То чаҳор моҳи дигар иҷрои Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ба поён мерасад. Яке аз ҳадафҳои муҳими он ҷалби ҷавонон ба таҳияву татбиқи сиёсатҳои давлатӣ хонда шудааст. Дар барномаи Гапи Озод дар ин бора суҳбат мекунем, ки оё ҳамин стратегия ба ҳадафҳояш расид. Барнома бо Скайп сабт шудааст.
То чаҳор моҳи дигар иҷрои як стратегияи муҳими Тоҷикистон ва он ҳам стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ба поён мерасад. Санади мазкурро 9 сол пеш ҳукумат бо ҳадафи фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву кори ҷавонон ва ҷалби онҳо ба барномаҳои муҳими давлатӣ қабул карданд.
Дар навоҳии вилояти Лебапи Туркманистон парвариш ва истеҳсоли тамоку афзоиш меёбад. Шоҳидон мегӯянд, дар робита ба ин фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тамоку низ афзудааст. "Сокинон дар ҳавлиҳояшон тамоку мепарваранд. Метавон гуфт, ки хоҷагиҳои тамокупарвар ташкил шудааст. Маҳсулоти парваришгарон хеле арзон аст",-гуфт як сокини маҳаллӣ. Ин дар ҳолест, ки мақомот талош мекунанд, садди роҳи парвариши тамоку шаванд. Мақомот сокинонеро муҷозот мекунанд, ки дар ҳавлиҳояшон тамоку парвариш мекунанд. ... Читать дальше...
Нашрияи олмонии Die Zeit бо истинод ба манбаи худ навиштааст, ки мухолифи рус Алексей Навалний бо охирин навъи маводи заҳролудкунанда заҳролуд шудааст. Ин мавод оҳиста таъсир карда, аммо назар ба "Новичок" хатарноктар аст. Ба назари рӯзноманигорон, коркарди ин навъи заҳр танҳо дар озмоишгоҳҳои хадамоти махсус имкон дорад. Бинобар ин, гуфта мешавад, амалиётҳоро бо истифода аз маводи мазкур танҳо Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ анҷом дода метавонад. Бино ба навиштаи Die Zeit, мақомоти Олмон мегӯянд... Читать дальше...
Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) ин бор низ баҳси додгоҳиро ба нафъи Ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" бохт. Ҳизб дубора ҳаққи иштирок дар интихоботи порлумонии ин кишварро дарёфт кард. Додгоҳи шаҳри Бишкек 9 сентябр шикояти "Бутун Қирғизистон"-ро зидди КМИР баррасӣ карда, онро қонеъ кард. Ба гуфтаи додрас, қарори маҳрумшавии ҳизб аз иштирок дар интихобот ғайриқонунӣ буд. Ин бори дувум аст, ки "Бутун Қирғизистон" КМИР-ро ба додгоҳ кашида, дар баҳсҳо пирӯз мешавад. Читать дальше...
Дастаи “Зебонисо”-и Душанбе, ки дар бозии охирини Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии кишвар гардид. Бозии марказии даври ҳаждаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи чоршанбе, 9-уми сентябр, дар шаҳри “Бохтар “ миёни «Хатлон» ва «Зебонисо» сурат гирифт. Барои ғолиб шудан дар қаҳрамонии кишвар футболбоздухтарони «Хатлон»-ро дар ин бозӣ натиҷаи мусовӣ комилан қаноатманд мекард. Ба «Зебонисо» бошад, барои... Читать дальше...
Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ба сабаби гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба ватан баргашта наметавонанд.