Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Июль
2019

Новости за 21.07.2019

Ozodi.org 

Раҳпаймоии эътирозии ҳазорон нафар дар Маскав

Рӯзи 20-уми июл ҳазорон нафар дар шаҳри Маскав бо талаби баргузории интихоботи озоду одилона раҳпаймоӣ карданд. Роҳ надодани чанд номзади мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳри Маскав сабаби норизоятии мардум ва ҳаракатҳои эътирозӣ шуд. Рӯзи шанбе ҳазорон нафар бо раҳпаймоӣ дар маркази Маскав аз мақомот хостанд, ки иҷоза бидиҳанд, то номзадҳои мухолифин дар интихоботи моҳи сентябр ширкат кунанд. Як созмони ғайриҳукуматӣ гуфт, тазоҳургарон 20 ҳазор нафар буданд, аммо пулис гуфт, дар раҳпаймоӣ фақат 12 ҳазор нафар ширкат доштаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Зани маргталаб 6 нафарро дар Покистон кушт

Ҷангҷӯён бо ҳамла дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ 8 нафарро куштаанд. Ба гуфтаи пулис, ҷанҷгӯён аввал ба идораи пулис ҳамла кардаанд ва ҳангоми интиқоли маҷрӯҳон, даромадгоҳи шифохонаро таркондаанд. Чаҳор афсари пулис дар байни қурбониён ҳастанд ва 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Салим Риёз, сардори идораи пулиси ноҳияи Котли Саёдон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҷӯёни мотосиклсавор аввал бо тирандозӣ ба  як посгоҳи ноҳия ду маъмури пулисро куштанд ва сипас як зани маргталаб худро дар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон гуфт, маллоҳони нафткаши бритониёӣ сиҳату саломатанд

Мақомоти Эрон гуфтанд, рӯзи 21-уми июл гуфтанд, 23 маллоҳи нафткаши боздоштшудаи Бритониё “амн ва саломатанд”. Дар ин бора Аллоҳмурод Афифипур, мудири Созмони Бандарҳо ва Дарёнавардӣ дар вилояти Ҳурмузгон бо телевизиони давлатии Эрон сухан гуфт. Айни замон Бритониё дигарбора амалкарди Эронро танқид кард ва гуфт, ки нафткаш дар қаламравҳои обии Баҳрайн қонунӣ ҳаракат мекард. Мақомоти ин кишвар боздошти киштиро “амалкарди хасмона” номида гуфтанд, иддаои Эрон, ки нафткаш ба як қаиқи моҳигирии эронӣ бархӯрдааст, асосе надорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Украина порлумони нав интихоб мекунанд

Дар Украина интихоботи порлумонӣ идома дорад, ки метавонад, нишондиҳандаи сатҳи обрӯву эътибори раиси ҷумҳури нав Володимир Зеленский бошад. Ӯ ду моҳ пеш дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шуд ва порлумонро пароканда кард. Мушкилоти мудавоми иқтисодӣ, ришвахории густурда ва ҷанг бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина, мардумро аз сиёсатмадорони пешина дилсард кард, ки Володимир Зеленскийи ҳунарпеша ва дур аз сиёсатро раиси ҷумҳур баргузинанд. Ҳоло суол ин аст, ки оё... Читать дальше...

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд - видео

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми қаҳрамонии байниминтақавӣ – “Hero Interсontinental Cup 2019”, ки 19 июл дар Аҳмадободи Ҳиндустон ба анҷом расид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд

Ozodi.org 

Домоди раиси ҷумҳури Узбекистонро ҷарима карданд

Идораи бозрасии давлатии Тошканд домоди раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёевро барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ ҷарима кардааст. Отабек Умаров, домоди хурдии раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 20-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграм дар ин бора хабар дод. Ӯ шавҳари Шаҳноза духтари хурдии Шавкат Мирзиёев аст. Дар санади пардохти ҷарима дида мешавад, ки ӯ барои ҳаракат бо суръати баланд 1 824 570 сум  (андаке бештар аз 200 доллар) ҷарима пардохтааст. Отабек Умаровро баъд аз он ҷарима карданд, ки рӯзи 19-уми... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бештар шудани даъво сари хонаҳои ҷанҷолии соли 1992

Як зани рустабор, ки замони ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк кардааст, баъд аз 26 сол ба Душанбе баргашта мехоҳад, хонаашро бозпас бигирад. Татяна Ореховаи 66-сола мегӯяд, баъди бозгашт ба хонааш дар хиёбони Асадулло Ғуломов рафт ва дарҳои онро баста ёфт.




Ozodi.org 

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?

Дӯстони азиз, додарам Беҳрӯзҷон Ғаффоров аз Қазоқистон ба сӯи Маскав рафт, вале чандин рӯз боз бедарак аст. Ба мо кумак кунед, то ӯро ёбем. Агар ҳар касе ӯро дидааст, ё дар куҷо буданашро медонад, лутфан, ба воситаи ин шумора +77081626800 (Ватсап ва ИМО) хабардор кунад. Ташаккур. Рамазон Ғаффоров


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus