В Москве хотят создать рейтинг архитектурных компаний

Суд приостановил работу клиники звездного хирурга Хайдарова на 90 суток

В Косино-Ухтомском планируют построить физкультурно-оздоровительный комплекс

Академический хор «Каданс» выступил с концертом в Химках

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Сентябрь
2020

Новости за 23.09.2020

Ozodi.org 

Шумораи расмии қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 74 нафар расид

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави талафот аз COVID-19 ва, инчунин, шумори беморону қурбониёнро аз коронавируси нав эълон карданд. Вазорат рӯзи 23-юми сентябр гуфт, дар шабонарӯзи ахир марги як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шудааст. Бо ин, шумори умумии ҷонбохтагон аз коронавируси нав ба 74 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Аз охири моҳи апрел то ин дам 9475 нафар бемор шуда, 8244 кас шифо ёфтаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Лукашенко дар як маросими "махфӣ" ҳамчун президенти Белорус савганд ёд кард. ВИДЕО, АКС

Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як маросими махфӣ ва аз пеш эълоннашуда бори шашум ҳамчун президенти Белорус савганд ёд кард. Ин маърака билофосила мавриди интиқоди мухолифин ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт. Интихоботи президентии Белорус рӯзи 9-уми августи имсол баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко беш аз 80 дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва намояндаи мухолифон Светлана Тихановскаяро шикаст дод. Мухолифон ва мардуми норозӣ натиҷаҳои интихоботро напазируфтанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар марги Ҳошимҷон Сафаров ду афсарро гунаҳкор донистанд, вале ҷонибҳо норозиянд

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ду афсари Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар марги як донишҷӯ гунаҳкор донист ва ҳар якеро мутаносибан ба 8-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Ozodi.org 

Лукашенко ба таври ногаҳонӣ ҳамчун президент савганд хӯрд

Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як маросими махфӣ ва аз пеш эълоннашуда бори шашум ҳамчун президенти Белорус савганд ёд кард. Ин маърака билофосила мавриди интиқоди мухолифин ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт.

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба интихоботи давраи пандемия омода мешавад

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 18 рузи дигар боқӣ мондааст. Дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ омодагии ба қабули овоздиҳандаҳо ҷараён дорад. Масъулони Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, ба ин маъракаи сиёсӣ дар саросари кишвар 68 ҳавза ва беш аз се ҳазор қитъаи овоздиҳӣ роҳандозӣ шудааст.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 23-уми сентябри соли 2020 (Пахши зинда)

Як зодаи Тоҷикистон аз маҳбаси Доғистони Русия фирор кардааст, наздикони Ёқуб Салимов ҷой доштани ҳамла ба хонаашонро рад мекунанд, баъзе афроди камбизоат то ҳол кумаке дарёфт накардаанд ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Раъйдиҳӣ дар аҳди COVID-19. Мақомот мегӯянд, намегузоранд, интихобот сабаби густариши вирус шавад. ВИДЕО

То замони баргузории интихоботи президентӣ 18 рӯзи дигар мондааст. Ин нахустин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар шароити пандемияи COVID-19 ва нигарониҳо аз густариши бемории ҳамагир баргузор мешавад.




Ozodi.org 

Аз қатли Искандари Хатлонӣ 20 сол гузашт. ВИДЕО, АКС

Аз замони қатли Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бист сол гузашт. Ӯро 21-уми сентябри соли 2000 дар хонааш дар шаҳри Маскав ба қатл расонданд, вале то кунун касе барои куштани шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, муҷозот нашудааст. Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев) зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Ӯ 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омада, баъд аз хатми... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷузъиёти фирори як шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндоне дар Доғистони Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндоне дар Доғистони Русия фирор кардааст. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғиистон рӯзи 23-юми сентябр бо нашри изҳорот гуфт, Бойматов Шамил Раҷабалиевич 30-сола аст. Ҳамроҳи ӯ панҷ каси дигар аз маҳбас гурехтаанд. Дар сомонаи расмии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғистон омадааст: "Соати 23:40-и шаби 22-юми сентябр ҳангоми тафтиши пайраҳаи назаротии зиндон дар он заминкан (нақби дастисохт) ошкор шуд. Дар натиҷаи шумориши зидониён маълум шуд, ки 6 нафар нестанд."... Читать дальше...

Ozodi.org 

HRW беамалии ҳукумати Туркманистонро дар давраи пандемия интиқод кард

Созмонҳои Human Rights Watch ва гурӯҳи “Ташаббуси Туркманистон барои ҳуқуқи башар” гуфтанд, ки беамалии ҳукумати Туркманистон дар шароити поинравии иқтисод дар замони пандемияи COVID-19 бӯҳрони аз он пеш вуҷуддоштаи дастрасӣ ба ғизоро боз ҳам сангинтар кардааст. Дар ин ҷумҳурӣ болоравии якбораи қимати ғизову коҳиши захираҳо мушоҳида мешавад ва вазъ дар қиёс бо соли 2016 вазнинтар мебошад. То ҳол ҳукумати саркӯбгари Туркманистон вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда аз таъмини гурӯҳҳои ниёзманд бо кӯмаку захираҳо худдорӣ мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Саудӣ сафар барои Ҳаҷҷи умраро иҷоза медиҳад

Ҳукумати Арабистони Саудӣ аз ҳафтаи аввали моҳи октябр марҳила ба марҳила сафар барои ҳаҷҷи умра ва зиёрати масҷиди паёмбарро иҷоза медиҳад. Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар моҳи марти соли равон ба хотири мубориза бо коронавирус сафари зоирони дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷойҳои муқаддасро маҳдуд карда буд. Хабаргузории расмии Саудӣ рӯзи 22 сентябр аз қавли як манбаъ дар Вазорати умури дохилии он кишвар эълон кард, ки бино ба пешниҳоди мақомоти зидахли мубориза бо пандемияи фарогир ва дар посух... Читать дальше...

Ozodi.org 

Рӯҳонӣ: «Амрико на метавонад музокираро бар мо таҳмил кунад ва на ҷангро”

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷмааи кулли СММ  рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки Эрон “абзори чоназании дохилӣ ва интихоботии Амрико нест”. Ӯ гуфт, «Амрико на метавонад музокираро бар мо таҳмил кунад ва на ҷангро”.  Рӯзи 21-уми сентябр ИМА гуфт, ки алайҳи вазорати дифоъ ва дигар сохторҳои дастдошта дар барномаи силоҳҳои ҳастаии Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Рӯҳонӣ гуфт, “зиндагӣ бо таҳрим сахт аст, аммо сахттар аз он зиндагӣ бидуни истиқлол аст”.   Ҳафтае пеш дар посух ба изҳороти Трамп дар бораи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Хостаҳо аз президенти ояндаи Тоҷикистон дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Аз президенти ояндаи Тоҷикистон чӣ мехоҳед? Имрӯз дар Озодӣ Онлайн посухҳо ба ин суолро мебинем ва дар ҳамин бора гап мезанем. Дар воқеъяк видео дар вебсайти мо сабаб шуд, ки корбарони зиёде дарди дил кунанду бигӯянд, ки аз президенти Тоҷикистон чӣ мехоҳанд. Корбаре бо номи «Ноумед» дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, аввалин коре, ки мехоҳад, президент ба анҷом расонад, нобуд кардани коррупсия аст. «Ба мансабхариву мансабфурӯшӣ хотима дода шавад. Аз мансаби раиси ҷамоат, раисони ноҳия ва вилоят... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пеш аз интихоботи ИМА вакилон буҷаи муваққатии ҳукуматро қабул карданд

Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 22-юми сентябр  буҷаи муваққатии ҳукуматро тасдиқ кард, то ки шаш ҳафта пеш аз интихоботи президентии кишвар ҳукумат дар ҳолати масдудшуда боқӣ намонад. Баъди мувофиқаи демократҳо бо Кохи Сафед ва вакилони ҷумҳурихоҳ  овоздиҳӣ барпо шуд ва буҷа бо  раъйи орои 359 овоз ва мухолифати 57 нафар қабул шуд. Раиси маҷлис Ненси Пелосӣ дар як изҳороте гуфт, ки тибқи мувофиқа бо вазири молия Стивен Мнучин, ҳамакнун  аз масдуд шудани  ҳукумат дар остонаи интихобот ва дар марҳилаи хатми соли молӣ пешгирӣ мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Маросими пинҳонии савгандёдкунии президент Лукашенко дар Минск

Дар шаҳри Минск ғайримунтазира маросими шашуми савгандёдкунии президент Александр Лукашенко баргузор шуд, дар ҳоле, ки дар Беларус эътирозҳо аз тақаллуб шудани натиҷаҳои интихобот хотима наёфтаанд. Хабаргузории давлатии БелТА гузориш дод, ки дар маросими савгандёдкунӣ “чандсад мақомдори баландпоя” даъват шуданд. Омори воқеӣ маълум нест. БелТА навишт, ки Лукашенко дасти росташро болои конститутсияи Беларус гузошта қасам ёд карду зераш имзо гузошт. Дар идомаи хабар омадааст, ки баъди ин раиси комиссиюни... Читать дальше...

Ozodi.org 

Абдулло: Бархе Толибони озодшуда аз зиндон дубора даст ба хушунат мезананд

Раҳбари гурӯҳи музокиротии ҳукумати Афғонистон гуфт, шуморе  аз Толибон, ки дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ аз зиндонҳо озод шуданд, дубора ба майдони ҷанг баргаштанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки ҷараёни музокира бо Толибон дар Қатар аз замони оғозаш дар таърихи 12-уми сентябр хуб мегузарад, ҳарчанд, тибқи гузоришҳо, ҳарду ҷониб аз дастёбӣ ба созиш ҳанӯз дур ҳастанд. Вале, ба гуфтаи Абдулло,  аз миёни 5 ҳазор Толибони зиндонӣ, ки дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ озод шуданд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар ИМА шумори фавтидаҳо бар асари COVID-19 аз 200 ҳазор нафар гузашт

Дар ИМА шумори фавтидаҳо бар асари коронавирус аз хатти рекордии нави 200 ҳазор нафар гузашт. Дар миёни кишварҳои дигари шадидан осебдида аз вируси нав Мексика ва Бразилия ҳам ёд мешаванд. Ҷенифер Нуззо, як муҳаққиқи донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ин оморро “ғайриқобили дарк” номид, дар ҳоле, ки сироятшиноси аршади ҳукуматӣ Энтони Фаучи гуфт, ки ин омор “ҳушёркунанда” аст. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ИМА тахминан 800 нафар бар асари коронавирус ҷон медиҳанд. Ин омор назар ба миёнаҳои апрел, ки рӯзона тахминан 2800 нафар буд... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Зорро", "вазири маҳбасҳо" ва "империя"-и ӯ. Дар бораи Иззатулло Шарифзода чӣ медонем?​​​​​​​

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Генерал Иззатулло Шарифзода, ки бо тахаллуси "Зорро" дар ҷомеаи имрӯзи мо шинохт дорад, як нафари пурсару садои бисту чанд соли ахири Тоҷикистон аст. Ӯ замоне номдор шуд, ки аз соли 1997 то 2005 сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе таъин гардид. Давраи душворе буд, ки як қисмати пойтахтро қумондонҳои ҳукуматӣ дар “итоати худ” қарор медоданд, бахши дигарро қумандонҳои мухолифин. Вазъият пас аз сӯиқасд ба ҷони... Читать дальше...

Ozodi.org 

Навалний аз беморхона рухсат шуд

Мунаққиди Кремл Алексей Навалний аз беморхонаи Олмон рухсат шуд. Ӯ баъди як заҳролудшавӣ дар парвози ҳавопаймое дар Сибир моҳи август ба Олмон барои муолиҷа бурда шуд ва давоми 32 рӯз таҳти муроқибати тиббии табибон қарор дошт. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки натиҷаҳои санҷиши тестҳо дар Олмон, Фаронса ва Шведсия муайян кард, ки Навалний аз заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Ғарб аз Русия шарҳи ин қазияро тақозо кард, вале Маскав гуфт, ки бино ба нокофӣ будани далелҳо ин ҳодиса тафтиш намешавад. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Ru24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Ru24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Ru24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

В Госдуме предупредили о конфликте элит при объединении регионов

Отделения МФЦ в Люберцах 1 и 9 мая работать не будут

Подмосковных предпринимателей приглашают на бизнес-миссию в Монголию

Баскетбольный клуб Подмосковья поборется за третье место в Суперлиге

Музыкальные новости

В России открылись пункты оценки для участников отбора на программу «Время героев»

Концерт «Юрий Башмет, Константин Хабенский, ансамбль «Солисты Москвы». К. Сен-Санс «Карнавал животных»

Алсу ире белән аерылышканмы?

Путин заявил о необходимости развития БАМ

Новости России

В Москве хотят создать рейтинг архитектурных компаний

В Косино-Ухтомском планируют построить физкультурно-оздоровительный комплекс

В Алтайском крае мужчина убил свою мать ножом после ссоры из-за спиртного

Баскетбольный клуб Подмосковья поборется за третье место в Суперлиге

Экология в России и мире

Туроператоры назвали направления, куда россияне поедут отдыхать на майские праздники: некоторые страны удивили

Публичная и тайная жизнь одного из самых ярких российских адвокатов XIX века в новом историческом детективе “Плевако”

Хеликс запускает лайт-формат сервиса Helix Express для сдачи анализов в Тамбове

Финалист шоу “Голос” Сергей АРУТЮНОВ прямо при выезде со своего сольного концерта в Кремле cлучайно сбил девушку. А ей оказалась солистка группы Демо.

Спорт в России и мире

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде

П’ять українок отримали суперниць в основі турніру WTA 1000 в Мадриді: результат жеребкування

Легенда тенниса рассказал, готов ли он опять стать тренером Джоковича

«Не хочется ни от кого зависеть». Елена Рыбакина поставила новую цель

Moscow.media

Финалист шоу “Голос” Сергей АРУТЮНОВ прямо при выезде со своего сольного концерта в Кремле cлучайно сбил девушку. А ей оказалась солистка группы Демо.

На флоте бабочек не ловят

Дороги к отдаленным селам Новосибирской области отремонтируют по БКД

MONT и «Инновационные Технологии в Бизнесе» помогут усилить киберзащиту заказчиков











Топ новостей на этот час

Rss.plus






В Косино-Ухтомском планируют построить физкультурно-оздоровительный комплекс

Баскетбольный клуб Подмосковья поборется за третье место в Суперлиге

Подмосковных предпринимателей приглашают на бизнес-миссию в Монголию

В Госдуме предупредили о конфликте элит при объединении регионов