куда россияне поедут отдыхать на майские праздники: некоторые страны удивили

Спорт в России и мире

Первая ракетка России рассказала об общении с Шараповой

Линетт сыграет против Соболенко во втором круге турнира WTA в Мадриде

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде

Кудерметова выиграла турнир WTA в Штутгарте в парном разряде

Moscow.media

На западном объезде Южно-Сахалинска строят первый участок

Премьер-министра Эстонии Каю Каллас уже не остановить: она намерена увеличить военный бюджет страны до 5% ВВП

Несколько дорог подтоплено в Абатском районе Тюменской области

Врач-гигиенист сети клиник «Мегастом» Ольга Жидких: как правильно ухаживать на полостью рта и зубов











Топ новостей на этот час

Rss.plus






День спорта прошел на стенде Подмосковья на выставке «Россия»

Диетолог Васильева назвала полезные для людей «серебряного» возраста виды мяса

Муж Яны Поплавской рассказал о самочувствии после избиения в ДТП

Советники Трампа начали просмотр мер против желающих отказаться от доллара стран