Собянин: В Москве выберут лучший реализованный проект в области строительства

"Катастрофический исход": Психиатр предупредил об опасности самолечения антидепрессантами

Советский госдеятель Лаврентий Берия родился 125 лет назад

Телеведущий Куличков опроверг информацию об инсульте

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Сентябрь
2020

Новости за 15.09.2020

Ozodi.org 

"Русия эҳтимоли азсаргирии парвозҳоро ба кишварҳои ИДМ баррасӣ дорад"

Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 15-уми сентябр бо такя ба манобеи огоҳаш дар ниҳодҳои Русия иттилоъ дод, ки мумкин аст, Маскав аз моҳи октябр парвози ҳавопаймоҳоро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) аз сар бигирад. Тоҷикистон узви ин иттиҳод аст. Манбаи "Интерфакс" гуфтааст, "дар навбати аввал тартиби аз сар гирифтани парвозҳоро ба пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ дар моҳи октябр баррасӣ доранд. Гап дар бораи Нурсултон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигарон меравад." Ба қавли манбаи "Интерфакс"... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нирӯҳои 6 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Белорус ҷамъ мешаванд

Қарор аст, аз 12 то 16-уми октябри имсол дар Белорус тамрини нирӯҳои шаш кишвари узви ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баргузор шавад. Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр Вазорати мудофиаи Русия хабар дод. Бино ба иттилои оҷонси "Интерфакс", дар ин тамрин нирӯҳои низомии Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Баргузории тамрин дар ҳоле барномарезӣ шудааст, ки беш аз як моҳ боз дар Белорус бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ва баргузории... Читать дальше...

Ozodi.org 

Усмонзода аз сабқат берун шуд. "Ҷазо" барои танқидҳо, ё "бозӣ"-и дигари ҳукумат?

Тасмими ғайримунтазираи Комиссияи марказии интихобот дар бораи сабти ном накардани Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе мегӯянд, Усмонзодаро барои танқидҳояш ба корзори сиёсӣ роҳ надоданд, гуруҳи дигар инро гашти навбатии ҳукумат арзёбӣ мекунанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шоми 14-уми сентябр хабар дод, ки дархости Саидҷаъфар Усмонзода барои иштирок дар интихоботи президентӣ рад шудааст. Дар баёнияи кӯтоҳи КМИРТ омадааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, як каси дигар аз COVID-19 ҷон бохт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта фавти як касро аз коронавируси нав сабт кард. Бо ин шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба 73 нафар расид. Дар шабонарӯзи ахир бемории 41 нафари дигар тасдиқ шудааст. Вазорат мегӯяд, коронавируси нав аз охири моҳи апрел то 15-уми сентябр ба 9129 кас дар Тоҷикистон сироят карда, 7896 нафар ё 86,4 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ, "ҳоло 110 нафари дигар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо аломатҳои бемории... Читать дальше...

Ozodi.org 

IMF аз Тоҷикистон хост, ду бонки дучори мушкилро барҳам диҳад

Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки ду бонки азими дучори мушкил – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳад. Дар изҳороти расмии созмон, ки рӯзи 14-уми сентябр нашр шуд, ин бонкҳо "низомсоз, вале пардохтнопазир" ном бурда шудаанд.     Тоҷикистон дар гузашта "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк"-ро муфлис эълон карда ва барҳам дода буд. Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки и Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, Падамҷа Ханделвал, роҳбари ҳайати созмон, аз 18-уми август... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мубоҳисаи онлайн бо Муҳиддин Кабирӣ дар остонаи интихобот

Барномаи омӯзиши Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба мубоҳисаи онлайн даъват кардааст. Масъулони барнома дар эълони расмӣ гуфтаанд, пурсишу посух бо Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 16-уми сентябр баргузор ва дар он вазъияти ҳозира ва ояндаи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Ин мубоҳиса дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон сурат мегирад. Илова ба ин, кишвар бо пайомадҳои бемории коронавируси нав, чолишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Муҳиддин... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон ИМА-ро аз роҳ додан ба "хатои стратегӣ" ҳушдор дод

Дар паи таҳдиди президенти ИМА, ки ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи Амрико бо вокуниши ҳазор баробар сахттар рӯбарӯ мешавад, Теҳрон Вашингтонро аз роҳ додан ба  “хатои стратегӣ” ҳушдор дод. Алӣ Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон дар як нишасти матбуотӣ дар Теҳрон рӯзи 15-уми сентябр гуфт, ки “ҳама гуна хатои нави стратегӣ”-и раҳбарияти ИМА бо “посухи қотеи Эрон” рӯбарӯ хоҳад шуд.   Президенти ИМА  Доналд Трамп дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи ин ки Эрон дар посух ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мехоҳад як дипломати амрикоиро бикушад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаро Шаҳобиддин Шуҷоъ Тоҷикистонро тарк кард?

Шаҳобиддин Шуҷоъ адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раиси “Нашриёти Бухоро" пас аз фишор ва боз шудани парванда дар нисбаташ як сол инҷониб дар хориҷи кишвар ба сар мебарад.

Ozodi.org 

Боррелл: Иттиҳоди Аврупо Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф намекунад

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки Александр Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф намекунад. Жозеп Боррелл, намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ зимни як суханрониаш дар парлумони Аврупо рӯзи 15-уми сентябр гуфт, “мо Лукашенкоро президенти қонунии Беларус эътироф намекунем. Ман аз пуштибонии ин парлумон нисбати ҳуқуқи мардуми Беларус... сипосгузорам”.  Жозеп Боррел гуфт, ки  интихобот тақаллуб шудааст: “Саркӯбҳои бераҳмона идома доранд. Беш аз 7500 эътирозгари сулҳомез боздошт шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз нирӯҳои ОМОН шатта хӯрданд, вале шикоят накарданд

Ҳудуди 50 муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Шербинкаи вилояти Маскав гуфтанд, субҳи 9-уми сентябри имсол аз тарафи шахсоне, ки ба иддаои онҳо “дар тан либоси кормандони дастаи зудамал ё ОМОН-и Русияро доштанд”, латукӯб шудаанд. Навори лаҳзаи латукӯб шудани муҳоҷирон ба дасти Радиои Озодӣ низ расидааст. Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷиронро афроди ниқобпӯш аз бинои баландошёна ба саҳни ҳавлӣ берун карда, бо чӯбдаст дар пой ва пушти ва ду муҳоҷир мезананд. Дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав гуфтанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Амонатгузор "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба додгоҳ кашид

Амонатгузор "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба додгоҳ кашид. Як сокини шарҳи Душанбе ки барои зиндагиву таҳсили фарзандонаш 45 ҳазор доларро ҳамчун пасандоз дар Тоҷиксодиротбонк гузошта буд, барои бозпас гирифтани он сарсону саргардон аст. Ин хонавода ҳатто то додгоҳ низ шикоят бурдааст.




Ozodi.org 

Мақомоти Чин: воксинаи зидди Covid-19 аллакай моҳи ноябр омода мешавад

Мақомот дар Чин гуфтанд, ки воксинаҳои зидди коронавирус, ки дар ин кишвар таҳия мешаванд, дар моҳи ноябр барои истифодаи мардум омода хоҳанд шуд. Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин гуфт, ки айни замон дар озмоишгоҳҳои маҳаллӣ санҷиши чор воксина ҷараён дорад ва ҳадди аққал сетоаш аллакай мавриди истифодаи коргароне шудааст, ки дар бахши ҳолатҳои изтирорӣ кор мекунанд. Гуйжен Ву, мутахассиси биосфера дар Маркази пешгирӣ аз бемориҳои Чин  дар мусоҳибааш бо ТВ давлатӣ гуфтааст, ки даври сеюми... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тихановская гуфт, шеваи тарс додани президенти «ғайриқонунӣ» Лукашенко беасар мешавад

Светлана Тихановская, собиқ номзади президентии Беларус, ки дар хориҷа ба сар мебараду ғайриинтизор ба як раҳбари мухолифон табдил шудааст,  гуфт, шеваи тарс додани раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко барои хатми эътирозҳо алайҳи натиҷаҳои интихоботи моҳи гузашта мушкилоти баамаломадаро ҳал намекунад. Дар мусоҳибааш бо ТВ ”Настоящее время” рӯзи 14-уми сентябр, лаҳзаҳое, ки Александр Лукашенко дар Сочи бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекард, Тихановская ӯро “президенти ғайриқонунӣ”-е номид... Читать дальше...

Ozodi.org 

ODIHR даъватномаи назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистонро дарёфт кард

25 рӯз пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон ниҳоят Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки  барои ирсоли ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе даъватнома дарёфт намуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми сентябр огоҳонида шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз 10-уми сентябр як масъули ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ODIHR интизори даъватнома аст, то мувофиқи уҳдадориҳои САҲА ба назорат шуруъ кунад.” Лорен Барановска... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бохти "Равшан"-Кӯлоб аз "Равшан"-и Зафаробод

Дар даври чордаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11-уми сентябр баргузор шуд, мизбонон дар чаҳор бозӣ ва меҳмонон дар ду дидор ғолиб шуданд. Пешсафи мусобиқа - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб - дар даври чордаҳум дар меҳмонӣ аз «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин севумин бохти “Равшан” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Бо вуҷуди бохт “Равшан”, ки дар 14 бозӣ 33 имтиёз гирифтааст, мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт. “Эсхата”-и Хуҷанд бо 31 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бовар ба 260 ҳазор имзо. Нодида ва носанҷида?

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил Бознашр аз блоги муаллиф Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда иҷоза пайдо кард, ки номзади худро вориди користони интихобот кунад. Ҳамакнун номи Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади ин ҳизб барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ, дар қатори номзадҳо аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, сотсиалистӣ ва ҳизби халқии демократӣ дар баргаи раъйдиҳӣ ба унвони довталаб навишта мешавад. Ин ҳизб, ки кӯҳантарин созмони сиёсии Тоҷикистон мебошад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Баҳси Трампу Байден дар масоили муҳити зист доғ шуд

Президенти ИМА  Доналд Трамп ва номзади демократҳо Ҷо Байден дар идомаи маъракаи интихоботӣ сари масоили муҳитзистӣ бо ҳам баҳс карданд. Трамп, ки  рӯзи 14-уми сентябр дар шаҳри Сакраментои Калифорния буд ва дар бораи сӯхторҳои ахир дар ҷазираҳои ғарбии кишвар сӯҳбат мекард, тағйироти иқлимро ҳамчун сабаби аслии  сар задани сӯхторҳои ахир рад кард.  Вақте Трамп иддаои беасосе кард, ки иқлим “сардтар мешавад”, Вейд Кроуфут, раиси Оҷонсии захираҳои табии Калифорния гуфт: “кош илм ҳам бо шумо розӣ мешуд”. Читать дальше...

Ozodi.org 

Қонуни нав ба иҷро даромад. Дарёфти шаҳрвандии Узбекистон осон шуд

Рӯзи 15-уми сентябр дар Узбекистон қонуни нави шаҳрвандӣ ба иҷро даромад, ки гирифтани шиносномаи ин кишварро ба маротиб осон мекунад. Қонуни мазкур барои садҳо шаҳрванди собиқи Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ё баъди барпо кардани оила бо шаҳрвандони Узбекистон муқими ин кишвар шудаанд, шонси гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Узбекистонро фароҳам меорад. Қонун моҳи марти имсол аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев имзо шуд ва ба шахсоне, ки дар Узбекистон таваллуд шуда, аммо дар хориҷа... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сенаторҳои амрикоӣ хостори таҳрим барои саркӯбҳои “бевиҷдонона” дар Беларус  шуданд

13 сенатори амрикоӣ аз ҳарду ҳизби сиёсӣ қатъномаеро муаррифӣ карданд, ки ба ҷорӣ кардани таҳрим нисбати мақомоти мушаххас дар Беларус даъват мекунад. Ин таҳримҳо посух ба саркӯбҳои эътирозгарон хоҳанд буд. Ҷим Риш, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Айдаҳо ва раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат дар  изҳороте рӯзи 14-уми сентябр гуфт, ки дар Беларус мақомот “бевиҷдонона” даст ба хушунат ва саркӯб мезананд. Дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус 9-уми август мақомот гуфтанд, ки Александр Лукашенко баранда шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар як рӯз дар Тоҷикистон се нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки танҳо дар рӯзи 14-уми сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ ва Ҳамадониву Абдураҳмони Ҷомӣ се нафар ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои расмӣ, Абдулло Боймуллоеви даҳсола ҳангоми оббозӣ дар канали “Мошини Янтоқ-1”, дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додааст. Ҷасади ӯро баъд аз муроҷиати волидонаш аз дохили об пайдо кардаанд. Дар ҳамин рӯз Сӯҳроб Нодиров, сокини 46-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Аъзамбек Каримов, сокини... Читать дальше...

Ozodi.org 

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё: Аввалин бохти "Пахтакор"

Дастаи “Пахтакор”-и Тошканд рӯзи 14-уми сентябр бозии севуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “B” баргузор кард. Дар даври севум рақиби “Пахтакор” бошгоҳи “Ал-Ҳилол”, қаҳрамони феълии Арабистони Саудӣ ва ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC буд. Гол дар замони изофӣ Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ин мусобиқа бинобар пандемияи коронавирус дар шакли мутамарказ - дар Қатар баргузор мешаванд. Бозие, ки дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби Давҳа баргузор шуд, бо ҳисоби 2: 1 ба фоидаи “Ал-Ҳилол” хотима ёфт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп: ба ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи ИМА “ҳазор баробар бадтар посух медиҳем”

Президенти ИМА  Доналд Трамп дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи ин ки Эрон дар посух ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мехоҳад як дипломати амрикоиро бикушад, гуфт, ҳама гуна ҳамлаи Эрон бо вокуниши аз он сангинтар рӯбарӯ мешавад. Трамп рӯзи 14-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи ИМА ба ҳар шакле набошад, “бо ҳамла болои Эрон меанҷомад, ки ҳазор баробар бадтар хоҳад буд”.  Сулаймонӣ фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд ва моҳи январи имсол дар Бағдод бо як дрони амрикоӣ кушта шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

ИМА воридоти мол аз минтақаи Шинҷони Чинро бо гумони истифода аз меҳнати иҷборӣ манъ кард  

Рӯзи 14-уми сентябр ИМА қарорҳое қабул кард, ки воридоти пахта, либос, қисмҳои эҳтиётии компютер ва маҳсулоти таҳияшуда аз мӯйро бо гумони ин ки истеҳсоли онҳо бо истифодаи меҳнати иҷборӣ ба роҳ монда шудааст, масдуд мекунад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео эълон кард, ки қарорҳои нав ба Хадамоти гумрук ва ҳифозати марзи ИМА ҳақ медиҳад, ки молу маҳсулотеро, ки дар натиҷаи меҳнати иҷборӣ ё дар зиндонҳо истеҳсол шудаанд, ба хоки Амрико роҳ надиҳад. Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 15-уми сентябр гуфт,... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Ru24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Ru24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Ru24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Дептранс объяснил горожанам, как правильно заряжать электромобиль на станциях «Энергия Москвы»

Приговор экс-редактору Первого канала Овсянниковой вступил в силу

Расписание трансляций и комментаторы 22-го тура РПЛ 2023/2024

Собянин: В Москве выберут лучший реализованный проект в области строительства

Музыкальные новости

Я – фартовая! Слушательница ENERGY отправилась в Мексику на выступление Джареда Лето

В Москве прошла эковыставка Hydrate The World

Shot: рейс Turkish Airlines вернулся во Внуково из-за криков и танцев пассажира

Фильм Джонни Деппа о Модильяни покажут в России

Новости России

Спортсменки из Электростали приняли участие в учебно-тренировочном мероприятии в Китае

Вильфанд предрек аномальное тепло в Москве в начале апреля

Глава Минэкономразвития назвал главную задачу при строительстве трассы от Санкт-Петербурга до Екатеринбурга

Ещё один ценный газ России захватывает мир. Французы получили за свои выходки в СБ ООН

Экология в России и мире

Выпуск ЦФА на платформе «Атомайз» поможет снизить нагрузку на экологию

ООО «РСХБ-Страхование жизни» приняло участие в конференции InsurSelling-2024

Консультации, Составление Договоров, Присутствие Продюсера при заключении договоров и переговорах. Лекции. Переговоры. Встречи и Обсуждения.

Туроператор Анекс-тур сделал заявление по турам на лето-2024, дав полный расклад

Спорт в России и мире

Теннисистка Касаткина отреагировала на высказывания Винер о россиянах

Теннисист Медведев вышел в полуфинал турнира в Майами, обыграв Харри

Россиянка покинула WTA-1000 из-за проблем со здоровьем

Рыбакина о том, что не играла в Индиан-Уэллс из-за болезни: «К сожалению, восстановление заняло много времени»

Moscow.media

Что за криповые видео с Пи Дидди и Бибером. Кадры всплыли после обвинений рэпера в торговле людьми

Минфин Челябинской области и БФТ-Холдинг произвели миграцию информационных систем на отечественное ПО

Производство автомобилей европейской марки возобновилось в России

На Урале будут судить виновника ДТП с микроавтобусом, в котором ехала группа учителей











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Олег Матвиенко принял участие в совещании Федерального агентства лесного хозяйства в Москве

Собянин: В Москве выберут лучший реализованный проект в области строительства

Советский госдеятель Лаврентий Берия родился 125 лет назад

Синоптики спрогнозировали небольшой дождь в Москве 29 марта