В Москве раньше срока проснулись летучие мыши

Реализуют лучшие проекты

Вид на Москву весенним вечером

Москвичей ждет возвращение теплой весны с начала следующей недели

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Сентябрь
2020

Новости за 16.09.2020

Ozodi.org 

Додгоҳи Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси ду ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси духтарандар ва писарандари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Додгоҳ рӯзи 15-уми сентябр дар изҳороти расмӣ гуфт, Турғунҷон Исановро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "таҷовуз ба номус" ва "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" – ба зиндон андохт. Ӯро дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус нигоҳ медоранд. Феълан назари вакили мудофеъ ва ё наздикони Турғунҷон Исканов ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин рӯшан нест... Читать дальше...

Ozodi.org 

Кабирӣ дар ҳамоиши коршиносони амрикоӣ аз интихоботи Тоҷикистон интиқод кард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо ва раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, 16-уми сентябр дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (Амрико) суханронӣ кард. Вай вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистонро дар аҳди коронавирус вахим арзёбӣ намуд ва аз ҷараёни интихоботи президентии ин кишвар интиқод кард. Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқотӣ дар робита бо Осиёи Марказӣ аст ва дар ҳамоиши мазкур сиёсатшиносон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як навраси тоҷикро, ки дар мадрасаи Бангладеш мехонд, ба наздиконаш надодаанд

Як навраси 15-солаи тоҷикро, ки соли гузашта дар Дубай боздошт карда, баъдан ба Душанбе оварданд, дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ нигаҳ медоранд. Ин мактаб барои кӯдакони аз 3 то 15-солае ҳаст, ки "даст ба корҳои ношоиста мезананд" ва бо қарори додгоҳ дар онҷо ҷойгир карда мешаванд. С.М. аз соли 2015 дар мадрасае дар Бангладеш мехонд ва ҳангоми сафар дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд. Волидонаш аз он шикоят доранд, ки мақомот бо гузашти як сол наврасро дар мактаби махсус нигаҳ медоранд ва ба онҳо нишон намедиҳанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Садҳо яҳудии ҳасид бо сабаби карантин дар марзи Украина дармонданд

Садҳо яҳудиҳои ҳасиди муҳофизакор, ки ба шаҳри Умани Украина барои таҷлили Соли нави худ мерафтанд, дар минтақаи ҳоили марзи Беларус ва Украина дармонданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки бо сабаби коронавирус вуруд ба кишвар манъ аст ва беш аз 700 нафар маҷбур ҳастанд дар байни ду марз бимонанд. Таҷаммӯи ин мардум боиси баста шудани роҳи ҳаракати мошинҳои борбар аз хоки Беларус шудааст. Хабарнигорони бахши беларусии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки кормандони созмони байналмилалии Салиби Сурх онҳоро бо ғизову об таъмин мекунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Аз паси шавҳараш аз Тавилдара ба марказ омад ва сарсон шуд

Зиндагӣ зани тоҷикеро , муҳтоҷи дари мардум кардааст. То ин ки ду фарзанди ноболиғаш эҳососи гуруснагиву бесаробониро надошта бошанд. Ин сокини ноҳияи Рудакӣ замоне дар шарқи Тоҷикитсон мезисту бо умеди хонаи обод аз паси шавҳар зодгоҳро тарк ва марказро макони зист интихоб кард.

Ozodi.org 

Рӯйхати беш аз 70 парвози дигари чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Аз рӯзи 16-ум то 30-юми сентябри имсол барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Уфаву Сургут ба Душанбе ба нақша гирифта шудааст ва тавассути ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" анҷом мешавад. Аз рӯи нақшаи расмӣ, парвозҳои ду ҳафтаи оянда ба таври якҷониба аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад ва дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 16-уми сентябри соли 2020 (Пахши зинда)

То охири моҳи равон рафтуомади ҳавоӣ бо Русия танҳо тавассути парвозҳои чартерӣ ва зери назорати сафорати Тоҷикистон амалӣ мешавад, омодагиҳо ба интихоботи парламентии Қирғизистон, зан аз паси шавҳараш аз ноҳияи Тавилдара ба марказ омада, бо ду фарзандаш саргардон шуд, гурӯҳи ҷавонон бар пояи фармоиш наздикони муҳоҷирони тоҷикро табрик мекунанд ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

СҶМ тарҳи нави кӯмак ба муҳоҷирон дар давраи пандемияро муаррифӣ кард

Як мақом аз Қазоқистон гуфт, дар давраи пандемияи панҷ моҳи гузашта ҳукумати ин кишвар ва дигар шарикон барои ба кишварҳои худ баргаштани беш аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мусоидат кардааст. Дар ин бора Тлеубек Тахтанов, муовини раиси Кумитаи сиёсати муҳоҷирати ВКД-и Қазоқистон дар як конфронси онлайнии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират хабар дод. Ин конфронс, ки бо ташаббуси дафтари марказии СҶМ дар Қазоқистон ташкил шудааст, тарҳи наверо бо номи “Коҳиши паёмадҳои иҷтимоиву... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ёсихидэ Сугаи 71-сола - сарвазири нави Ҷопон

Порлумони Ҷопон рӯзи 16 сентябр раиси нави ҳизби ҳокими либерал-демократӣ Ёсихидэ Сугаро ба ҳайси сарвазири нави кишвар интихоб кард. Аксари вакилон аз номзадии вай ҷонибдорӣ карданд. Ёсихидэ Сугаи 71-сола дар мақоми сарвазирӣ Синдзо Абэро иваз кард. Абэ бино ба вазъи сиҳатиаш чанде пеш ба истеъфо рафт. Субҳи имрӯз ҳукумати Ҷопон низ ба истеъфо рафт, ки таҳти роҳбарии Абэ фаъолият мекард. Интизор меравад, Суга дар фурсатҳои наздик ҳукумати навро ташкил диҳад. Эҳтимол дорад, ки бештаре аз вазирони... Читать дальше...




Ozodi.org 

Дар як рӯз 408 сокини Қазоқистон ба "илтиҳоб"-монанд ба COVID-19" мубтало шудааст

Вазорати тандурустии Қазоқистон 16 сентябр гуфт, дар давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 408 ҳолати мубталошавӣ ба илтиҳоби шуши дорои нишонаҳои коронавирус ё COVID-19-ро сабт кардааст. Вале натиҷаи санҷиши вируси онҳо манфӣ аст. Ин ниҳод ҳисоби мубталоён ба "илтиҳоби шабеҳи коронавирус" ва ҳолатҳои фавт бар асари онро аз 1 август оғоз кард. Дар давоми якуним моҳ шумори мубталоёни ин навъи беморӣ ба беш аз 30074 расида, то 15 сентябр 332 ҳолати фавт сабт шудааст. Бино ба омори расмӣ, дар Қазоқистон 107 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Китоби нави президенти Туркманистонро ба "буҷавиҳо" иҷборан мефурӯшанд

Кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Лебапи Туркманистонро маҷбур мекунанд, ки китоби нави президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов -- "Усули давлатдории туркманҳо"-ро бихаранд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин китобро танҳо аз чанд фурӯшгоҳи маркази Лебап дастрас кардан мумкин аст. Он ҳоло ба фурӯшгоҳҳои ноҳиявӣ нарасидааст. Телевизионҳои давлатии Туркманистон 4 сентябр дар бораи чопи китоби нави президент Бердимуҳаммадов хабар доданд. Хонаҳои фарҳанги ноҳияҳои Лебап низ вазифадор шудаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Баҳси аҳамияти имзои муҳоҷирон дар интихоботи Тоҷикистон. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Имрӯз доир ба интихоботи президентӣ суҳбат мекунем ва дар бораи онки то чӣ ҳад ҳуқуқи муҳоҷиронро дар он ба назар мегиранд. Гузориши Радиои Озодӣ доир ба онки даъвогарони курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон байни муҳоҷирон нарафтаву барои сабти номзадиашон имзо ҷамъ наоварданд, баҳси ҷолибе барангехт. Намояндагони баъзе аз довталабони курсии президент гуфтанд, ки коронавирус иҷоза надод, ба Русия раванду имзои муҳоҷиронро ҷамъ кунанд, баъзеи дигар гуфтанд, зарурати ҷамъоварии имзои муҳоҷиронро надоштанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Баҳси аҳамияти имзои муҳоҷирон дар интихобот дар Озодӣ Онлайн

Умедворам аз марзҳои баста ва тарс аз коронавируси нав дилгир нашуда бошед. Имрӯз доир ба интихоботи президентӣ суҳбат мекунем ва дар бораи онки то чӣ ҳад ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷиронро дар он ба назар мегиранд.

Ozodi.org 

Дар Ҳинд шумори олудашудаҳо ба COVID-19 аз 5 миллион нафар гузашт

Ҳинд рӯзи 16-уми сентябр тасдиқ кард, ки дар ин кишвар шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 5 миллион нафар убур кард. Вазорати беҳдошти ин кишвар  гуфт, ки дар давоми як шабонарӯзи гузашта беш аз  90 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Аҳолии Ҳинд 1,4 миллиард нафар мебошад ва ин омор сеяки як дарсади аҳолиро ташкил медиҳад.   Дар як шабонарӯз дар ин кишвар 1290 нафар даргузашта шумори умумии талафот аз COVID-19 – беш аз 82 ҳазор  нафарро ташкил додааст.   Дар ҷаҳон айни... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти СММ аз музокироти сулҳ бо Толибон истиқбол кард

Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи рӯзи 15-уми сентябр бо раъйи оро қатъномаеро қабул кард, ки шурӯи музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон  ва Толибонро истиқбол мекунад. Ин санад аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки  оташбаси доимиро риоя бикунанд. Қатъномаи мазкур, ки ҳамзамон ҳузури дафтари сиёсии СММ дар Афғонистонро як соли дигар тамдид мекунад, аз ҷонибҳои музокиракунанда хостааст, ки дар самти эҷоди эътимод ва коҳиши хушунат иқдом бикунанд. Ҳукумати Афғонистон ва муттафиқонаш – НАТО ва ИМА аз Толибон даъват доранд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Журналисти эронӣ ба зиндони Эвин бурда шуд

Созмонҳои ҳомии озодии баён ҳукми зиндони журналисти мустақили эронӣ Хусрав Содиқӣ Буруҷаниро маҳкум карда аз мақомоти кишвар хост, ки ҳабси худсаронаи намояндагони матбуотро хотима диҳад. Буруҷанӣ рӯзи 9-уми сентябр ба зиндони Эвин барои шурӯи мӯҳлати ҳафтсолаи зиндон бурда шуд. Ӯро дар “таҳқири асосгузори Ҷумҳурии Исломӣ”, “ташвиқоти зиддидавлатӣ” ва “тавтеа бар зидди амнияти милливу байналмилалӣ” гунаҳгор кардаанд. Дар ин бора дар изҳороти рӯзи 15-уми сентябри созмони Гузоришгарони бидуни марз нашр шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Намояндаи СҶТ: Мавридҳои гирифторӣ ба илтиҳоби шуш ва COVID-19 дар Тоҷикистон "андак зиёд шудааст"

Аз шурӯи соли нави таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон як моҳ гузашт ва дар ин муддат сарусадо дар бораи афзоиши беморони COVID-19 ва, ҳамин тавр, фавти гирифторони “илтиҳоби шуш” ва коронавируси нав дар Тоҷикистон бештар шуд. Вале мақомот мегӯянд, рӯзона то 40 мавриди сирояти бемориро тасдиқ мекунанд ва омори ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир дар тақрибан панҷ моҳ ба 73 нафар расидааст.  То куҷо шурӯи дарсҳо метавонист, ба афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабаб шавад ва дар остонаи интихоботи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шахсиятҳои саршиноси ИМА Facebook ва Instagram-ро масдуд карданд

Чандин шахсияти шинохтаи амрикоӣ гуфтанд, ки саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram-ро ба нишони эътироз аз паҳн шудани матлабҳои хушунатзо ва таблиғотӣ ба муддати як рӯз масдуд мекунанд. Ҳунарпешаҳои Ҳолливуд Леонардо ДиКаприо, Саша Барон Коҳен, Ким Кардашян ва Ҷеннифер Лоуренс гуфтанд, ки ба маъракаи масдудкунии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ мешаванд. Кардашян, ки дар Instagram 188 миллион мухлис дорад, гуфт, пахши хабарҳои дурӯғин дар шабакаҳо “ба интихобот таъсири ҷиддӣ мерасонад ва демократияи моро ба ҳам мезанад”. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳамлаи ҷавобии Исроил ба Ғазза ва созиши таърихии Иморот ва Баҳрайн

Рӯзи 16-уми сентябр ҳавопаймоҳои низомии Исроил  дар Навори Ғазза ҷангиёнеро ҳадаф қарор доданд, ки  қаблан аз қаламрави Фаластин ба як шаҳри соҳилии исроилӣ мушак партоб карда, сабаби маҷрӯҳ шудани ду нафар шуданд. Ҳамлаи ҷавобӣ дар лаҳзаҳое рух дод, ки Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн дар Вашингтон созишҳои муҳиме дар заминаи барқарории равобити дипломатӣ бо Исроил имзо карданд. Ҳавопаймои исроилӣ ду макон, аз ҷумла як пойгоҳи тамринии ҷангиёни Ҳамосро, ки Ғаззаро назорат мекунад, ҳадаф қарор дод. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Гурӯҳи 24" ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил танқид кард

"Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил ба интихоботи 11-уми октябр сахт танқид кардааст. Раҳбарияти созмон дар хориҷа рӯзи 14-уми сентябр бо ишора "ба ҷиддӣ набудани номзадҳо" гуфтааст, натиҷаи интихобот аллакай маълум аст.  Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон номзадии панҷ нафар, аз ҷумла раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмонро сабтином кард. Пешниҳоди номзадии раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ба сабаби мушкил дар имзоҳои ҷамъовардааш рад шуд. Читать дальше...

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

Даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд

Ozodi.org 

Иморот ва Баҳрайн бо Исроил тавофуқи сулҳ имзо карданд

Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн созишномаҳои барқарорсозии робитаҳои расмӣ бо Исроилро имзо карданд. Маросими ба имзо расидани ин тавофуқномаҳо рӯзи сешанбеи 15-уми август дар Кохи Сафед ва бо мизбонии президенти Амрико Доналд Трамп баргузор шуд. Бар асоси ин созишнома, муносибатҳои расмӣ байни ин се кишвар оғоз шуд. Дар ин маросим Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, Шайх Абдуллоҳ бин Зоид Оли Наҳён, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Абдулатиф Оли Зайдонӣ, вазири умури хориҷии Баҳрайн аз кишварҳои худ намояндагӣ карданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомоти қазоқ ваъда доданд, ки нархи маҳсулоти асосии ғизоиро боло намебаранд

Дар Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ ба ин тараф қимати маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба таври назаррас боло рафтааст. Мақомоти он кишвар ваъдаи боло набурдани қимати маҳсулотро медиҳанд, аммо қазоқистониҳо нигаронанд, ки мавҷи дувуми коронавирус ба камчин ва гарон шудани маҳсулот сабаб мегардад. Аз оғози сол ба ин тараф дар Қазоқистон қимати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ 4,5 дарсад боло рафтааст. "Сабаби асосии болоравии қимати маҳсулот ин тағйири талабот ба он аст. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Ru24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Ru24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Ru24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Вид на Москву весенним вечером

Стоит насторожиться: за одуванчики на даче начнут штрафовать уже с мая

Актер Бикович высказался об адаптациях кинокомедии «Холоп» в других странах

Покачаться на волнах. В России выросли спрос и цены на речные круизы

Музыкальные новости

Генерал-полковник Алексей Воробьев принял участие в заседании Военного совета Северо-Западного округа Росгвардии и вручил награды росгвардейцам

Династия художников: Выставка живописи Николая Иннокентьева, его дочерей и внуков

«Телефон доверия»

Собянин рассказал о зеленых облигациях

Новости России

Актриса Екатерина Молоховская заявила, что не интересуется сплетнями о коллегах

Вид на Москву весенним вечером

Отмечаем День подмосковной усадьбы

Суд в Москве избрал меру пресечения трем бандитам из Белгородской области

Экология в России и мире

Доктор Садыков назвал 3 анализа, указывающие на причины лишнего веса

Ищете конференц-зал в Екатеринбурге?

Где спастись от сезонной аллергии? Россиянам назвали направления и цены

«Вечное. Живое. Личное»: персональная выставка Василия Вдовина в зале «Лаврушинский`15»

Спорт в России и мире

Соперница Арины Соболенко разрыдалась на плече белоруски

Названа победительница матча Елена Рыбакина — Ига Швентек

Хачанов объяснил, почему снялся с турнира ATP 500 в Барселоне

WTA отреагировала на суперкамбэк Елены Рыбакиной

Moscow.media

Псковская область подала заявку на проведение ДЭГ на очередных выборах

Сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже с охраняемого объекта.

Как поучаствовать в продаже иностранных ценных бумаг по указу №844

Накануне Национального дня донора столичный росгвардеец сдал кровь 74-ый раз











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Большой успех оперы-олонхо «Ньургун Боотур» в Казахстане

Покачаться на волнах. В России выросли спрос и цены на речные круизы

Реализуют лучшие проекты

В Москве раньше срока проснулись летучие мыши