Боло рафтани қимати гӯшти гов дар Тоҷикистон, мардуми камбизоатро бахусус дар ноҳияҳои ҷанубӣ аз истеъмоли ин маводи ғизоии муҳим барои рушду инкишофи инсон маҳрум кардааст.
Дар ҳоле, ки бархе маъюбон аз кам будани ҳаққи нафақа, саргардониҳо барои гирифтани он шикоят мекунанд, мақомот аз қатъи нафақаи маъюбии ҳазорон нафар хабар медиҳанд.
Дирӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни футболбозони то16-сола оғоз гардид
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар як тамоси телефонӣ Борис Ҷонсонро барои интихоб шудан ба мақоми нахуствазири Бритониё табрик гуфтааст. Ҳарду раҳбар ҳамчунин дар бораи боздошти киштии бритониёӣ аз тарафи Эрон сӯҳбат кардаанд. Дар ин бора худи Доналд Трамп рӯзи 26-уми июл дар Кохи Сафед хабар дод. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, “Ман ӯро табрик гуфтам ва ӯ барои кор омода аст.” Дар баёнияи Бритониё омадааст, ки раҳбарони Амрикову Бритониё танишҳо бо Эронро баррасӣ карда ва гуфтаанд, ки зарур аст, ду тараф дар ин замина ҳамкорӣ кунанд. Читать дальше...
Фармондеҳи пулиси Руминияро барои саҳлангорӣ дар қазияи таҷовузи ҷинсии як духтари 15-сола дар шаҳри Каракал аз мақомаш барканор карданд. Никола Мога, вазири умури дохилии Руминия рӯзи 26-уми июл гуфт, Иоан Буда ва ду афсари баландпояи дигарро барои кори сусти пулис дар пайдо кардани духтар аз кор ронданд. Иоан Буда аз моҳи июни соли 2018 фармондеҳи пулиси Руминия буд. Ба гуфтаи маркази қабули муроҷиатҳо, духтараки 15-сола се дафъа ба онҳо се дафъа муроҷиат кардааст, вале маъмурони пулис фақат баъди 19 соат ӯро пайдо кардаанд. Читать дальше...
Созмони Милал мегӯяд, кишварҳои ҷаҳон сигоркаширо мушкил ва гарон кардаанд, вале ба онҳое, мехоҳанд, тарки ин одат кунанд, бояд кӯмак расонанд. Тедрос Адҳаном, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 26-уми июл бо нашри як баёния гуфт, “Тарки тамоку яке аз беҳтарин корест, ки фарде барои сиҳатии худаш мекунад.” Истифодаи тамоку дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон камтар шудааст, вале афзоиши аҳолӣ шумораи онҳоро ҳамчунон зиёд нигаҳ медорад. Тақрибан 80 дар сади бештар аз 1 миллиард аҳолии тамокукаш дар ҷаҳон... Читать дальше...
Ҷамила Афғонӣ, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Афғонистон дар ҳар гуна муомила ва ё созиши сулҳ бо Толибон бояд иродаву садои занони кишварашро ба инобат бигиранд. Ӯ рӯзи 26-уми июл аз тариқи иртиботи видеоӣ дар як нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт: “Занони афғон бояд дар қабули қарорҳое, ки ба онҳо таъсир мегузоранд, нақши бармало дошта бошанд.” Ӯ аз Шӯрои Амният хост, тазмин бидиҳад, ки занони афғон аз табақаву манотиқи гуногун дар музокироти сулҳ, аз ҷумла ба ҳайси музокиракунанда бо рӯҳониёни афғон ширкат кунанд. Читать дальше...
Мақомоти интизомии Русия тақрибан 260 тазоҳургарро дастгир карданд, ки мехостанд, дар раҳпаймоии беиҷоза дар шаҳри Маскав ширкат варзанд. Дар ин бора ОВД инфо як созмони ғайриҳукуматие хабар дод, ки доир ба боздоштшудагон дар раҳпаймоиҳо дар Русия иттилоъ ҷамъ меорад. Эътирози мардум аз қарори мақомоти Русия аст, ки ба чанде аз намояндагони мухолифини давлат иҷоза надоданд, дар интихоботи Мосгордума, ё маҷлиси шаҳри Маскав ширкат кунанд. Интихобот моҳи сентябри имсол баргузор мешавад. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд... Читать дальше...
Мақомоти расмӣ мегӯянд, сабаби аслии гаронии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон баланд будани нархи сӯзишворӣ мебошад.
Чанд сол аст, сокинони деҳаи Қалъаи Малик дуди ғализи корхонаеро нафас мегиранд, ки соли 2015 ба кор шурӯъ кард. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳақ надорад, онро тафтиш кунад, зеро як қарори ҳукумат ба онҳо иҷозаи тафтишро намедиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими наврасони Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.
Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон идомаи талошҳо барои таъйин ва аломатгузории марз ва ором кардани сокинони деҳоти наздимарзтиро дар мулоқоте дар Иссиқкӯл баррасӣ кардаанд.